Бахшҳо
21 дек 2012 12:12Иҷтимоӣ

Аҳмади Дониш писар дошт!

Одил Муҳаммад Рашод Дониш, шаҳрванди Мисри Араб буда, худро аз наберагони Хоҷа Аҳмад Махдуми Дониш медонад. Тибқи иттилиои ба даст омада, ҳанӯз тобистони соли ҷорӣ ин хонавода ба сафорати Тоҷикистон дар Миср муроҷиат карда, хостори ба роҳ мондани муносибати корӣ бо ин кишвар шудааст.

Бозмондагони Аҳмади Дониш дар Миср
Давлат Назрӣ, раҳбари департаменти иттилоотии вазорати умури хориҷаи кишвар бо такя ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Миср гуфт, ки баъд аз дарбори амири Бухоро дур шудан Хоҷа Аҳмад Махдуми Дониш ба зиёрати Каъба рафта, муддате дар Мисри Араб зиндагӣ мекунад. Давоми зиндагии худ дар ин кишвар Аҳмади Дониш бо духтари мисрӣ издивоҷ карда, соҳиби писар -Муҳаммад мешавад.

Гуфта мешавад, ки ҳоло аз сулолаи Аҳмади Дониш дар Миср наберааш Одил Муҳаммад Рашод Дониш, олими соҳаи фанновариҳои муосир ва яке аз саҳмгузори ҳукумати электронии Миср ба сар мебарад. Ҷаноби Одил Дониш ҳамзамон падари ду духтар мебошад: Даля- мутахассиси бахши амрози асаб дар Қоҳира, хатмкардаи донишгоҳи Кембриҷи Бритониё ва Дино - рассом, дар Амстердам кору зиндагӣ дорад. Ҷаноби Одил Дониш ҳамчунин як бародар бо номи Шариф доштааст, ки ӯ муҳандис буда, дар аёлати Калифорнияи Амрико ба сар мебарад.

Талоши сафорат барои боздиди наберагони Аҳмади Дониш аз Тоҷикистон
Сафири Тоҷикистон дар Миср- Нарзулло Назаров дар сӯҳбат бо "Озодагон" воқеъият доштани чунин иттилоъро тасдиқ намуд. Ҷаноби Назаров мегӯяд, ки таърихи 24-уми июли соли 2012 шаҳрванди Мисри Араб -хонум Даля Одил Муҳаммад Рашод Дониш ба сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира муроҷиат карда, худро аз аберагони Аҳмади Дониш муаррифӣ мекунад. Хонум Даля Дониш ҳамзамон аз ҷаноби Назаров хоҳиш кардааст, то барои барқарор кардани равобити хешовандӣ ва корӣ бо Тоҷикистон ба хонаводаашон мусоидат кунад.

"Мо ин маълумотро дарҳол тавассути вазорати умури хориҷаи кишвар ба ҷамъияти Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон "Пайванд" ирсол намудем. Зеро барқарор кардани робита бо тоҷикони бурунмарзӣ яке аз вазифаҳои анҷумани "Пайванд" мебошад", зикр намуд сафири Тоҷикистон дар Миср.
Нарзулло Назаров дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки феълан сафорат бо хонаводаи Одил Дониш тамоси доимӣ дошта, ба роҳ мондани ҳамкории дуҷонибаи алоқмандони ин мавзӯъ аз манфиат холӣ нахоҳад буд.

"Пайванд" ва нақшаҳо барои даъвати хонаводаи Одил Дониш ба Тоҷикистон
Дар ҳамин маврид Исомиддин Салоҳиддинов, раҳбари анҷумани "Пайванд" ба "Озодагон" гуфт, ки эҳтимоли зиёд хонаводаи Одил Дониш соли 2013 аз Тоҷикистон дидан кунанд.

"Дар воқеъ ин маълумот ва хоҳиши боздиди хонаводаи Одил Дониш аз Тоҷикистон қобили дастгирӣ мебошад. Барои даъвати хонаводаи мазкур ҳоло мо сари як хулоса наомадаем. Аммо ин маънои онро надорад, ки "Пайванд" дар робита кореро анҷом намедиҳад. Дар асл ҳар замоне, ки эшон хоҳиш дошта бошанд, мо метавонем ба онҳо даъватномаи расмӣ бифиристем", мегӯяд Исомиддин Салоҳиддинов.

Б а гуфтаи номбурда моҳи сентябри соли 2013 анҷумани "Пайванд" 20 сола мешавад ва масъулин тасмим доранд, то хонаводаи Одил Донишро дар ин чорабини фарҳангӣ даъват кунанд.

