Бахшҳо
16 янв 2013 05:39Гузориш

Терроризм- душмани хаёлии асри 21

Шояд дар тӯли таърих ҳеч миллат ва халқе ҳам, ба андозаи мусалмонон ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ гирифтор нашуда бошад, мазлумияти ҳеч қавме низ ба дараҷаи мазлумияти пайравони дини Ислом шояд нарасидааст. Аз ҷангҳои салибӣ шурӯъ карда то ҳуҷуми муғулҳо ва то ба имрӯз мусалмонон сахттарин рӯзҳоро паси сар кардаанд...

Яке аз машҳуртарин таърихнигорони олам Иззиддин ибни Асир дар китоби “Ал-комил”-и худ вобаста ба ҳуҷуми тоторҳо ба кишварҳои исломӣ чунин навиштааст: “Ман чанд сол аз зикри ин ҳодисаи даҳшатнок ва сабт намудани он дар саҳифаҳои таърихӣ худдорӣ намудам. Зеро сабт намудани ин воқеа бароям писанд набуд ва онро кори ниҳоят бузург ва ғайриимкон медонистам. Пойи ростамро барои ҷамъоварии он ба пеш мегузоштам ва пойи чапамро ба ақиб мекашидам (киноя аз дудилагӣ). Навиштани хабари мусибати ҳалокати Ислому муслимин барои кӣ осон аст?!  Ай кош, аз модар ба дунё намеомадам ва кош қабл аз ба вуқӯъ пайвастани ин ҳодиса ҳалок мегаштаму аз ман ному нишоне намемонд! Аммо ҷамъе аз дӯстони банда барои сабти ин рӯзҳои сиёҳ дар саҳифаҳои таърих маро тарғиб намуданд ва ба хулосае омадам, ки даст кашидан аз сабти ин воқеа ба касе фоида намебахшад. Агар шахсе даъво намояд, ки аҳли олам аз оғози офариниш то ба имрӯз ба ҳодисае ҳамсони воқеаи “Ҳуҷуми тоторҳо”рӯ ба рӯ нагаштаанд, дар ин даъвои худ содиқ аст, зеро таърихи башарият ҳеч рӯзеро ба андозаи ин рӯзҳои сиёҳ сабт накардааст”.( Ниг: Ал-комил. 5/304)
Баъзан, баъди хондани ин ҷумлаҳо бо худ мегӯям, ки кош Ибни Асир зинда мемонду аҳволи мусалмонон ва мазлумияти онҳоро медид, аммо...

Ҳадафи ниҳоӣ аз тамоми ин ҷангҳо  алайҳи мусалмонон нобуд сохтан ва решакан намудани онҳо аз рӯйи замин буд. Албатта, расидан ба ин ҳадаф ҳаргиз барои душманон муяссар намегардад, зеро таърих гувоҳ аст, ки сарсахттарин уммат дар муқобили душман ин уммати мусалмон буду ҳаст ва хоҳад монд. Аммо, мутаассифона, кор ба ҷое расид, ки ҳукуматҳо ва давлатҳои ғараздор барои боз ҳам тезонидани ин набардҳои таърихӣ ба сохтани “душмани хаёлӣ”  бар алайҳи мусалмонон рӯ оварданд.

Қобили зикр аст, ки барои сохтани ин душман баъзе аз мусалмонони тундгаро ва каҷфаҳм низ саҳми худро гузоштаанд. Яъне, ба қавле, нохудогоҳ “ба осиёби душман орд рехтанд”.

Истилоҳҳои махфӣ
Тақрибан тамоми вожаҳое, ки мавриди истифодаи бахшҳои мухталифи илм  қарор мегирад, дорои маънои луғавӣ ва истилоҳӣ мебошад. Вожаи “терроризм” дар забони арабӣ бо калимаи “ирҳоб” ёд шудааст. Маънои калимаи мазкур аз нигоҳи луғат мисли офтоб равшан аст, аммо аз нигоҳи истилоҳ ба монанди қаҳрамонии Эраҷи тилисмшикан хаёлӣ, номаълум ва зери хок пинҳон аст.

