Бахшҳо
19 дек 2012 09:48Гузориш

"Девон"-и Рӯдакӣ бо хати ниёгон

"Девон"-и Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки тавассути Қодири Рустам, муҳаққиқи варзидаи тоҷик дар соли 2007 дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон мунташир шуда буд, дар Теҳрон бо хатти форсӣ ба нашр расид.

Ин "Девон", ки дар тоҷикӣ таҳти назари доктор Сафари Абдуллоҳ ба чоп расида буд,аз сӯи Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси умури фарҳангии Тоҷикистон бо хатти форсӣ баргардон шуд.

"Девон"-и Рӯдакӣ ,ки бо тасҳеҳ, таҳия ва таълиқоту ҳавошии Қодири Рустам омода шудааст,дарвоқеъ барои хонандаи эронӣ ҷаззоб ва пураҳамият хоҳад буд, зеро ҳарчанд бузургтарин пажӯҳиш дар бораи Устод Рӯдакӣ ва ашъори ӯ китоби Устоди зиндаёд Саиди Нафисӣ "Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ" мебошад,аммо баъд аз нашри ин китоб тақрибан кори мондагор ва пурарзишу академӣ дар мавриди Устод Рӯдакӣ ва осори ӯ дар Эрон ва Тоҷикистон анҷом нашуд ва дар осори мунташиршуда низ иштибоҳ ва камбудҳои фаровон дида мешаванд.

Қодири Рустам дар сарсухани муфассали хеш, ки бар "Девон" нигошта, аз таърихи рӯдакипажуҳӣ дар Эрону Тоҷикистон , Русияву Покистон ва дигар кишварҳо дар 50 соли ахир ёдоварӣ намуда, дар бораи вуҷуд надоштани матни нисбатан саҳеҳ ва комили осори Устоди шоирон изҳори таассуф намудааст. Муаллиф сипас дар идома матни саҳеҳ ва дурусти ашъори Рӯдакиро,ки иборат аз қасида, ғазал,қитъа,пораҳои бозмонда ва рубоиёт мебошанд, меоварад ва ба шарҳу тафсири онҳо мепардозад, ки бидуни шак муҳимтарин қисмати "Девон"- и мазкур аст ва барои алоқамандону аҳолии фарҳанг арзиш ва аҳамияти фаровон дорад, чунки муҳаққиқ бо такя бар манобеъи мавҷуд ҳамаи костӣ ва норушаниҳоро дар ин замина рафъ намуда ва нусхаи саҳеҳ ва дур аз ғалати шеъри соҳибқирони шоириро дар ихтиёри хонанда қарор медиҳад.

Низ дар бораи абёти дигарон, ки ба номи Рӯдакӣ забт шудаанд ва ин иштибоҳро, ки дерест дар адабиётшиносӣ ба як муъзал табдил ёфтааст, мавриди баррасии амиқ қарор медиҳад, зеро таври маълум дар пажуҳишҳои анҷомшуда дар бораи падари шеъри форсӣ бисёре аз абёт ва ашъори ӯ ба шоирони дигар, аз ҷумла Шаҳиди Балхӣ, Абӯшакури Балхӣ, Абулмасал, Абулаббоси Бухорӣ, Шокири Бухороӣ, Кисоии Марвазӣ, Тайёни Марвазӣ, Оғоҷӣ, Фирдавсӣ, Фаррухӣ, Унсурӣ, Алии Қарти Андигонӣ... мансуб шудаанд, ё баръакс ашъори шоирони дигарро ба Рӯдакӣ мансуб донистаанд,ки муҳаққиқи мудаққиқ парда аз рӯи ин сӯитафоҳумот бармедорад.

Дар бахши тавзеҳот Қодири Рустам бо такя бар манобеъ ва навиштаи луғатномаю фарҳангҳои муътабар ва овардани мисол ва намунаҳои зиёд сурати саҳеҳи вожагон ва мисраъ ва таркибҳои ашъори шоирро собит месозад,ки манобеъи мавриди назари ӯ 79 китоб ва 13 мақола аз аҳли таҳқиқи кишварҳои мухталиф мебошанд.

