Президенти Афғонистон сиёсати Исроилро маҳкум кард
Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон нахустин бор дар мавриди муноқишаҳои Фаластину Исроил ба таври расмӣ ибрози назар намуд.
Бино ба гузориши хабаргузории “Кукча”-и Афғонистон, оқои Карзай аснои суханрониаш дар нишасти сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Қоҳира бунёди шаҳракҳи яҳудинишин дар заминҳои фаластиниро маҳкум намуда, онро азбайнбарандаи сулҳ дар минтақа унвон намудааст.
Номбурда дар идома афзуда, ки хушунатҳои ношӣ аз терроризм, бӯҳрону нооромиҳо дар бархе аз кишваршҳои исломӣ ва машаққати мардуми Фаластин яке аз мушкилоти аслии ҷаҳони Ислом ба шумор меравад.
Маврид ба тазаккур аст, ки давлати Афғонистон дар давои 10-соли гузашта чунин як вокуниши расмие алайҳи иқдомоти Исроил нанамуда, ҳатто дар ҷанги Ғазза низ аксуламале аз худ нишон надода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |