Раиси ҲНИТ ба ин назар аст, ки агар дар Тоҷикистон интихобот воқеъан ҳам шаффофу демократӣ баргузор шавад, ҳеч як номзад ба курсии президентӣ аксари орои мардумро ба даст оварда наметавонад ва интихобот ба даври дуввум меравад…
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ташкилоти сиёсӣ, ки рӯзи шанбеи гузашта барои аввалин бор дар соли равон бо ҷавонон мулоқот дошт, дар ин бора изҳор дошт. Оқои Кабирӣ дар тақвияти фикраш гуфт: «Шояд интихобот ба даври дуюм кашида шавад ва номзадҳои дигар дар атрофи ин ё он номзад ҷамъ гардида, дар ниҳоят номзаде пирӯз гардад».
Маврид ба тазаккур аст, ки мулоқоти раиси ҲНИТ дар ҳоле сурат мегирифт, ки Саркумитаи Маҷлиси намояндагон як рӯз қабл, пешниҳоди ироашудаи Кумитаи эътилофро дар мавриди даровардани тағйиру ислоҳот ба қонун «Дар бораи интихоботи президентӣ» рад кард. Ҳарчанд ҷаноби Кабирӣ намехост пурсишҳо дар бораи маъракаи интихоботӣ буда бошанд, аммо оҳанги сӯҳбату муколамаи ҳозирин ба интихобот бармегашт. Ба қавли раиси ҲНИТ, ӯ то интихобот ҳудуди даҳ моҳи дигар боқӣ монда, ҳанӯз дар бораи он ва ширкат дар интихобот барвақт аст.
Ба ҳар ҳол, Кабирӣ ишораҳое ба интихобот дошт ва ба ин барвақтӣ оғоз гардидани сӯҳбатҳоро атрофи он иброз дошт. Ба гуфти ӯ, дар як муддати хело ҳам дароз, дар ҳафт сол як маротиба баргузор гардидани интихоботи президентӣ, мардумро таҳрик додааст, ки барвақттар дар ин бора сӯҳбат кунанд ва иддае аз онҳо хаста шудаанд аз шунидани шиорҳову шиорпартоӣ.
Раиси ҲНИТ дар посух ба суоли ин ки оё ҳизбаш дар интихобот ширкат хоҳад кард ё, на ва агар ширкат кунад, номзади он кӣ хоҳад буд, ба мисли посухҳои қаблияш гуфт: «ҲНИТ дар ин интихобот ҳатман ширкат хоҳад кард ва мо ҳанӯз тасмим нагирифтаем, ки бо номзади худ меравем, ё яке аз номзадҳои матраҳро пуштибонӣ хоҳем кард. Оне ки ҳизб хеле фаъолона ширкат мекунад, инаш рӯшан аст ва ҳатто гуфта будем, ки агар пешниҳоди ҲНИТ дар бораи тағйири қонуни интихоботи президент дар парлумон ҳам ҷонибдорӣ наёбад, ин ба маънои байкоти интихобот нахоҳад буд».
Ба назари Кабирӣ, барои ҲНИТ пирӯзӣ дар интихобот на, балки пирӯзии андешаву назария муҳим буда, интихоботро як василае барои расидан ба он унвон мекунад. «Мо интихоботро ҳадаф намешуморем, интихобот яке аз василаҳо аст, ҳатто наметавон онро василаи асосӣ номид. Василаи асосӣ ин иртибот бо мардум аст. Интихобот ҳам як василаи хуберо барои иртибот бо мардум фароҳам месозад. Агар дар натиҷаи интихобот номзади мо пирӯз шуд, бисёр хуб. Вале агар номзади мо пирӯз нашуду андешаҳои мо пирӯз гардид, ин боз беҳтар. Зеро шарт дар интихобот танҳо пирӯз шудани як нафар нест ва барои ҳамин ҳам ҲНИТ дар он қолабе, ки эълон карда буд, мо гуфтем, ки барои мо муҳимтар андешаҳои мо аст. Агар ҳар номзаде новобаста аз ҳизбияташ аз ҳизби халқӣ-демократӣ шурӯъ карда то сотсиал-демократ андешаҳои моро дар барномаҳояш ворид кунад ва кафолат диҳад, ки ин арзишҳо дар ҷомеа амалӣ мешаванд, ҳизби наҳзат аз он пуштибонӣ хоҳад кард».
Инсон фаромӯш шудааст…Раиси ҲНИТ мегӯяд, имрӯз дар ҷомеаи мо мутаассифона, инсон фаромӯш гардида, ба ҷои он ки давлату хукумат дар хидмати инсон бошанд, баръакс шуда истодааст.
«Мо мутаассифона, оҳиста-оҳиста фаромӯш карда истодаем, ки меҳвари ин ҳама давлату кишвар, ҳукумату парлумон ва аҳзоб инсон бояд бошад ва ҳамаи ин сохторҳо бояд дар хидмати инсон қарор дошта бошанд. Раванди сиёсати Осиёи Марказӣ ҳам батадриҷ ин гуна шуда, ки инсон дар хидмати ин сохторҳо қарор гирифта истодааст. Вақте мегӯянд, муқаддасоти миллию давлатӣ, ҳама чиро эълон мекунанд ба ҷуз каромати инсонӣ. Дуруст аст, ки яке аз муқаддасот парчаму гимн, ватан ва ин хоку об аст, вале муқаддастарин махлуқи Худованд инсон аст, ки фаромӯш шудааст».
Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб
Мӯҳр