Дар ҳоле, ки масъулини як Хадамоти назорати давлатӣ худ ҳатулкору бемасъулиятанд, кӣ дигар пуштибони саломатии мардум мешуда бошад? Шояд дар Вазорати тандурустӣ ба ин савол ҷавоб медиҳанд…
Маҳбуба Шарипова, сардухтури беморхонаи чашми шаҳри Кӯлоб мегӯяд, кормандони ташкилоти байнулмилаллии ҲОУП аз нав таъин шудани ман ба ҳайси сардухтур истифода бурда, нимаи дуюми соли гузашта, миқдори бузурги ду намуди дору- «Лумиган» ва «Думаксит»-ро ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар ба таври ройгон, ба беморхонаи мо додаанд: «Дар беморхона бошад, мо наметавонистем, ин миқдор дорувориро барои беморон тақсим намоем. Барои он ки дору зиёд буду шумораи беморони истифодабарандаи ин навъи дору кам. Миқдори зиёди дору дар анбори беморхона боқӣ монда буд. Ният доштем барои безарар ва нобуд сохтани доруи боқимонда, ба Хадамоти назорати давлатии фарматсевтӣ муроҷиат намоем. Аввали моҳи декабр кормандони ин муассиса ба беморхона барои санҷиш омаданд ва мо низ дар ин маврид ба онҳо маълумот додем. Вале, кормандони Хадамоти фарматсевтӣ гӯё ин камбудӣ ва бемасъулиятиро ошкор карда бошанд, аз фурсати муносиб истифода бурда, сардухтурро ба маблағи 2 ҳазор сомонӣ ҷарима бастанд».
Ба андешаи сардухтур Шарипова, кормандони ин муассисаи давлатӣ низ аз нав таъин шудани бону ба вазифаи сардухтур моҳирона истифода бурдаанд. Вагарна, гунаҳкори ин кашмакашҳо ташкилоти ҲОУП мебошад, ки танҳо барои камтар аз ним сол миқдори калони дорувориро ба ин беморхона додааст.
Хонум Шарипова мегӯяд, аз санҷиш ва хулосаи бемасъулонаи кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ ба Раёсати тандурустии минтақа ва вазорати тандурустӣ шикоят бурдааст, вале то ҳол он ҳал нагаштааст: «Барои ҳақиқату адолатро барқарор кардан, маҷбур мешавам ба суд аризаи шикояӣ нависам».
Бояд гуфт, фаъолияти намояндагии ин муассисаи давлатӣ дар шаҳру навоҳии Кӯлоб, дар гузашта сокинон низ изҳори норозигӣ мекарданд. Барои нахустин маротиба аст, ки масъули соҳаи тандурустӣ, сардухтури беморхона аз рафтори кормандони Хадамот садо баланд мекунад.
Ба гуфти сардухтур, шояд ба хотири иҷрои нақша ва ё нишон додан аз фаъолияти кориашон, кормандони Хадамоти фарматсевтӣ дигар ба далелу сафедкунии кормандони беморхона эътибор надода, санаду ҷаримаситонӣ кардаанд. Шарипова афзуд, «шахсан, ба такрор мегӯям, ки дар мавриди гузаштани мӯҳлати истифодаи дорувории номбаршуда муттаҳам нестам ва низ баъди мӯҳлати аз истифодабарӣ берун гаштани он, аз ин доруворӣ барои беморон ҷудо накардаем ва онро дар анбор нигаҳ медоштем. Аммо, намояндагони Хадамот ба ҳарфҳои мо гӯш намедоданд».
Сардори Хадамоти фарматсевтӣ бо журналистон вохӯрдан намехоҳад Дар нишасти матбуотӣ, Мирзоалӣ Миралиев, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб аз фаъолияти бади Хадамоти фарматсевтӣ изҳори ақида намуда, қайд кард, ки ин сохтор дар ихтиёри Раёсат нест. Аз ин хотир, фаъолияти он низ барои Раёсати тандурустӣ норӯшан аст: «Мисоли оддӣ ин аст, ки ба даъвати мо барои ширкат дар нишастҳои матбуотӣ сардори Хадамот -Одина Шарипов иштирок кардан намехоҳад ва ягон намояндаашро мефиристонад, ки мутаассифона масъули посухгӯ ба пурсишҳо нест».
Воқеъан, Одина Шарипов, сардори ин Хадамот хоҳиши бо журналистон вохӯрдан надорад. Чаҳор маротиба журналистони ҳафтаномаҳои «Озодагон» ва «Точикистон» барои рӯшанӣ андохтан ба шикоёти сокинон ба ин даргоҳ омаданд, вале мутаассифона на сардор ва на ходимони ин муассисаро пайдо карда натавонистанд.
Маълумоти дурӯғ ба хотири «галочка» Як намояндаи Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ дар мавриди ошкор ва нобуд намудани дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта, дар нишасти матбуотӣ гуфт, «дар ҳамаи шаҳру навоҳии минтақа соли гузашта 18074 адад кулчадоруи 18 намуди доруворӣ дарёфт гардида, моҳи декабр тариқи сӯзондан нобуд гардонда шуд».