Тамомии амале, ки боиси ба вуҷуд овардани хавфу хатар дар ҷомеа гардида амнияти ҷамъиятро барҳам мезанад, зери мафҳуми “ирҳоб” ё “терроризм” дохил аст. Вале он ҳамчун истилоҳи ом дар бозиҳои сиёсии асри 21 сарбаста мебошад. То ҳол касе ба таври дақиқ гуфта наметавонад, ки зери мафҳуми “террорист” ё “терроризм” кӣ ва чӣ дохил шуда метавонад. Зеро он таърифе, ки дар луғатномаҳои мусалмонон ҷойгир шудааст сад дар сад аз таърифи оламии имрӯзаи ин калима фарқ дорад.(Ниг: Мафҳуми тероризм, эктримизм ва нуқтаҳои назари гуногун дар атрофи он. Доктор Муҳаммад ибни Алии ҳарафӣ.1/12)
Аз ин нуқтаи назар террорист душмани хаёлии асри 21 ҳисобида мешавад!!!

Кӣ ва чӣ ин “душман”-ро сохт?
Тавре дар боло ишора намудем, дар пайдошавии ин мафҳум якчанд омилҳо сабаб шуда аст.  
Омили якум: дуруст дарк накардани моҳияти асосии дини мубини ислом аз ҷониби баъзе мусалмонон.
Омили дуюм: бозиҳои сиёсии душманони миллати мусалмон.
Омили сеюм: зулму бедодии душманон нисбат ба мусалмонон

Шояд яке аз омилҳои ба вуҷуд омадани калимаи террорист ва терроризм ин тундравӣ ва хуб дарк накардани дини ислом аз тарафи баъзе мусалмонон аст. Мутаассифона, баъзеҳо то ҳол аз ҳақиқати ин паёми осмонӣ хуб огоҳ нагаштаанд. Дар рафтору гуфтор ва муомила бо мардум аслан ягон меъёри ахлоқи диниро ба инобат намегиранд. Фикр мекунанд, ки ин дин танҳо намозу рӯза дораду бас. Душманон аз ин соддагӣ ва бехабарии мо истифода намуданд, яъне худи мо ба дасти онҳо баҳонаи тайёрро додем, то аз мо душмани хаёлӣ битарошанд ва бар алайҳи мо истифода баранд.

Инчунин, душманони ин миллат мусалмононро бо ин восита ба гирдоби бозиҳои сиёсӣ ворид карданд. Онҳо коре карданд, ки ҳар мусалмоне, ки дар он кунҷи дунё сар бардорад муште бар фарқи сараш мезананд, то дигарбора сарашро боло накунад. Бо ҳар баҳона мусалмононро дар рӯйхати террористон дохил намуданд. Албатта, онҳо аз ин ҳолат зиёд истифода мебаранд. Мусалмонро метарсонанд, ки боз муттаҳам нашавад, ки шомили гурӯҳи террористон гашта аст. Худ бо иштиҳои том тамоми захираҳои кишварҳои исломиро истеъмол мекунанд. Дар назари аҳли олам аз худ малоикаҳое метарошанд, ки гӯё ба мадади инсоният омадаанд ва бо ин “роҳ” чеҳраи аслии исломро доғдор месозанд. Ин ва дигар фоидаҳоро душманон аз ин бозии сиёсӣ ба даст меоранд.

Омили сеюм ва аз ҳама асосӣ барои пайдошавии ин истилоҳ зулму ситам ва забткории душманони миллати ислом аст. Соли 1948 кишвари Исроил ҳамчун меҳмони нохонда ба хоки Фаластин ворид шуд. Замоне, ки шаҳрвандони ин кишвар барои дифоъ аз ватан садо баланд карданд, онҳоро ба террористӣ муттаҳам сохтанд. Баъди воқеаи 11-уми сентябри соли 2001, ки он ҳам бозии сиёсии дигаре буд, ки паси парда сурат гирифта аст,  Амрико ҳамчун “гурги одамхӯр” ба хоки Ироқу Афғонистон ҳуҷум намуд. Ҳазорҳо нафарро ба хоку хун оғӯшта кард. Чун шаҳрвандони ин кишварҳо барои эътироз саъй кардан,д онҳоро низ дар рӯйхати террористон шомил намуданд. Агар равшантар гӯям: “Ҳам зарбу лат мекунанд ва ҳам мегӯянд, ки агар овози гиряаатро шунидем, мурдам гуфтан гир”.