Аҳмади Дониш ва саҳифаҳои норавшани зиндагӣ
Бояд гуфт, ки иттилои издивоҷи Аҳмади Дониш ва фарзанддор шудани ӯ дар Мисрро адибони тоҷик ба таври мухталиф арзёбӣ мекунанд. Ба бовари гурӯҳе Аҳмади Дониш ҳеч замоне ба Миср сафар накарда, онҷо низ фарзанде надорад. Ба гуфтаи онҳо Аҳмади Дониш тамоми воқеоти зиндагии худро дар эҷодиёташ зикр кардааст.
Намоз Ҳотамов, таърихшиноси маъруфи тоҷик мегӯяд, ки саҳифаҳои норавшани зиндагии Аҳмади Дониш хеле зиёданд. Ҳатто дар сарчашмаҳои таърихӣ маълумоти дақиқеро дар бораи зиндагии Аҳмади Дониш наметавон пайдо кард. Баъзе аз сарчашмаҳо далолат медиҳанд, ки Аҳмади Дониш дар Бухоро соҳиби як фарзанд-духтар буд. Вале дар сарчашмаҳои дигар омадааст, ки Аҳмади Дониш дар Бухоро ду фарзанд: як писар ва як духтар дошт. Боз ҳам маълумоте, ки гуиё Аҳмади Дониш танҳо ду духтар доштаасту бас. Бояд бигӯям, ки дар ин маврид дар ҳеч ҷое наметавон маълумоти дақиқ пайдо кард.

"Ман ҳангоми сафарҳои худ ба Бухоро бо бархе аз афроде, ки шинохти беҳтаре аз Аҳмади Дониш доштанд, сӯҳбатҳо анҷом медодам. Аксарият бар ин назаранд, ки Аҳмади Дониш тарзе зиндагӣ мекард, ки дигарон аз ҳаёти шахсии ӯ шинохти комил надошта бошанд. Аз ин хотир маълумоти сафари Аҳмади Дониш ба Миср ва фарзанддор шудан аз хонуми мисрӣ метавонад воқеъият дошта бошад", мегӯяд Намоз Ҳотамов.

Зеро он давра, яъне нимаи дуввуми асри 19 аз Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд  бисёриҳо ба кишварҳои дигар сафар мекарданд. Аксарият ба Миср рафтанду онҷо низ муқимӣ шуданд. Албатта дар мавриди сафари Аҳмади Дониш иттилое нест, чун эшон замони фаъолият дар дарбори Бухоро таҳти назорат ҳукумати амирӣ буд.

Шубҳа ба пайвандии Одил Дониш ба хонаводаи Аҳмади Дониш
Ин ҳам дар ҳолест, ки муҳаққиқ Пайванди Гулмуродзода, ки дар мавриди ҷадидия ва маорифпарварӣ пажуҳишҳо анҷом додааст, мегӯяд, ки зиндагии Аҳмади Донишро аз олимони тоҷик танҳо Расул Ҳодизода дақиқ омӯхта, онро рӯйи коғаз низ овардааст. Ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбатам дар сурати воқеъият доштани издивоҷи Аҳмади Дониш дар Миср Расул Ҳодизода ҳатман иттилое пайдо мекард. Аммо чун дар корҳои илмии эшон чизе зикр нашудааст, пас метавон гуфт, ки ин иттилоъ асосе надорад. Барои мисол Аҳмади Дониш зиндагии худро дар дарбори Бухоро ва ё сафарҳояшро ба Русия дар эҷодиёташ ҷо- ҷое зикр кардааст. Ҳатто ҷиҳатҳои мусбати сафарҳояшро қисса кардааст.

"Агар Аҳмади Дониш ҳатто сафари кӯтоҳе ба Миср анҷом медод, ҳатман онро ҷое нигошта мекард. Шояд ин хонавода на ба Аҳмади Дониш, балки ба хонаводаи Аҳмади Дониш пайвандӣ дошта бошад. Зеро дар солҳои 1830-юм гурӯҳе аз хонаводаи Аҳмади Дониш аз Бухоро ҳиҷрат карда буданд", гуфт Пайванди Гулмуродзода.
Аз ин хотир ҷаноби Гулмуродзода аз набераҳои Аҳмади Дониш будани Одил Дониш шубҳа дошта, мегӯяд, ки пайванд доштани ин хонавода ба маорифпарвари тоҷик аз имкон дур аст.

Дар ҳамин маврид таърихшиноси маъруфи тоҷик Намоз Ҳотамов мегӯяд, ки вақте аз сарчашмаҳои таърихӣ наметавон маълумоти мушаххасе аз зиндагии Аҳмади Дониш пайдо кард, пас бояд даъвои ин хонавода -Одил Донишро ҷиддӣ гирифт. Ба бовари номбурда ҷониби Тоҷикистон барои сурат гирифтани сафари Одил Дониш ба Душанбе бояд мусоидат кунанд. Чунки бо ин сафар адибону таърихнигорон метавонанд ба бисёре аз пурсишҳои худ посух бигиранд.
"Чӣ гуна мо метавонем ин даъворо нодида бигирем, вақте маълумоти дақиқе ҳатто дар бораи фарзандони бухороии Аҳмади Дониш надорем. Тавре дар боло зикр кардам, саҳифаҳои норавшан дар зиндагии Аҳмади Дониш зиёд аст. Ин даъвои Одил Дониш имкон фароҳам меорад, то мо баъзе аз асрори зиндагии Аҳмади Донишро барои худ кашф намоем". Намоз Ҳотамов дар идома гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд иттилои пайвандии Одил Дониш ба Аҳмади Дониш метавонад воқеъият дошта бошад.

