Субҳи рӯзи шанбеи 15-уми декабр гурӯҳе аз волидайн, ки фарзандони эшон аз маҳбаси рақами 1-и пойтахт ба маҳбасхонаи рақами 23-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфта буданд, дар назди бинои прокуратураи генералӣ ҷамъ омаданд.
Пас аз чанд муддати эътироз дар ҳавлии прокуратура, намояндагони онҳоро Шерхон Салимзодаи Одина, додситони кулли кишвар ба ҳузур пазируфта, арзу шикояташонро шунид. Маврид ба тазаккур аст, ки сабаби эътирози волидайни мазкур, шиканҷае, ки кормандони маҳбас дар қиболи фарзандони онҳо раво дидааст, мебошад.
Азбаски на ҳамаи эътирозгарон иҷозаи вуруд ба биноро пайдо карданд, чанд нафари онҳо дар берун монд. Ҳамин вақт буд, ки яке аз маҳбусини зиндони рақами 23 ба модараш телефон кард ва мо хабарнигорон низ бо ӯ сӯҳбат кардем. Маҳбусе, ки мо барои амнияти ӯ номашро ифшо намекунем, дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, ки онҳоро дар маҳбас шиканҷа дода, таҳдид мекунанд, ки дар бораи сабабҳои марги Ҳамза Икромзода шоҳидӣ надиҳанд: «Ҳамон нафароне, ки моро 5-уми ноябр лату кӯб карда буданд, боз омада таҳдид карда истодаанд. Моро ба якдигариамон ҷанг андохта истодаанд. Омада худашон ташкил карда, моро ба навор гирифта, экспертиза кардаанд. Ҳар рӯз як нафарамонро бурда мезананд, дигар намеоранд, Қурбон Болтабоевро заданӣ омаданд, ки дар дасташ лезва дошт, наздикам нашавед, куштаниед маро, хун рехтан мехоҳед…, гуфту худаш бо лезвааш 7 ҷои шикамашро бурид, ки рӯдаҳояш берун баромаданд. Ҳоло ӯ дар як ҷои махсус маҳкам аст, ки намедонем, чӣ ҳол дорад…»
Ӯ (маҳбуси «Х») инчунин изҳор дошт, ки кормандони маҳбасхона омада онҳоро ба як ҷое, ки даромадани маҳкумшудагон ба он ҷо манъ асту дар сурати даромадан хатари марг таҳдид мекунад, маҷбур ба даромадан мекунанд: «Онҳо моро маҷбур карда истодаанд, ки мо дароем, аммо ин хатар дорад…. Мо ягон гуноҳ надорем, шахсан ман бо тӯҳмат шиштаам, қоидаю қонунро риоя карда истодаем, мехоҳем назди падару модаронамон баргардем. Ба кӣ муроҷиат кунем, намедонем. Толиб гуфтанӣ шахс аст, аз СБ, омада ҳар рӯз моро таҳдид мекунад, ки шумо исбот карда метонен, ки Ҳамзаро кормандони маҳбасхона куштанд? Оқибататонро фикр кунед! Мо агар хап шинем, инҳо моро мисли Ҳамза мекунанд. Мо як яроқ дорем, дар ин ҷо, ки он ҳам лезва ҳаст, барои 2 лезва кормандони маҳбасхона аз мо 100 сомон мегиранд, мо бошем зери азобу шиканҷа қарор дорем».
Гулбаҳор, завҷаи як маҳбусе мебошад, ки шавҳараш 6 сол дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат зиндонӣ буду аз он ҷо ӯро ба Хуҷанд интиқол доданд. Ӯ як рӯз қабл аз ин, аз аёдати шавҳараш аз Хуҷанд баргаштааст, «аҳволи шавҳарамро дида дигар худамро дошта натавонистам. Тамоми баданаш сиёҳу кабуд аст. Дастҳояш сӯзондагӣ даруни чашмонаш сурх шудагӣ аст. Аз дарди асаба дастонаш меларзад. Шавҳарам мегӯяд, ки бе ҳеҷ гуноҳ моро оварда, рост монданду дарҳоро баста 100 нафар кормандони маҳбасхона бо дубинка баромада лату кӯб карданд. Ҷои гурез нест, илоҷ надоштем, сахт заданд».
Ба гуфтаи падари зиндонии маҳбасхонаи №23-и шаҳри Хуҷанд, баъд аз наворҳое, ки тариқи интернет ва бархе расонаҳо пахш шуда ва дар он навор писари ӯ низ замҳои баданашро нишон медиҳад, худашро дошта натавониста ба назди прокурор омадааст. «Кормандони маҳбасхона баръакс ба ҷои беҳтар шудан чораҳои мушаххас мебинанд, ба ҳар восита мехоҳанд фишор зиёдтар шаваду лату куб зиёд шавад, то ин, ки аз гуфтаҳою нишондодҳои худ фарзандони мо даст кашанд. Мақсади асосии омадани ман дар он аст, ки ҳукми қатли ғайриқонуние, ки аз тарафи баъзан кормандони маҳбасхонаҳо тариқи пинҳонӣ рух медиҳад, ҳукме, ки боиси ба даст овардани маблағ ва асосгузори пешравии зиндагии кормандони муассисаҳои ислоҳотӣ аст, қатъ карда шавад. Ба сарвари давлат фаҳмонда шавад, ба шахсоне, ки ӯ бо бовари вазифа додаст, як рӯзи хуб сари мардум биёранд, на баръакс».
Момагул Холмуродова, модари маҳбус Умед Холмуродов дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, прокурори генералӣ ба онҳо иброз намудааст, ки шумо шуру шанг бардоштед, фикр кардед, ки СММ (ООН) ёрдаматон мекунад, хабарнигорони газетаҳо шуморо ёрдам мекунад: «Дар газета гап задед шарм надоштед. Мо одам мондем, рафта тафтиш карданд, ҳамаи гуфтаҳои шумо дуруғ аст».
Ба қавли ин модари маҳбус, Шерхон Салимзода ба онҳо гуфтааст, ки кормандони прокуратура рафта бачаҳоро тафтиш кардаанд ҳамааш 100 фоиз аст. Аммо Момагул Холмуродова мегӯяд, аз сӯҳбат бо писарам маълум шуд, ки ҳар рӯз омада онҳоро (маҳбусонро) лату кӯб мекунанд.
Модари маҳбус, инчунин изҳор дошт, ки Шерхон Салимзода илова намудааст, ки қонуну давлат ҳаст ва он ҷо (маҳбасхона) осоишгоҳ нест. Мувофиқ бо қонуну шароит ва мӯҳлати ҷазо маҳбус ба ҷои зарурӣ фиристода мешавад.
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |