Бахшҳо
15 дек 2012 05:30Фарҳангу адаб

Тавофи каъбаи дил кардааст ў…

Мулоҳизае чанд дар мавриди шахсият, кору эҷод ва махсусиятҳои хунёгарии устод Ҷўрабеки Мурод

Имрўзҳо яке аз хунёгарони машҳури мардуми тоҷик дар садаи ХХ, ҳофизу оҳангсози навовар, таҷдидгари суннатҳои мусиқии миллӣ, сарвари мактаби тозаи овозхонӣ, мунодии созу овози муосир, инсони миллатпарасту ватандўст устод Ҷўрабеки Мурод ба синни ҳафтодсолагӣ қадам мемонад. Ҳафтодсолагӣ дар зиндагии ҳар як инсон айёми айни камолот аст, вале дар фаъолияти марди ҳунар, бахусус ҳунарманде чун Ҷўрабеки Мурод, қуллаи камолоти эҷодист. Устод Турсунзода, ки худ аз нобиғагони адабу фарҳанги навини тоҷикӣ ба шумор меомад, дар баҳо ба аҳли эҷод хеле сахгиру одил буд, дар мавриди ҳунари хунёгарии Ҷўрабеки Мурод изҳор дошта буд: "Ман ба бисёр кишварҳои Шарқу Ғарб сафар кардам, бо аҳли адабу аҳли ҳунари он мамлакатҳо ҳамсўҳбат ҳам шудаам. Аз сурудхониҳои мутрибони шўҳратёри кишварҳои Арабу Аҷам, Ҳинду Покистон Умми Қулкум, Абдулваҳҳоби Мисрӣ, Фирўза Лубнонӣ, Салим Мурод, Ризо Алӣ, Фаррух Ҳилолии Ироқӣ, Муҳаммад Рафеъи Ҳиндустонӣ, Муҳаммадризои Шаҷараёни Эронӣ ва дигар бузургворони санъати овозхонӣ лаззати беандоза гирифтаам. Вале дар ҳама сафарҳоям маро хумори навою таронаҳои сеҳрофарини "Шашмақом", лаҳну захмҳои сетору танбури Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, рези "Чорзарб"-и Акашариф Ҷўраев ва дигарон мегирифт. Махсусан, ҳамеша садои нафису дилангези Ҷўрабек ва сурудхониҳои ў бо лаҳнҳои "Гулузорам", "Гиря", "Савти муноҷот" "Чоргоҳ" ва ғайра гўё ҳамсафару ҳамнафаси ман буданд. Аз ҳофизини муосир Ҷўрабек ягона касест, ки шеърро гўёву расо мехонад, муроди шеъру оҳангро ба дилу мағзи шунаванда мерасонад. Ман, ба ростӣ, аз хонишу ромишгариҳои ў ҳаловати беандоза мебарам".

Инак, дар айни камолоти эҷодии ҳунарманди номдор метавонем чунин натиҷагирӣ кунем, ки зуҳури Ҷўрабеки Мурод дар фарҳанги тоҷикии панҷоҳ соли охири садаи гузашта ва оғози садаи бисту як, дарвоқеъ, ҳодисаи таърихист.

Аслан давраи мазкур дар ҳаёти фарҳангии ҷумҳурии Тоҷикистон як марҳалаи муҳими озодандешӣ, ибтикорот ва қолабшиканиву дороиафзоӣ будааст. Бояд гуфт, ки пештар аз ин, яъне аз нимаи солҳои панҷоҳ афроди эҷодкоре чун Пўлод Толис, Ғаффор Мирзо, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мўъмин Қаноат, Одина Ҳошим, Зафар Нозим ба роҳи навкорӣ вориди адабу ҳунар гашта буданд. Вале воқеъият чунин аст, ки маҳз дар солҳои шаст дар адабиёту ҳунар ва илму санъати тоҷикӣ як зумра чеҳраҳое мисли устод Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир, Маликаи Собир, Маҳмуди Воҳид, Атои Муҳаммадҷон, Ҳошими Гадо, Акбари Турсун, Отахон Латифӣ ба арсаи эҷод, ҳунарнамоӣ, фарҳангу пажўҳишгарӣ ворид шуда, бо кўшишҳои созандаашон фазои маънавии Тоҷикистонро ғанӣ ва қудрати фарҳангофаринии миллатро афзун гардониданд.