Ҳамчунон ки Ҳасани Анўша дар номае ба Муассисаи фарҳангии ЭКО менависад: "Мусаҳҳеҳи муҳтарам якояки ашъори бозмондаи Рӯдакиро ковида, нуктаҳои дақиқ ва санҷидае аз онҳо берун кашида ва тавзеҳоти рӯшангаре дар бораи онҳо додааст. Эшон дар ин тавзеҳот бар бисёре аз гӯшаҳои торики ашъори Рӯдакӣ рӯшанӣ афканда ва аз ибҳомоти он парда бардоштааст. Афзун бар ин оқои Рустам абёти тозае аз сурудаҳои Рӯдакиро, ки аз баракати чопи порае аз мутуни куҳан пайдо шудаанд. Аз онҳо берун кашида ва ба "Девон"-и Рӯдакӣ афзудаанд ва бар порае абёти мунтасаб ба Рӯдакӣ,ки дар дафтар ва девони шоирони дигар пайдо шудаанд,хати бутлон кашидаанд.Истиботҳо ва истидрокҳои эшон дар тавзеҳот,ки шумори онҳо ба понсаду шаст мерасад, дар бисёре маворид дуруст ва пазируфтанист....Кори эшон,ки бар пояи заҳмати дигарон, бавижа устод Саиди Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев устувор аст, мунаққаҳтарин (поккардашуда, каломи ислоҳшуда) ва дақиқтарин пажуҳиш дар бораи Рӯдакӣ боқӣ хоҳад монд".

Доктор Ҳуҷҷатуллоҳи Аюбӣ, дар пешгуфторе, ки бар "Девон" навишта, бар аҳамияти ҷойгоҳи Устоди шоирон дар адабиёти форсӣ ва ҷаҳон ва низ зарурати анҷоми пажуҳишҳои бештар ва амиқтар дар ин заминаро таъкид менамояд ва менависад :"Дар мавриди зиндагӣ ва осори қофиласолори шеъри форсӣ,ки ба қавли Абулфазли Балъамӣ - таърихнависи номдор "ӯро дар Араб ва Аҷам назир нест", ҳазорон таҳқиқ ва пажуҳиш ва мақолаву рисола дар Шарқу Ғарб аз сӯи аҳли адаб чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз бо забонҳои мухталиф анҷом шуда,ки ҳамагӣ бар ин нукта таъкид доранд: Рӯдакӣ шеъри форсиро бунёд ниҳод ва ба масобаи хуршедест,ки анвори он бар ақсо нуқоти ҷаҳон метобад ва қалби олиму омиро мунаввар мекунад.Шеъри Рӯдакӣ бо онки бархе онро як миллиону сесад ҳазор мисраъ гуфтаанд ва аз газанди рӯзгорон танҳо ҳазор мисраъ то ба рӯзгори мо расида, таровату тозагии худро аз даст надода,балки бо мурур шоху ҷавонаҳои нав аз ин дарахт бармерӯяд ва то гӯши суханшунав боқист,сарводаҳои ӯ боқӣ хоҳад монд. Далели ин шоистагӣ ҳамоно мавзўъи мондагори онҳо - некӣ ва накукорӣ, хирадварзӣ, дӯстӣ, гузашт, адолат ва муҳаббат будааст."

Маврид ба ёдоварист, "Девон"-и мазкур бо хатти Муҳаммади Ҳайдарӣ, устоди хат ва хушнависии Эрон тазйин ёфта ва бо шуморагони 2000 мунташир шудааст. Он дар ҳамоиши фарҳангӣ- ҳунарии кишварҳои форсизабон, ки дар ҳафтаи гузашта дар Теҳрон барпо шуд, бо ҳузури аҳолии фарҳанг ва ҳунар дар "Толори Шамс" рӯнамоӣ гардид.

Фирдавси Аъзам

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)