Бахшҳо
11 янв 2013 07:16Гузориш

Интиқод аз вазирони оянда, итминон аз пойбандии дубораи Амрико

Созмонҳои саҳюнистӣ бо таъйин шудани Ҷон Керрӣ ба ҷойгоҳи вазири умури хориҷаи Амрико мухолифат карда ва изҳороти вай дар мавриди Сурия ва баландиҳои Ҷавлон дар соли 2010-ро далели ин мухолифати худ муаррифӣ карданд...

Саҳюнизими байналмилал аз созмонҳо то ба лоббиҳои муҳимми саҳюнистӣ дар ростои манофеъ ва аҳдофи худ, сиёсатҳо ва хати сийсии кишварҳои мавриди назарро расад карда ва бо шеваҳои мухталиф ба ҷорикунии нуфуз дар он мепардозанд. Амрико яке аз кишварҳое аст, ки равобити он бо режими саҳюнистӣ  боиси рушди васеи ғадудҳои саҳюнистӣ дар бахшҳои мухталифи он шудааст.

Бар ин асос тамоми тасмимот ва мавзеъгириҳо дар ниҳодҳои мухталифи сиёсии ин кишвар аз конгресс, Кохи сафед, то мавозеи раёсати ҷумҳурӣ, расонаҳо ва ... аз сӯи саҳюнистҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта ва дар сурати вуҷуди ҳар гуна мухолифат бо манофии режими саҳюнистӣ  мавриди эътироз қарор  мегирад.

Дар ҳоли ҳозир, таъйинкунии афроди мухталиф ба унвони вазирони кобинаи Обама фурсате барои саҳюнистҳо ба вуҷуд варда,  ки пойбандии ин ашхос ба муқаррароти мавриди назари худро мавриди арзёбии дубора қарор диҳанд. Эътирозоти густардаи ин созмонҳо ба эҳтимоли гузиниши Чок Ҳегел ба иттиҳоми изҳороти ҳимоят аз Эрон ва гурӯҳҳои муборизи фаластинӣ, ба мақоми вазири дифоъи Амрико, дар ҳамин росто қобили баҳс аст. Нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ  ин ки ин раванд ба ин сенатори амрикоӣ хатм нашуда ва пас аз Чок Ҳегел, ки мавриди бемеҳрии созмонҳои саҳюнистӣ қарор гирифта, навбат ба Ҷон Керрӣ ва изҳороти вай дар мавриди Сурия расида аст.

Ба гузориши "Форс" созмони саҳюнистии Амрико дар баёнияе, изҳороти Ҷон Керрӣ дар мавриди Сурияро мавриди интиқод қарор дода ва ба ҳамин далел вайро барои вазорати хориҷаи Амрико, гузинаи муносибе надонист.

Ин созмони муҳими саҳюнистӣ иддао кард: созмони саҳюнистии Амрико ба шиддат нигарони интихоби вазирони кобина аз сӯи Обама аст. Таъйин шудани Ҷон Керрӣ дар ҷойгоҳи вазири умури хориҷаи Амрико, яке аз мавориде ба шумор меояд, ки ин нигарониро афзоиш додааст, зеро вай савобиқе нигаронкунандае дар мавриди Исроил дорад. Созмони саҳюнистии Амрико афзуд: Номзадии Ҷон Керрӣ ба ин мақом, дар ҳоле аст, ки вай тайи сафар ба Ховари  Миёна дар соли 2010  ва дидор бо амири Қатар, барои суботи Башор Асад дар Сурия, изҳори умедворӣ карда ва руйкарди Асад барои иҷрои тағйротро гоме мусбат дар бақои вай хондааст. Керрӣ ҳамчунин дар ин дидор Натаняҳуро вазифадор дониста, ки бозгардондани баландиҳои Ҷавлонро ба унвони гоме барои пешрафти сулҳ, дар дастури кор қарор диҳад.

Мортон Клин, раиси ин созмони бузурги саҳюнистӣ  низ иддао кард: ҳамсӯии Керрӣ бо диктаторҳои Ховари Миёна, интизори бозгардони минтақаи стротегии Ҷавлон ба Сурия ва изҳороти вай дар мавриди шарқи Байнтулмуқаддас ба унвони бахше аз Фаластин, нишон медиҳад ки вай наметавонад дар ростои манофеи Исроил ҳаракат кунад.

Ин созмони саҳюнистӣ зимни ибрози нигаронии шадид дар мавриди интихоби Ҷон Керрӣ изҳор дошт: созмони саҳюнистии Амрико бар ин ақида аст, ки таъйин шудани Керрӣ ба мақоми вазорати умури хориҷа, манофеи Амрико ва Исроилро бо мушкил ру ба ру карда ва як гузиниши масъаласозро ба бор хоҳад овард.

Нуктаи дорои аҳамият дар ин миён, ҳадафи созмонҳо ва гурӯҳҳои мухталифи саҳюнистӣ аз ба роҳ андозии ин бозӣ аст. Дарвоқеъ, ҷанҷоли расонаии ин созмонҳои саҳюнистӣ ба манзури гирифтани имтиёзоти бештар аз ашхоси мавриди интиқоде, монанди Ҳегел, Керрӣ ва дигарон аст. Бар ин асос  саҳюнистҳо итминон доранд, ки сиёсатмадорони Амрико қодир ба гирифтани равияи мустақилона ва мунтабиқ бо манофеи миллии Амрико дар баробари режими ссаҳюнистӣ  нестанд, аммо барои итминони бештар, бозии асосёфта бар интиқод аз мавзеъҳои тасодуфии ононро ба роҳ меандозад, то ин ашхос дубора ба сурати равшан ва шаффоф ба дунболаравӣ аз манофеи саҳюнистҳо, ваъда дода ва ё иқдомоти мухталифи дӯстии худ бо режими саҳюнистиро исбот кунанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)