Аммо дар ин силсила Ҷўрабеки Муродро матавон як ҳалқаи мустаҳкам ва тиллоие ба шумор овард, ки тавассути ғаризаи шахсӣ, ҷозибаи ҳунари воло ва ба тақозои табиати ҳунарвариаш кам ё беш мазияти ҳамаи он ҳамсолону дўстонашро дар худ таҷассум карда тавонистааст. Дар ҳунари ў овозхонӣ, созандагӣ ва интихоби матни сара барои сурудҳо сифатҳое чун саҳнаороӣ, сухансанҷӣ, тааммуқу вусъати андеша, парвози хаёл, талқини зебоишинохтӣ ва зиндагидўстӣ хеле табиӣ ба ҳам омадааст, ки аз бисёр ҷиҳатҳо дар санъати овозхонии тоҷик ҳодисаи нав маҳсуб мешавад. Ҳамин хислати нотакрор ва ғайримунтазира будани истеъдоди Ҷўрабеки Мурод шуд, ки баробари ба рўи саҳна омаданаш ўро чи аҳли ҳунар ва чи оҳангсозон, чи қишри андешаманди ҷомиа ва чи мардуми одӣ бо шавқу таваҷҷуҳи хосса истиқбол карданд.

Чунон ки мегўянд, дуои хайри мардум мустаҷоб гардид ва дар бўстони ҳунари тоҷик булбули хушнавое ба хониш омад, ки садояш оромбахши равонҳо ва дармонбахши дардҳо шуд ва шахсияташ ифтихори тоҷикону Тоҷикистон гардид.

Нахустин бархўрди бевоситаи Ҷўрабеки Мурод бо ҳунари ҳирфаӣ дар даргоҳи Донишкадаи омўзгории Хуҷанд (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ки эшон чанд гоҳ баъд аз хатм устод ва дар солҳои охир дар ин даргоҳ ба сифати устод-профессори бахши ҳунар ба тадрис машғул буд) ва муҳити ҳунарии ин шаҳр ба амал омадааст. Банда, ки дар соли аз Хуҷанд ба Душанбе ба кор омадани эшон муҳассили донишгоҳи мазкур шуда будам, каму беш аз устодону дустони вай ва доираи фарҳангию ҳунарии он замон огоҳ мебошам, шоҳид ҳастам, ки то кадом дараҷа устодони донишгоҳӣ Деҳқонбой Неъматзода, Ҳамдам Очилов, Файзулло Абдуллозода, Темур Мақсудов ва муҳити адабию ҳунарӣ бо сарварии Раҳим Ҷалил, муғанниён Носирҷон Азимов, Рамз Алимуҳаммадов (дар назди бахши фарҳанги шаҳр, машҳур бо номи "Хонаи пионерон") аз пайи тарбияи эҷодкору ҳунурмандони ҷавон буданд. Дар ҳамин айём овозхони мумтоз Боймуҳаммад Ниёзов ба арсаи ҳунар бо эҷодҳои воқеан дилрабои тоҷикӣ ворид гашт. Ин замоне буд, ки дар Хуҷанд садо ва симои ҳамсояҳо бо тамоми қувваю қудраташ яккатозӣ дошт, балки аз сустии имкони садопахшкунӣ родёи ҷумҳурии моро дар тамоми манотиқи кишвар хеле бо мушкилӣ мешуниданд (дар бораи пахши барномаҳои симои тоҷикӣ дар қисмати шимолӣ ҳоҷат ба ҳарф задан нест, зеро он дар он солҳо ба куллӣ ба ин минтақа пахш намешуд). Бар асари ин сурудҳои хуб, оҳангҳои марғуби ҳунармандони тоҷик бо як тарзи хеле хафиф ва холӣ аз рангу равған ва қувваю таъсир ба гўш мерасид (Ин мушкил ва мушкили пахши хубу саросарии симо имрўз низ дар ин минтақа бо мушкилӣ ҳал мешавад, ки боиси афсўс аст). Ҳар чӣ набошад сурудҳои Акашариф Ҷўраев, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Барно Исҳоқова, Рена Ғолибова, Ҳанифа Мавлонова, Аҳмад Бобоқулов, Ҳусейн Насриддинов, Темур Ҷалолов ва боз чанди дигарро мардум бо ҳавсалаи том гўш мекарданд. Вале бо ин ҳама нигоҳ накарда дар доираи хонавода, маъракаҳо ва, ҳатто, саҳни театру хонаҳои эҷод бештар сухани бегона ба гўш мерасид. Ин ҷо, ба фикри банда, як сабаби дигари ҷиддӣ низ буд, ки ба суннати куҳани сарояндагии мардуми ин маҳалҳо иртибот дошт.

