Бахшҳо

Ваъдаҳо ва воқеият, ё аз интихобот то интихобот

То интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон даҳ моҳи дигар мондааст. Барои касе пӯшида нест, ки Эмомалӣ Раҳмон яке аз номзадҳои аслӣ дар ин сабқат хоҳад буд. Қонуни асосӣ ба ӯ ин ҳақро додааст, ки барои бори чорум ҳам муддаии олитарин курсии роҳбарӣ дар Тоҷикистон шавад. Аммо суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки ин бор ҷаноби Раҳмон бо чӣ паёме вориди корзори интихоботӣ мешавад? Боз ҳам ваъдаи расидан ба истиқлоли озуқавориву энергетикӣ? Ё чизи дигар…
Мардуми деҳот интизор доштанд, ки баъди Соли нави мелодӣ "барқи шикамсерӣ" мегиранд. Авохири моҳи декабр овозаҳое паҳн шуд, ки шурӯъ аз моҳи январ лимити барқ аз байн бурда мешавад. Аммо гузашти беш аз ду ҳафта бепояву асос будани сару садоҳоро собит кард.
Қабл аз Соли нави мелодӣ аз деҳа бармегаштам. Мусофирони таксие, ки моро ба шаҳр меовард, аз сардиҳову азоби алим шиква мекарданд. Яке мегуфт, бебарқӣ ба ҷонаш задааст ва ҳоло барои он пойтахт меравад, ки билет харида, Русия биравад. Ҳарчанд ба гуфтаи ӯ зимистони он ҷо сахттар аст, аммо барқ дорад. Ин ҳарфҳо алами ҳамроҳи дигарамонро тоза кард. Вай, ки нисбат ба мусофирони дигар бузургсолтар буд, изҳор дошт, чанд рӯз пеш келинаш таваллуд кард ва дар хонаи сарду торик ба саду як мушкил гирифтор аст.

Ба сӯҳбати мо ронанда низ ҳамроҳ шуд. Ба шуниди ӯ, баъди соли нав лимити барқ пурра барҳам дода мешудааст. Вай аз қавли як хешашон, ки корманди давлатӣ будааст, гуфт: "Ба мардум пурра барқ медиҳанд, то дилашон гарм шуда дар интихобот ба Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд". Баъдан, чанд нафари дигар ҳам гуфт, ки овозаҳое ҳаст, ки гӯйё аз оғози соли 2013 маҳдудияти барқ бекор мешавад. Моҳи январ нисф шуд, аммо мардум ҳоло ҳам дар доми лимитанд. Мутаасифона, овозаҳо овоза монданд. Аммо мантиқан, барқу лимит метавонад яке аз авлавиятҳои корзори интихоботии Раҳмон ва тимаш бошад.

Гумон аст, ки президент дар барномаи пешазинтихоботии худ ваъда диҳад, ки "то охирин муҳоҷир ба ватан барнагардад ва ин ҷо соҳиби кор нашавад, ором намегирам". Аммо ба эҳтимоли қавӣ яке аз бахшҳои барнома расидан ба истиқлолияти энержӣ хоҳад буд. Президент дар гузашта низ ҳамеша таъкид кардааст, ки ҳадафи ӯ раҳонидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти озуқаворию энергетикӣ аст.  

Таври маълум, Тоҷикистон дар ҳафт соли ахир ба ҳеч яке аз ин ҳадафҳо нарасид. Аз бунбасти коммуникатсионӣ нараҳидем. Созмонҳои байналмилалӣ моро ҳанӯз ҳам дар феҳрасти кишварҳои фақиру нодор ҷо медиҳанд. Ба болои ин дар рустоҳои кишвар, соле ҳафт моҳ аз дидани барқу гармӣ маҳруманд.
Ногуфта намонад, ки ду масъалаи аввал то ҳадде пешравӣ дошт. Бархе роҳу шоҳроҳҳо бунёд ва таъмиру тармим шуданд. Вазъи зиндагии бархе сокинон бо шарофати заҳмати алими муҳоҷирон каме беҳтар шуд. Аммо сифати хизматрасонӣ дар бахши барқрасонӣ пешрафт накард, ки накард. Баръакс, имсол лимити барқ дар қиёс ба солҳои пеш барвақттар омад ва ҳатто Бадахшон, ки минтақаи "амн" аз лимит буд, ахиран бо меъёр барқ гирифт.