Аҳмади Дониш дар Миср фарзанд дошт
Баъди ин баҳсҳову назарҳои адибону таърихнигорони тоҷик хабарнигори "Озодагон" бо Одил Дониш тамос гирифт. Дар як сӯҳбати телефони Одил Дониш гуфт, ки воқеан ҳеч далели саҳеҳе барои исботи сафари Аҳмад Махдум Дониш ба Миср надорад.

"Барои исботи ин даъво мо далели мушаххасе рӯи даст надорем. Шахсан барои мо танҳо як далел вуҷуд дорад ва ин ҳам суханони модарбузургам аст. Албатта, ман талош дорам, то аз сафари Аҳмади Дониш ба Миср маълумоти бештаре пайдо кунам. Дар баъзе аз сарчашмаҳо ёддошт шудааст, ки Аҳмади Дониш муддате берун аз Бухоро ба сар мебурд. Ба андешаи шахсии ман Аҳмади Дониш бо модарбузургам дар сафари Ҳаҷ ошно шудааст. Вале то имрӯз мушаххас нест, ки издивоҷи онҳо дар Ҳаҷ ва ё дар Миср сурат гирифтааст", илова кард Одил Дониш.

Ҷаноби Одил Дониш дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки то замони бозгашт ба Бухоро мудатте дар Миср зиндагӣ кардану соҳиби писар шудани Аҳмади Дониш дақиқ аст. "Ҳоло ман бо ҳамроҳии хонаводаам талош дорем, то маълумоти бештаре  дар ин маврид пайдо карда, сафаре ба Тоҷикистон низ анҷом бидиҳем".
Одил Дониш гуфт, ки интихобот, воқеаҳои сиёсии Миср ва сафарҳои кориаш монеаи аслии мулоқоти рӯ ба рӯ бо сафири Тоҷикистон дар Қоҳира будааст.

Одил Дониш кист?
Бино бар иттилои Нарзулло Назаров, сафири Тоҷикистон дар Миср ҷаноби Одил Дониш яке аз саҳмгузорони ҳукумати электронии Миср буда, мақому манзалати хубе низ дар ин кишвар дорад. Бино бар иттилои расмии сомонаҳои интернетии Миср Одил Дониш олими шинохтаи соҳаи IT технология буда, форумҳои тиҷоратии байналмилалӣ бо ширкати олимони араб, фаронсавӣ ва амрикоӣ дар бахши  IT технология низ баргузор кардааст. Номбурда асосгузор ва раҳбари ширкати "Telecom Egypt" буда, президенти маҳфили мисриҳову фаронсавиҳо мебошад. Одил Дониш ҳамзамон аъзои Шӯрои машварати донишгоҳи Фаронса ва аъзои раҳбарияти Ассосиатсияи High Tech -и Миср мебошад. Хатмкарда, доктори бахши информатикии донишгоҳи Порис ва Қоҳира мебошад.

Маврид ба зикр аст файласуф, қомуснигор, шоир ва аллома -Аҳмади Дониш соли 1827 дар Аморати Бухоро таваллуд шуда, соли 1897 дар Бухоро вафот кардааст. Аҳмади Дониш дар миёнаҳои соли 1850 дар дарбори амир Насрулло фаъолият карда, амир соли 1857 ӯро ҳамчун котиби сафорат барои барқарор кардани равобит ва ҳамкорӣ ба Русия мефиристад. Аҳмади Дониш давоми зиндагӣ ва фаъолияти худ дар дарбори амири Бухоро се маротиба ба Русия сафар мекунад. Дар бозгашт аз сафари саввум Аҳмади Дониш барои давлатдории устувор барномаи ислоҳотиеро таҳия дода, пешниҳоди амир мекунад. Дар ҷавоб ба ин пешниҳодот амир Аҳмади Донишро аз дарбор дур карда, ӯро ба ҳайси қозӣ дар минтақаи дурдаст таъин мекунанд. Дуртар аз Бухоро Аҳмади Дониш бештар ба корҳои эҷодӣ машғул шуда, солҳои 1880-1889 "Наводир ул вақоеъ"-ро менависад.

Бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки ҳамин давраи аз дарбор дурр будан Аҳмади Дониш ба зиёрати хонаи Худо рафтааст ва дар Миср иқомат карданаш низ ба ҳамин давра рост меояд. Боризтарин далел бар бозмондагони аллома Дониш будани хонаводаи Одил Дониш ҳамин номи хонаводагии онҳост. Зеро решаи ин вожа соф форсӣ-тоҷикист ва дар як кишвари арабӣ номи хонаводагии Дониш доштани Одил Муҳаммад Рашод ва фарзандонаш ҷои мулоҳиза дорад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)