Сенарияҳои пешниҳод намудаи масъулин якранг буда, тозакориҳо дар эҷодкорӣ дида намешавад, ки ин ба завқи баланди мардум созгор нест.
Дар ин бора райиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни суханрониаш дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба таҷлили ҷашни 20-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд иброз дошт. Номбурда ин ҷашнро иди бузурги давлатӣ ва миллии мардуми кишвар арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки бояд дар сатҳи баланду хотирмон ва бо рӯҳияи баланд таҷлил шудани он на танҳо масъулини мақомоти давлатӣ, балки кулли мардуми вилоят бо ифтихори баланди меҳанпарастӣ ва миллӣ саҳми арзанда гузоранд.
Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии райиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Қоҳир Расулзода оиди ҷараёни бунёди иншооти ҷашнӣ, аз қабили ҳавзи шиноварӣ, хиёбони Исмоили Сомонӣ бо фаввораҳояш, Кохи матбуот дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллии «Хистеварз», маркази саломатӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, маҷмааи истироҳатӣ ва фароғатии Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов, корхонаи коркарди «Баракати Исфара», корхонаи коркарди мева дар КМ «Оби Зулол»-и шаҳри Истаравшан ва ғайраҳо аз масъулин суол карда, ҷиҳати бо сифати баланд супоридани онҳо дастуру супоришҳо дод.
Райиси вилоят ба шеваи баргузории чорабиниҳои ҷашнӣ дар Суғд ишора карда гуфт, чорабиниҳо бояд дар сатҳи баланди маънавӣ ва маърифатӣ доир гарданд, аммо сенарияҳои пешниҳод намудаи масъулин якранг буда, тозакориҳо дар эҷодкорӣ дида намешавад, ки ин ба завқи баланди мардум созгор нест. {jathumbnail off}
Мӯҳр