Дар робита ба шомил шудани Тоҷикистон ба СҶТ ва дигар ташкилотҳои байналмиллалӣ Озодагон суоли болоро дар миён гузошт ва назари коршиносонро пурсид. Инак, посухи эшон:
Давлат НАЗРӣ, раҳбари департменти иттилоъотии Вазорати корҳои хориҷӣИн як манфиъати иловагист барои муаррифӣ кардани Тоҷикистон дар байни аъзои созмонҳо. Дуюмаш тавассути ин созмонҳо мо имконияти нави ҳамкориро ба роҳ мемонем. Ҳамин Созмони ҳамкориҳои Шангҳайро гирем, бисёр объектҳое, ки мо сохтем ба маблағи 600 миллион зиёдтар, дар доираи ҳамин созмон амалӣ кардем минҷумла сохтмони роҳҳову хатҳои интиқоли барқ. Бо дигар созмонҳо ҳам мо ҳамкорӣ дорем, ин як чизи зарур аст бароямон. Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ низ чунин аст, соли 1992 ташкил шуд ва азбаски дар байни давлатҳои узви ин созмон марз вуҷуд надорад, эҳдоси чунин созмоне зарур буд, то ба масълаҳои таъмини амнияти аъзои ин созмон сару кор дошта бошад. Созмони миллали муттаҳидро истисно кунем агар дигар бисёри созмонҳо, созмонҳои минтақаӣ ҳастанд ва хоҳед нахоҳед дар байни кишварҳое, ки аъзои ин ё он созмонанд, мамолики хурдтар ҳастанду кишварҳои бузургтар бо имкониятҳои гуногун. Барои ин ки чунин бархурдҳое сурат нагирад, мо сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтем. Ин маънои онро дорад, мо бо ҳама кишварҳое, ки бо мо ҳамкорӣ мекунандва манфиъатҳои ду ҷониб ба назар гирифта мешавад, ҳамкорӣ мекунем. Ин ки як кишвар бо мамлакати дигар чигуна муносибат мекунад, мавзуъи муҳокимаи мо қарор гирифта наметавонад. Эрону Амрико байни ҳам мушкил доранд, вале мо бо ҳар дуи онҳо ҳамкории хуб дорем. Яъне он механизмҳое, ки ба мо имконият бидиҳад, то бо ҳаргуна кишварҳо ҳамкорӣ кунем, ин механизмҳоро мо ба вуҷуд овардагием ва хуб кор мекунад. Дар мавриди Созмони ҷаҳонии тиҷорат низ, ҳар ташкилот марому мақсади худро дорад, вақте ба як созмон ҳамроҳ мешавед, бояд барои дохилшавӣ ба созмон ва ё пешбурди корҳо монеъа эҷод нашавад. Агар мо ба Созмони ҷаҳонии савдо дохил шуда бошем, он шарту шароити муайяни худро дорад. Пас агар дар оянда мо ба ягон созмони иқтисодӣ шомил шавем, ҳамаи ҳамкориҳои мо бояд дар доираи СУС сурат бигирад ва мо ҳақ надорем, ки аз талаботҳои ин созмон берун бароем. Ҳангоми ба имзо расонидани ҳуҷҷатҳо инро мо бояд ба назар бигирем.
Нуралӣ ДАВЛАТ, сиёсатшиносВақте мо ба ину он созмон шомил мешавем, пеш аз ҳама бояд ба назар гирем, ки ҳамин созмон барои таъмини манофеъи миллии Тоҷикистон чи дода метавонад ва Тоҷикистон аз узвият ба ин ё он созмон чи манфиъати иқтисодӣ гирифта метавонад. Ман фикр мекунам, ки шомил шудани мо дар навбати аввал бояд вобаста ба ин 2 омил бошад: яке манофеъи миллӣ ва дигаре манфиъатҳои иқтисодии мо.
Ман намефаҳмам, ки чӣ гуна танҳо бо шомил шудан ба ин ё он созмон имиҷ боло меравад. Ба назари ман, имиҷ дар сурате боло меравад, ки мо дар рейтингҳо ва ҳисоботи созмонҳои байналмилалӣ баҳои сазовор бигирем.