Аз ҳарфи масъулини баландпоя мешавад хулоса кард, ки Тоҷикистон танҳо дар сурати бунёди "Роғун" ба истиқлолияти энергетикӣ мерасад, аммо ин неругоҳ кай бунёд мешавад, барои имрӯз суоли беҷавоб аст. Аз баҳсу ихтилофи назару амали ҳамсояҳо ва вокунишҳои созмонҳои бонуфуз атрофи неругоҳ тахмин задан мумкин аст, ки дар ҳафт соли дигар низ он роҳҳали худро намеёбад. Агар чунин шавад, пас дар интихоботи соли 2020 низ "расидан ба истиқлолияти энержӣ" мавзӯи №1-и муддаиёни курсии №1-и ҳукумати кишвар хоҳад буд.
Дар ҷавоб ба матлабҳои интиқодӣ оид ба мушкили бебарқиҳо бархе масъулин ҳамсоякишвар-Узбакистонро гунаҳкор мекунанд, ки аз системаи воҳиди энергетикӣ хориҷ шуд ва дарёфти барқ аз Туркманистонро барои кишвари мо номумкин гардонд. Ва ҳам яке аз мухолифони сарсахти бунёди "Роғун" Тошканди расмӣ аст. Аммо оё ин вазифаи як давлат ва ҳукумат нест, ки бо чӣ қимате бошад мардумашро аз банди бебарқӣ ва он ҳам дар асри 21 берун кашад?    
Фарз кардем, ба бебарқиҳои мо кишварҳои ҳамсоя гунаҳкоранд, аммо дар самти расидан ба истиқлолияти озуқаворӣ ва раҳойӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ кӣ монеъ шудааст?  

Эмомалӣ Раҳмон вақте соли 2006 дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд, ба тамоми муқаддасот-аз номи поки Худову шири сафеди модараш то "обу хоки муқаддаси ватан" савганд ёд кард, ки "масъулияти тақдири имрӯзу ояндаи давлату миллати тоҷик"-ро ба  дӯш мегирад. Дар ин наздик ба ҳафт сол то куҷо ба қасами худ содиқ буд, ҳар нафар вобаста ба дарку фаҳмиши хеш баҳогузорӣ мекунад.

Дар пеш интихоботи президентӣ моро интизор истодааст ва тибқи мушоҳидаву хулоса ва таҳлилҳои коршиносон, ин корзор бидуни рақобати шадид баргузор мешавад. Дар ҳамин росто, аз гуфтумонҳои пешвоёни ҳаракату аҳзоби сиёсии кишвар метавон хулоса кард, ки эшон чандон ҳаваси вориди майдони сиёсат шуданро надоранд, чӣ расад ба "сабқати президентӣ".

Муҳиддин Кабирӣ, райиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳанӯз ду сол қабл гуфта буд, раҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон бояд аз пешбарии номзадҳояшон ба мансабҳои олӣ дар чор-панҷ соли дигар худдорӣ варзанд.
Раҳматилло Зойиров, райиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон бошад, мехоҳад дар ҳайати як эътилофи аҳзоб ба корзори интихобот ворид шавад.
Воқеан, моҳи сентябри соли 2012 бархе аҳзоб ва созмонҳои ҷамъиятӣ Кумитаи эътилофи интихоботи президентии Тоҷикистонро таъсис доданд, ки Ҳизби сабтиномнашудаи "Ваҳдат" низ аъзои он аст.

Ҳарчанд фурсат то интихобот чандон тӯлонӣ нест, аммо ин кумита ҳоло ба таври зарурӣ аз худ дарак надодааст ва маълум ҳам нест, ки номзади худро пешбарӣ мекунад ё хайр.
Дар мавриди ҳизбҳои дигар ҳоҷати гап нест. Аммо ин ба маъние нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ба танҳоӣ дар интихобот ширкат меварзад. Ҳатман ду ё се нафар дар баробари вай муддаӣ хоҳанд буд, ки албатта рақибони арзанда нестанд.
Ё ҳастанду мо намедонем?
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)