Тахминан аз нимаҳои солҳои 30, баъди он ки Ҳоҷӣ Абдулазиз ва Содирхони Ҳофиз фавтиданд ва дигар аз овозхонони машҳур, аз ҷумла Домулло Ҳалим, ба ҷумҳурии Узбакистон ба хидмат омаданд, бештари оҳангҳои куҳан ва маъмулу машҳури тоҷикӣ бо шеърҳои шоирони узбак суруда мешуданд. Чунин шуд, ки мардум аслу пайдоиши он оҳангҳоро низ аз дигарон мепиндоштанд. Бахусус, ки ин сурудҳоро ҳофизони тоҷик, яҳудӣ ва узбакони ин ҷумҳурӣ хеле ҳунармандона иҷро мекарданд ва тарғибу ташвиқи онҳо тавассути родиё хуб ба роҳ монда шуда буд. Аслан, ин ҳодиса ҳеч бадие надошт, зеро дар давоми чанд аср мусиқии суннатии тоҷикӣ, мисли забону адаби мо ба фарҳангу маънавиёти бародарони узбак таъсири судманде доштааст, балки эшон низ дар ривоҷи ҳунари мусиқии классикӣ то андозае саҳм гирифтаанд ва ҳеч набошад он оҳангҳои қадимаро дар ҳофизаи мардуми як минтақа зинда нигоҳ медоштанд. Аммо бадии кор дар он буд, ки ин амал моро хотирҷамъ, балки бо лаҳну оҳанги бегона омўхта мекард ва ба ҳамин сабаб буд, ки тибқи шаҳодати устод Боймуҳаммад Ниёзов то охири солҳои 50 дар барномаи театри ба номи Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хуҷандӣ) ягона суруди машҳури тоҷикӣ асари халқии "Хуш он замон" будаасту бас.

Гумон мекунам, ки бо он ҳама эҳтироме, ки устод Боймуҳаммад Ниёзов ба ҳунари сарояндагии узбакӣ дошт, нигоҳ накарда, вай аввалин касе шуд, ки бар алайҳи вазъи маънавӣ дар ҳунари овозхонии минтақа исён кард ва бо эҷоди оҳангу сурудҳои сараи тоҷикӣ шўҳратёр низ гашт. Акнун сурудҳои вай дар баробари ҳофизони машҳури узбак М. Узоқов, К. Отаниёзов, О. Имомхўҷаев, Ф. Умаров ба мусобиқа даромада, дар маъракаву маҳфилҳо бо онҳо баробарӣ мекарданд. Хизмати бузурги устод Боймуҳаммад Ниёзов дар он аст, ки вай ба барқарор кардани суруди тоҷикӣ дар зиндагии маънавии мардуми як минтақаи бузурги тоҷикнишин роҳ кушод. Аммо дар ин раванд ва дар мусобиқа бо ҳунармандони кишвари ҳамсоя барои ба даст овардани нуфузи ҳоким дар байни мардум ва гўйи сабқат рабудан ба пайрави ҷавони эшон, минбаъд устоди баркамоли ҳунар Ҷўрабеки Мурод муяссар мегардад...

Ин амал андаке баъдтар сурат мегирад. Барои ба ин ҳадаф расидан меҳнат, омўзиш, ҷустуҷўҳои пуршиддате Ҷўрабекро дар пеш аст. Вале дар ибтидои солҳои 60 вай дар бо мушоҳидаву мулоҳиза ва омўзишу таъсири муҳити маънавии мазкур қадамҳои ибтидоӣ ва шогирдона мебардорад: ҳам сурудҳои халқӣ мехонад, ҳам дар лаҳну оҳанги устодони сурудхон, бахусус Боймуҳаммад Ниёзов овозхонӣ мекунад ва ҳам роҳу равиши созу овози ҳофизони узбакро меомўзад. Вале дар ин амали ў чизе муҳим, чизе покиза, чизе нав ва дилраси тоҷикона эҳсос мешуд, ки ҳунари овозхонии ўро аз дигарон, ҳатто аз устодон тафовут медод. Вай, на танҳо овози ширину ҷилодор ва лаҳни абрешимин дошт, балки матнро, суханро буррову равшан, бо риояи вазни дарунии вожаҳо, бо таъкидҳои ба худаш хос ба шунаванда мерасонд ва аз ҳама муҳимаш, эҳсос мешуд, ки ў оҳанги дигаронро чун эҷоди худаш ва бо рангу оҳанги нав ба таври худ иҷро менамояд. Ҳамин гуна буданд сурудҳои Ҷўрабеки Мурод "Лаби нўш", "Моҳи тобонам, биё!", "Омадӣ, рафтӣ", "Ёр-ёр", "Қўшчинор", ки ўро ба доираҳои ҳунарӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ карданд. Яъне ў аз оғоз на аз роҳи тақлиди маҳз, балки аз ҷодаи шакл додани сабку равиши хоси иҷрокунандагӣ қадам ба арсаи эҷод ниҳод, ки ин нишонаи соҳибистеъдод будани эшон ба шумор меояд. Зеро маҳз истеъдод ҳар чизи муқаррариро ба сурати зебо медароварад, чизи нав тавлид мекунад, фаромўшшудаҳоро аз нав эҳё месозад, ба буда таровати тоза мебахшад.

Инак, соли 1963 бо талқину талаби доираҳои расмӣ, бо хоҳиши дил ва фотиҳаи падару модар ў овозхони Филармонияи давлатии Тоҷикистонро аз омўзгории донишгоҳи олӣ тарҷеҳ дод. Балки аз ҳамин сол ба баъд ў дар раванди инкишофи ҳунари муосири тоҷикӣ, санъати овозхонӣ ва оҳангсозӣ ба иштироки фаъолона мепардозад, ба сабкҳои фаромўшшуда ҷони нав мебахшад, роҳу равиши худро ташаккул дода, мактаби хосу тозаи хунёгариро бунёд мегузорад. Албатта барои амалӣ шудани ниятҳои эҷодии ў муҳити шаҳри Душанбе ба сифати маркази фарҳангии ҷумҳурӣ мусоидат намуд, зеро акнун вай, аз як ҷониб, дар ҷўши ҷустуҷўҳои эҷодии аҳли ҳунар, аҳли адаб ва тамошобини сахтгир қарор гирифта бошад, аз тарафи дигар, доираи маълумот ва омўзишаш фарохо мешавад ва ҳисси масъулият бо орияти худтасдиқкунӣ ўро ба сабқати эҷодӣ бо ҳампешаҳояш мекашад ва натиҷаҳои қобили таваҷҷуҳе ба бор меоварад.

Дар қадами аввал, Ҷўрабеки Мурод баробари такмили маҳорати иҷрокунандагии хубу фараҳангез ба созандагӣ пардохт, яъне оҳангҳои тоза ва сурудҳои худашро эҷод кард ва манзури ҳаводоронаш гардонид. Дар сурудҳои аввал вай кўшидааст, ки кайфияти қишри гуногуни ҷомиа - ҳам ҷавонони донишомўзи ошиқ, ҳам мардуми одии меҳнатӣ ва ҳам эҳтиёҷи маънавии рўшанфикронро фаро гирифта бошад ва завқу табъ ва ҳиссиёту руҳияи онҳоро бозгў намояд. Ин амали ў, ки ба ифодаи олами дарунии шунаванда ва хостаҳои ботинии ў мутаваҷҷеҳ гардидааст, як хубии дигар дошт. Ин ҳам бошад ба ин васила аз аввал ў худро бо сурудани танҳо тавсифномаҳо ва ашъори тарғибии маҳз маҳдуд накард ва ин ба ҷустуҷўҳои эҷодии минбаъдаи вай имкони бештаре фароҳам меовард. Эҷодҳои аввалини вай чун "Нома", "Асири ҳусн", "Гули садбарг", "Студент", "Шармида-шармида" аз оғози равиши мазкур гувоҳ буданд. Ин сурудҳо аз ҳайси муҳтаво дар як поя набошанд ҳам, вале шириниву дилрасии эҳсос ва покизагию самимияти иҷро баъзе камбудиҳоро дар арзиши матнҳо мапўшид. Аммо дар сурудҳои хуби вай "Ту гул не!", "Матои ҳусн", "Ғалат", "Домани эҳсон", "Имшаб ба базми соҳибҷамолон", "Шабат хуш бод, ман рафтам" ҳунари иҷрокунандагӣ, овози хуш ва манти сара тавъам омада, хеле зуд вирди забонҳо гаштанд ва шўҳрати эҷодкорашонро афзун сохтанд. Ва натиҷаи ҷолиби ин ҷўяндагву созандагии муваффақ, ба фикри банда, сурудҳои "Ватан" (матни М. Турсунзода), "Ҷон писар" (матни М. Аминзода), "Дилбараш", "Ҳамсуханӣ" (матнҳои Туғрал), "Башорат нест" (матни А. Шукўҳӣ)-ро ба шумор овардан мумкин аст.

