Бахшҳо
09 янв 2013 07:55Гузориш / Иҷтимоӣ

“Қонунҳои миллӣ”-и Холиқов?

Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим қонунҳои миллӣ буда, ба монанди обу ҳаво заруранд.
Дар ин бора Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дини назди ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-декабр зимни як нишасти хабарӣ, ки аз фаъолияти солонаи ин ниҳод маълумот медод иброз дошт.

Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар афзуд: “Мо дар таҷрибаи 21-солаи давлатамон ду қонуни миллӣ қабул карда будем, яке Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва дигаре Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд. Ин қонун барои он аст, ки мо барои фарзандон шароит муҳайё кунем, то  илм омӯзанд.таърихи шашҳазорсолаи давлатдории  инсоният  собит кардааст, ки илм наҷоти инсоният аст. Ҳамин қонун таъкид бар он дорад, ки фарзандро пеш аз ҳама илм омӯхтан даркор. Ислом ҳам илм омӯхтанро фарз ҳисоб кардааст”.

Номбурда иброз дошт, ки дар бисёре ҳадисҳои дигар мақом ва мартабаи илмро баландтар аз ибодат гузоштаанд. Ҳадафи қонун аз он иборат аст, ки мо фарзандонамонро илм диҳем, дониш диҳем, басавод кунем.

Ба назари оқои Холиқов Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд   бамаврид қабул гардида, он ба мисли обу ҳаво дар ҷомеъаи имрӯза зарурат дорад: “Қонун ҳам аз назари ахлоқӣ ва ҳам аз назари ҳуқуи байналмилал ва ҳам аз ҳисоби ояндабинӣ барои давлати Тоҷикистон, пеш аз ҳама барои мову шумо ва фарзандонамон мисли обу ҳаво зарур буд”.   

Раиси Кумитаи оид ба корҳои дини кишвар дар ҳоле аз зарурати Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд сӯҳбат мекунад, ки он рафтани ҷавонони синашон аз 18 поинро ба масҷид манъ мекунад.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон дар арафаи татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба расонаҳои хабарӣ гуфта буд: “Намоз фарз аст ва ба масҷид рафтани аз дувоздаҳсола боло барои касоне, ки мусулмон ҳастанду эътиқод доранд воҷиб мебошад. Бинобар ин, ҷавонони аз 13 то 18-сола аз дидгоҳи шариат шахсони оқилу мукаллафу болиғ ҳастанд. Намози ҷамоъат рафтани онҳо воҷиб аст. Манъ кардани онҳо аз намози ҷамоъат гуноҳи кабира аст ва ҳар касе инҳоро манъ мекунад, ба ҳамон таҳдиди илоҳӣ, ки дар сураи Бақара Худо мегӯяд, кист золимтар аз касе, ки манъ мекунад мардумро аз ибодат дар масҷидҳои Худо, дохил мешавад”.

Аммо ҷаноби Холиқов мегӯяд, кӯдак (то 18-сола) ҳақ надорад муассиси иттиҳодияи динӣ бошад ва дар фаъолияти маъмурии иттиҳодияи динӣ иштирок намояд.

“Қонунҳои миллӣ”-и Холиқов?Инчунин, ба фаъолияти таблиғи динӣ, кӯдак тибқи конвенсияи байналмилаӣ, мутобиқ ба хулосаҳои Созмони Милали Муттаҳид ин ҳанӯз тифле аст, ки ҷаҳонбинии диниии ӯ ба пуррагӣ  пухта нарасидааст ва ӯ дар доираи оила тарбия меёбад. Бинобарин кӯдаконро истифода бурдан  дар кори таблиғоти дин ё дар кори ақидаи дингаравӣ, ё ба сӯйи дингаравидан қонун манъ мекунад. Давлат аз рӯйи ақлу хирад ҳам вазифадор аст, ки иҷозат надиҳад.

Аҷобат дар он аст, ки дар ҷомеъаи муосир афроди аз 14-сола болоро наврасон ва ё ҷавонон мегӯянд, аммо бар пояи “қонуни миллӣ”-и мо 18-солаҳо ҳанӯз ҳам кӯдак маҳсуб мешаванд. Аҷиб нест?


Ибодуллоҳи Тоир,
Абдулғанӣ Абдулваҳҳоб
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)