
Тавре аз ин ташкилот ба Озодагон иттилоъ доданд, ба ҳисоби миёна нархи як кило биринҷ дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт 10 сомонӣ мебошад, ки ин нишондод дар бозори «Бӯка» 3 сомонию 13 дирамро ташкил медиҳад: “Аз ҳама нархи арзони биринҷ дар бозори «Бекобод» ҳамсарҳад бо Зафаробод (Ӯзбакистон) мушоҳида карда шуд, ки дар он ҷо як кило биринҷ ба нархи 3 сомонию 31 дирам ба фурӯш гузошта шудааст.
Дар бозори марказии шаҳри Хоруғ ва бозори «Сух»-и ҳамсарҳад бо Исфара (Қирғизистон) як кило биринҷ ба нархи 8 сомонӣ мебошад”.
Нархи биринҷ дар бозори марказии шаҳри Кӯлоб ва бозори марказии ноҳияи Рашт бошад, 6 сомонӣ арзиш дорад. Дар бозорҳои марказии шаҳри Истаравшану Хуҷанд нархи як кило биринҷ 6 сомонию 50 дирам ба фурӯш гузошта шудааст
Мӯҳр