Устод Ҷўрабек аз он ҳунармандони нодирест, ки вазъи равонии толор ва шунавандаро хеле бахубӣ эҳсос мекунанд ва худ низ онҳоро ба рўҳияи дилхоҳи худ ворид сохта метавонанд, ки дар натиҷа байни эшон ва шунаванда иртиботу ягонагии маънавӣ ба миён меояд.

Бештари сурудҳои Ҷўрабек Мурод аз тавсифи некӣ, эҳтироми падару модар, даъват ба одамдўстӣ, қадршиносӣ ва диёрдорӣ иборат мебошад. Овозхон тавассути лаҳни ширин, зарбҳои бамаврид ва таъкиди маънӣ муҳтавои шеърро ба дилҳо менишонад, таъсири малоловари насиҳати хушкро аз байн мебарад. Зиёда аз ин, онҳоро ба сифати суруд ҳар як фард ба таври худ замзама мекунад ва муҳтавои андарзӣ ғайриихтиёр ба дастури ахлоқии ў табдил меёбад. Ба ин маънӣ, андарзсурудаҳои устод Ҷўрабек зимни худ ҳикматеро доро мебошанд, ки боиси андешаманд шудани ҳаводоронаш мегардад ва дар онҳо барои мулоҳиза сари рисолати шахсии худ дар зиндагӣ ба сифати як инсон имкон фароҳам меоваранд.

Устод Ҷўрабеки Мурод ҳанўз дар замони шўравӣ дар масаъалаи миллӣ ҳассосият нишон медод. Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ҳар истеъдоди нодир ва ғайримунтазира ҳамеша боигарии миллӣ аст ва худи ин ҳунарманди тавоно ҳатто ғайриихтиёр аз мубаллиғони фарҳангу ҳунари миллӣ ба шумор меояд. Агар ин амал ба фаъолияти огоҳонаи вай табдил шуда бошад, пас арзиш ва асари ин амал як бар чанд меафзояд.

Аввалан, Ҷурабеки Мурод ба иҷрои шеърҳое пардохт, ки дар мавзўи ватан ва Тоҷикистон бахшида шуда буданд. Сурудҳои "Оҳанрабо", "Тоҷикистон", "Суруди Рўдакӣ", "Ватан", "Дараи арўсон" (шеърҳои Мирзо Турсунзода), "Ушшоқи Душанбе", "Зодаи Тоҷикистон", "Забонгумкарда" (шеърҳои Лоиқ), "Тоҷик" (шеъри Гулрўхсор) аз ин эҷодкориҳои пурмаҳсул буданд. Ин риштаи эҷодиёти Ҷўрабеки Мурод, бахусус, дар замони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савияи нав боло рафт. Акнун вай имкон пайдо кард, ки ифтихороти худро аз ватану миллат ошкоро иброз намояд, балки дар ин мавзўъ як барномае дошта бошад, ки тавсифи мардуми ба истиқлолрасида ва ягдигарфаҳмиву ваҳдати онҳо, таърихи вай, забону фарҳанги ўро фаро гирад. Ў аз аввалин ҳунармандоне буд, ки тавассути суруд бо овози баланду боифтихор "Тоҷикам" гўён садо дар дод. Ва дар ҳамин сабк сурудҳои вай "Бифахрам, ки ман Тоҷикистониям", "Тоҷикистон", "Ватан, эй қиблаву меҳроби ишқам", "Салом, эй бўйи ҷўйи Мўлиёнам" (Фарзона), "Таронаи ваҳдат", "Рўдакиро кўр кардан бас набуд… Чун теғ ба даст орӣ душман натавон кушт", "Бонги ҷашни тоҷикон ояд ҳаме" (Лоиқ) ба миён омаданд, ки баёнгари эҳсои мардуми соҳибитиқлол, худогоҳии таърихиву миллӣ ва ифтихори ватандории эшон мебошад.