Вақте онҳо нисбат ба як зани боиффат ва як марди солеҳи диндор ин қадар зулму ситамро раво мебинанд, пас ин бечораҳо чӣ ҳам мекарданд?! Ночор даст ба силоҳу ҷанг мезананд. Шояд хонандаи боҳушу бозаковати мо гӯяд, ки охир мусалмонон дар кишварҳои аврупоӣ ва Амрико озоданд-ку? Ҷавоби ин эътироз баҳси алоҳидаро талаб мекунад, аммо ба таври мухтасар ҷавобаш ин аст, ки онҳо аз сиёсатҳои гуногун истифода мебаранд. Сиёсати дохилии онҳо аз сиёсати хориҷиашон билкул фарқ дорад. Яъне дарун озод ва берун баръакс.

Агар душманон мусалмононро ба ҳоли худашон мегузоштанд, ҳаргиз мусалмонон ба қавли онҳо террорист намешуданд. Оё қатли президенти кишвари Ироқ Саддом Ҳусейн дар рӯзи иди Қурбон маънои онро надорад, ки онҳо ба тори асаби мусалмонон нохун мезананд ва мусалмононро ба як пули пучак ҳам намегиранд?!
Чаро касе Исроилро то ҳол дар ВАО ба таври ошкор террорист эълон намекунанд?! Зеро наметавонанд. Чаро? Барои он ки Исроил “пир”-и  роҳи тариқати Амрико ба ҳисоб меравад. Рӯйхати террористон бошад, дар Пентагон ва  дар дасти Амрико аст ва ҳеч имкон надорад, ки ӯ “пири тариқат”-и худро ба гурӯҳи террористон дохил созад.

Чанд моҳ қабл дар ҳама ВАО навореро пахш намуданд, ки чанд афсари амрикоӣ болои сари ҷасади чанд мусалмон мешошанд... Оё ин ҳолат мусалмононро ба хашм намеоварад?! Чаро шахсоне, ки ин амалро анҷом додаанд террорист нестанду мусалмони бечорае, ки дар Фаластину Ироқ ва дигар кишварҳои исломӣ аз марзу буми худ дифоъ мекунад терористу экстримист будааст?!

Дар тамоми рӯйи олам пайравони дини масеҳӣ ба таври ошкоро ва дастаҷамъона машғули таблиғанд. Чаро касе онҳоро террорист намегӯяд?! Чунин чарову чароҳои беҷавоб хеле зиёд аст, вале мо қазоватро ба худи хонандаи бозаковатамон ҳавола мекунем.

Мо муфтӣ намехоҳем, зеро...
Ҳадафи баҳс атрофи ин мавзӯъ аз он иборат аст, ки хонандагони азиз то ҳадде аз ҳақиқати ҳол огоҳ гардад. Баъзан, мо ба мисли тӯтӣ калимаи террористро истифода бурда, қасдан ё нохудогоҳ ҳаммилат ва ҳамватани худро бо ин амали номатлуб муттаҳам месозем.  

Дини муқаддаси ислом ҳаргиз барои пайравони худ иҷоза намедиҳад, ки ҷамъиятро ноором созанд ва амнияти мардумро барҳам зананд. Ҳатто паёмбар (с) ба таври ҳазлу шӯхӣ тарсонидани мусалмонро манъ кардаанд. Худи калимаи ислом аз решаи “силм”, яъне сулҳу осоиштагӣ сохта шудааст. Мусалмон ҳаргиз тангназар намешавад ва ҳар шахсе, ки ба ном мусалмон асту аз ҳақиқати ин дин бехабар аст, ин мушкили шахсии худи ӯст, он ба ислом ҳеч рабте надорад.

Устод Абулҳасани Надафӣ дар китоби таърихиаш чунин оварда аст:”Шумораи кушташудагон ҷангҳо дар асри Паёмбар (с) аз ҳарду тараф дар 23 соли нубувваташон 1017 нафар буд, аммо қурбониёни ҷанги якуми ҷаҳони (аз соли 1914 то 1918) беш аз шаш миллиону чорсад ҳазор, қурбониёни ҷанги дуюми ҷаҳон (1939 то 1945) 35-40 миллион ва  кушташудагони ҷангҳои калисои масеҳӣ дар Аврупо дар асрҳои миёна 12 миллионро ташкил медиҳад.”

Хулоса, мо дар ин бобат ба муфтиҳои соҳиғаразе чун Исроил ва ғайра эҳтиёҷ надорем, ки ба мо террористонро шинос кунанд, балки каломи Худо, суннати паёмбар ва насиҳатномаҳои гузаштагонамон барои мо басанда аст.

Абдуллоҳи ОҚИЛЗОДА
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)