Ба гуфтаи ҳамин масъул, дар амалиёти нобуд сохтани доруворӣ намояндагони ВАО ҳузур доштаанд. Аммо Назирмад Сафаров, журналисти телевизиони вилояти Хатлон гуфт, дар ин амалиёт аз ВАО танҳо намояндаи ҳамин телевизион иштирок дошту бас. «Дар амалиёти мазкур ҳарчанд доруворӣ сӯзонда шуда буд, вале ба миқдори хеле кам. Ба ҳар ҳол, чоряки эълонкардаи ин намоянда набуд».
Дар Кӯлоб дорувории бесертификат нестБа гуфтаи коршиносон ва сокинони шаҳру навоҳӣ дорувории мӯҳлати истифодаашон гузашта ва бесертификат тақрибан дар ҳамаи дорухонаҳои навоҳӣ зиёд аст. Аз фаъолияти Хадамоти назорати давлатӣ бошад, сокинон хабар надоранд. Намояндаи Хадамот бошад, дар мавриди чӣ миқдор доруи бесертификат ошкор намудани ин муассиса, чизе гуфтан натавонист.
Чизи дигари ҷолиб он аст, ки ба иттилои ӯ, дар соли гузашта аз ҷониби кормандони ин Хадамот ҳамагӣ 14 ҳолати дорухат, ё ба истилоҳ ретсепти бемӯҳри табибон ошкор гаштааст. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мутахассисон, ин гуна ретсептҳои бемӯҳр аз асилашон даҳҳо маротиба зиёданд. Мирзоалӣ Миралиев низ таъкид аз он намуд, ки 14 ҳолати ошкоргардонии намояндагони Хадамоти фарматсевтӣ дарак аз камфаъолиятии ходимони он мекунад. «Ретсептҳои бемӯҳр хеле зиёданд ва Хадамоти назорати давлатии фарматсевтиро зарур аст, сари ин мушкил ҷиддитар андеша намоянд».
Масъуле, ки аз масъулияташ бехабар аст Сардори ҳамин Хадамот- Одина Шарипов дар як сӯҳбати пешин гуфта буд, ки дар аксари ретсептҳое, ки аз ҷониби духтурони чӣ беморхонаҳо ва чӣ марказҳову дармонгоҳҳо барои шахси бемор менависанд, ҳатман 2 ва дар баъзе маврид 3-4 намуди як доруворӣ, вале бо номи гуногун, ки таъсирашон баробар мебошад, пешниҳод карда мешавад: «Ҳол он ки таъсири ҳамаи ин доруҳо тақрибан якгуна аст».
Аммо, ба қавли мутахассис, дар ин маврид шахси бемор ба ҳангоми қабули якчанд дорувории якхела, аммо бо номи дигар, на танҳо шифо намеёбад, ки ҳатто мумкин аст дубора касал шавад. Суол ин аст, ки чаро табибон дидаву дониста барои бемор як доруро бо номгӯи гуногун пешниҳод мекунанд? Дар ин маврид Шарипов мегӯяд, «дар ҳоли ҳозир ба ҷумҳурӣ доруворӣ аз ширкатҳои гуногуни хориҷӣ дохил мегарданд. Маълум аст, ки ба савдо рафтани он низ дар пайи рақобат, мушкилтар мегардад.
Дар ҳамин ҳол, намояндагони ширкатҳои доруистеҳсолкунанда, ё доруфурӯши хориҷӣ бо духтурони маҳаллӣ забон ёфта, шартнома мебанданд. Яъне, ҳароина бо зиёд ба савдо рафтани маҳсулоти дорувории кадом ширкате, духтурони маҳаллие, ки ретсепт навиштаву пешниҳоди беморон кардаанд, чанд фоизе аз маблағи савдо «ҳаққи хизмат» мегиранд.
Ҳангоми сӯҳбат, сардори намояндагии Хадамоти фарматсевтӣ барои мо беш аз 10 ретсепти аз дорухонаҳои шаҳри Кӯлоб мусодирашударо нишон дод, ки (ҳарчанд мо намедонистем, ки кадом дору чӣ қобилият дорад) ба гуфтаи ӯ, дар ҳар кадоме аз 2 то 4 номгӯи дорувории якхела навишта шуда будааст: «Ин гуна ҳолат дар ҳамаи беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳои шаҳру навоҳӣ зиёд ба мушоҳида расидааст».
Воқеъан, инро касе мегуфт, ки масъули пешгирӣ аз чунин амалҳои номатлуб буда, гузашта аз ин, вазифаи давлативу ҷониаш кашфу ба муҷозот кашидани нафарони ҳатулкор аст.
Дар ҳоле, ки масъулини як Хадамоти назорати давлатӣ худ ҳатулкору бемасъулиятанд, кӣ дигар пуштибони саломатии мардум мешуда бошад? Шояд дар Вазорати тандурустӣ ба ин савол ҷавоб медиҳанд?
Аслиддин ДОСТИЕВ
Мӯҳр