Ҷанбаи миллӣ ва худшиносии Ҷурабки Мурод паҳлуҳои ганогун дорад. Яке аз он мақоми эшон дар бедории тоҷикони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ мебошад.

Чун ў дар миёни тоҷикони Осиём Марказӣ обрўи зиёд дошт ва мухлисон вайро беандоза дўст медоштанд, ба ин васила дар зеҳни онҳо хеле аз сурудҳои классикӣ ва умуман лаҳни тоҷикиро зинда гардонид ва барои эҳёи фарҳангу ҳунари тоҷикӣ ва муҳаббат ба забони модарӣ хизматҳои беандоза кардааст. Банда, боре шунидам, ки дар ҷараёни ҳунарнамоӣ дар байни тоҷикони ҳамсоякишвар аз китоби дарсии тоҷикӣ масъала ба миён овард ва ҳатто изҳор дошт, ки муаллими синфҳои ибтидоӣ аст ва агар зарур шавад, метавонад барои онҳо ин вазифаро ба ҷо оварад. Ин суханони устод ба ин маънӣ буд, ки бояд ҳамзабонону ҳаммилатҳои мо дар ин соҳа кўшиш ба харҷ диҳанд ва бачагони худро дар мактабҳои тоҷикӣ ба таҳсил диҳанд ва дар ин кор аз дасти вай чӣ кўмаке бармеояд, онро дареғ намедорад.

Чун сухан дар бораи нуфузи устод Ҷурабек дар байни тоҷикони Самарқанду Бухоро, водии Фарғона, Бойсун, Шаҳрисабз, ҳаммилатони Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра аст, наметавонам як воқеаро, ки дар шаҳри Самарқанд мушоҳида карда будам, инҷо изҳор надошта бошам. Банда боре ба қасди дидори ватан ноҳияи Айнӣ (Фалғар) дар Самарқанд роҳгузар будам ва чун субҳ аз кўчаи байни Регистон ва бозори шаҳр пиёда мерафтам, гуё ҳама ҷо ором буд, вале ногаҳон ҳама атроф аз садо пур шуд ва дар назари аввал ҳеч чизро пай набурдам, вале баъди сонияе садои ширину марғуладори устод танинандоз гашт ва сартосари хиёбони бузургро фаро гирифт. Дўкондорон ҳама баробар садобардори родиюро боло бардошта буданд ва суруди "Гулузорам" бо ҳама шукуҳу азамат шунида мешуд. Оре, садои асилу махмалини устод ба дили мардуми тоҷики Самарқанд на танҳо ҳамсадову ҳамнаво, зиёда аз он, дар таҳтушшури эшон ҳисси миллӣ ва ифтихорро ба ҷунбиш оварда буд. Эҳсос мешуд, ки ҳофизи асил чӣ инқилобе дар дилу шуури мардум метавонад ба амал баровард. Марҳамат, омили муассире барои дар дили ҳаммилатонамон доим зинда нигоҳ доштани эҳсосу ғурури миллӣ! Баъзе зоҳирназарон дар ин кор ҳофизони эстрадиро низ номабар мекунанд, вале эҳсос намекунад, ки овозхонии устод дар ин мавридҳо фақат хондан бо лаҳни тоҷикӣ нест, балки баёнгари руҳу равон, ҳуввияти миллат аст, ки ҳамеша зинда нигоҳ доштани он бисёр ва бисёр муҳим аст. Дар ин маврид ҷои Ҷурабеки Мурод истисноист! Агар чунин нест, агар эҳсоси тоҷикигарӣ нест, пас чаро дар Бухоро устоду мошинаашро сари китф бардошта вориди саҳни ҳунари варзишгоҳ мекунанд?!..