Дар ҳоле ки мо дар ҳамаи ин рейтингҳо дар қатори кишварҳои ақибмондатарин ва фасодзадатарини ҷаҳон шомил шудаем, ман намедонам, ки дар ҷаҳони имрӯз бояд кадом созмоне вуҷуд дошта бошад, ки чунин як кишвар бо чунин обрӯ тавонад фақат бо шомил шудан ба он имиҷи худро боло бардорад.
Ин гуна суханҳои болохонадор, ки бо шомил шудан ба ин ё он созмон имиҷи кишвари мо боло меравад, ба назари ман, чандон далели ҷиддӣ нест. Оё ягон созмони ба истилоҳ "бонуфуз"-ро медонед, ки Тоҷикистон дар он шомил набошад? Оё магар аз шомил шудани мо ба ин қадар созмонҳо обрӯи мо боло рафт?
Ман мухолифи шомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он созмон нестам, вале ман ин гуна суханҳоро ба монанди боло рафтани имиҷ намефаҳмам. То ҷое, ки ман аз омӯзиши илми таърих дарк кардаам, дар ҳама созмонҳо кишварҳои абарқудрат ё абарқудратҳои минтақавӣ ҳамеша мехостанд ва мехоҳанд манфиатҳои худро таъмин кунанд.
Мо бояд ҳамин нуктаро дарк кунем ва то ҷое, ки имкон дорад, дар фикри ҳалли ин муаммо бошем, на аз пайи калимаҳои гӯшнавози хориҷӣ.
Сайфулло САФАРОВ, муовини раиси МТСАлбатта мебардорад. Ба хусус аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии савдо. Барои мо хеле муҳим буд. Зеро 11 сол боз Тоҷикистон бо ин Созмон гуфтушунид дошт ва зиёда аз 100 санади қонуниро ба ҳуҷҷатҳои СУС мувофиқ кард. Бояд гуфт, ки мо аз бисёр кишварҳои муштаракулманофеъ тезтар тавонистем ба ин созмон ворид шуда муносиботи савдоии худро хеле беҳтар созем. Аз ҳама муҳимаш мо дигар барои бастани шартномаҳои ҳамкории дуҷониба бо 158 давлати дунё зарурат надорем, зеро кори моро ҳамин аъзогӣ ба СУС ҳал менамояд. Аз ин ҷо хулоса, ки имиҷи кишвари мо боз ҳам беҳтар гашт.
Абдуфаттоҳ ШАФИЕВ, таҳлилгарБа андешаи ман, дар пайваст ба ҳар созмоне қабл аз ҳама бояд манофеъи миллии кишвар ба эътибор гирифта шавад. Ва имрӯз сохтори созмонҳои байнулмилалӣ ба гунае тарҳрезӣ шудаанд, ки аз пайвасти кишварҳои кучак ба онҳо бештар нафъ аст, то ки зарар. Қабл аз ҳама ин гуна пайвастанҳо худбаҳодиҳии кишварҳоро боло мебарад ва эътимоду боварии онҳоро ба истиқлолу муқим буданашон афзоиш медиҳад. Бар илова, Тоҷикистон дар минтақае ҷойгир шудааст, ки ҳар лаҳза метавонад ба мушкилоти сунъие бо ҳамсоягони неруманди худ гирифтор шавад ва ҳалли ин гуна мушкилот дар ҷахорчӯбаи муқаррароти созмонҳои ҷаҳонӣ нисбатан осонтар аст. Аз ин рӯ, эътибори сиёсии узвият дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ хеле ҳам баланд аст. Агар мушаххасан аз вуруди Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат мепурсед, пас мутмаинам, ки аз нигоҳи иқтисодӣ низ он ба нафъи Тоҷикистон аст. Ҳадди ақал аз он нигоҳ, ки монеаҳои зиёди бюрократиро, ки аз иллатҳои аслии фасод буданд, аз миён мебарад ва фазои тиҷоратро шаффофтару бозтар мегардонад. Аз рақобат бо наҳанггҳои хориҷии тиҷорат низ набояд ҳаросид, чун агар фазо озод бошад, ман мутмаинам, ки соҳибкорони ватанӣ аз ин рақобатҳо таҷриба андӯхтаву дар баъзе ҳолатхо пирӯз ҳам хоҳанд шуд.
Абдуллоҳ ҚОДИРӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати ТоҷикистонШомил шудани Тоҷикистон ба ин ё он созмоне, ки манфиатҳои миллии моро дар назар гирифта ва бо ин тариқ хостаҳои кишвар ва миллатро бароварда месозад, имиҷи Тоҷикистонро ҳатман дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад. Узвияти Тоҷикистон ба як қатор созмонҳои байнамилалӣ назири СММ, СҲШ, СУС, СПАД, СБМ, БҶ ва дигар созмонҳое, ки арзи ҳастӣ доранд ва Тоҷикистон ҳам чун узви онҳо мебошад, симои кишвари мустақилро баланд бардошта, эътибор ва ҷойгоҳи кишварро дар арсаи байналмилалӣ васеъ менамояд.
Сӯҳроб ОДИНАЕВ, сармутахассиси шӯъбаи муносибатҳои корӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон бо аъзо шуданаш ба ин созмони бо нуфузи байналхалқӣ имиҷи худро ҳатман боло мебардорад. Зеро Созмони умумиҷаҳонии савдо 159 давлатро аъзои худ гардонидааст ва 97 фоизи тиҷорати байналхалқӣ байни аъзоёни ҳамин созмон ба вуқуъ мепайвандад. Ин чунин маъно дорад, ки мо бояд дар чорчӯбаи талаботҳои СУС қонунгузории худро мутобиқ гардонем. Дуруст аст, ки бо мутобиқ гардонидан СУС Тоҷикистонро ҳамчун шарики бо эътимод эътироф мекунад ва ин заминаи мусоидро ҳам барои рушди тиҷорат ҳам барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар маҷмуъ барои рушди иқтисодиёти кишвар мусоидат менамояд. Ба боварии комил мо гуфта метавонем, ки Тоҷикистон бо вуруд ба ин созмон имиҷи худро на танҳо дар минтақа балки дар ҷаҳон боло мебардорад.
Султони ҲАМАД, коршиноси масоили амниятӣБале, шомил шудан ба созмонҳои байналмилалӣ барои як кишваре, ки тоза ба истиқлол расидааст, аз аҳамият холӣ нест. Махсусан агар ин созмонҳо дар сиёсату иқтисод, илму фарҳанги ҷаҳонӣ таъсиргузор бошанд ва Тоҷикистон, ҳақиқатан ҳам, манфиатдор бошад, ки ширкаташ дар ин гуна созмонҳо фоидае барои мардуми он оварда метавонад. Аҳволи мардумашро беҳтар карда метавонад. Муҳим он аст, ки дар ин созмонҳои байналмилалӣ чӣ гунна ашхос Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд.
Агар аз лиҳози илму дониш, ҷаҳонбинӣ, забондонӣ, гуфтору рафтори нек пухтаву донишманд бошанд, ин ҳам ба манфиати сиёсату иқтисодиёт ва ҳатто амнияти он буда метавонад ва ҳам обрӯи Тоҷикистонро дар байни дигар кишварҳои аъзои ин ва ё он созмони байналмилалӣ баланд мебардорад. Вале агар дар ин созмонҳои байналмилалӣ намояндагони кишвари мо ашхоси донишманду варзида набошанд, кори худро надонанд ва танҳо ба хотири дарёфти маоши калон ё ба хотири он ки гӯянд Тоҷикистон узви фалон созмон аст, ба он ҷойҳо фиристода шаванд, албатта ин натанҳо имиҷи давлатро боло бурда наметавонад, балки ҳатто метавонад обрӯи миллатро паст занад. Ҳама чиз вобастагӣ дорад аз интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо
Мӯҳр