Зиёда аз он, устод Ҷўрабек ба ваҳдати фарҳангӣ ва маънавии умумифорсӣ низ таваҷҷўҳ зоҳир карда, ин ягонагиро дар сурудҳои худ талқин ва тавсиф менамояд. Ў дар гузашта ва даҳсолаҳои охир низ борҳо ба Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон, Исроил, ба Амрикову Аврупо сафар карда, фарҳанги моро дар баробари мардуми дигар, ба ҳамзабононамон муаррифӣ кардааст. Ин ҳама баёнгари он аст, ки дар фаъолияти ҳунарии Ҷўрабеки Мурод буъдҳои гуногуни ҳунарӣ, адабӣ, илмӣ, сиёсӣ, равонӣ ва ахлоқӣ ба ҳам омадаанд.

Аммо бар иловаи ин ҳама дар барномаи консертии эшон солҳои охир маънавиятгароӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Он чӣ дар мавриди худшиносиву худогоҳӣ, тааммуқписандӣ ва андешапарварӣ гуфта шуд, аз ҳамин мабда сарчашма мегирад. Ҳамчунин ў ба масъалаи ирфон, иртиботи инсону Худованд, тавҳиди одам ва Офаридгор бештар мутаваҷҷеҳ шуд ва хеле сурудҳои баланди ниёишӣ манзури шунавандагон намуд. Ин таснифҳо аксар офаридаи худи эшон аст ва ҳамчунон ба оҳангҳои классикӣ суруда шудаанд ва гоҳо дар онҳо зарбу нола ва хитобҳои ҳамсони овозхонии қаландмашрабона эҳсос мешавад. Сурудҳои "Худойи ман", "Манро зи хоби ғафлат бедор кун, Худоё", "Дар синаи ғамхори ман меҳри Худо хуш омадӣ", "Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем", "Эй дўст", "Шаҳри ишқ", "Девона шав" ва бисёр дигарро ном бурдан мумкин аст.

Як риштаи муҳими фаъолияти овозхонии устод Ҷўрабеки Муродро, ки, бешубҳа, ҷанбаи маънавӣ дорад, эҳё ва иҷрои сурудҳои классикии "Шашмақом" ташкил менамояд. Аслан сабки овозхонӣ ва эҷодии эшон бар зарбу усули "Шашмақом" бунёд ёфтааст. Иҷрои "Шашмақом" кори содае нест, на танҳо овози пуртавон, хушҷило ва пуррангу равған, лаҳни чандпаҳлуро тақозо дорад, ки он ҳама ғанои оҳангиву овозӣ ва зеру бамҳои ин асари бузург ва олиро фаро гирифта тавонад, боз ҳам саводи кофӣ аз илми адаб ба маънии классики он, ки маънавияти комилро фароҳам меоварад, тақозо дорад. Гумон мекунам, ки бояд мақомсаро тавваллуд шуд ва ҳамроҳ ба ин салиқа танҳо омўзишу тамрини пайваста, коркарди овоз ва аз бар кардани донишҳои инсонӣ имкон медиҳанд, ки ба сурудани "Шашмақом" омода бошӣ. Дар омади сухан бояд гуфт, ки фаҳму дарки "Шашмақом" низ кори сода нест. Чунонки рамзу рози шеъри класикӣ ба осонӣ даст намедиҳад, пас ин ҷо низ зарур аст, ки омодагии хоссае дошта бошем, вагарна аз сари сабукборӣ аз он ба зудӣ даст мебардорем ва ё зодаи завқи олии мардуми худро ба ду дасти адаб ба бегонагон тақдим мекунем. Аммо барои ин ки чунин коре рух надиҳад, пас баробари шунаванда масъулияти мутахассису овозхонони "Шашмақом" бисёр бузург аст ва заҳмати онҳое, ки ин мусиқии асилу мураккаби ҳирфаиро бо ҳунармандии тамом ба зеҳни шунаванда менишонад, шоистаи тавсифу тақдир мебошад. Хидмату талошҳои устод Ҷўрабек дар ин маврид низ дар қатори Барно Исҳоқова, Боймуҳаммад Ниёзов, Нериё Аминов, Мастона Эргашева ва дигарон сутуданист.

Устод Ҷўрабеки Мурод дар ин маврид мушаххасан чанд кори назаррасеро анҷом додаст. Аввалан, ба воситаи сурудаҳои вай осори "Шашмақом" аз доираҳои танг ба рўи саҳна омад, яъне акнун иҷрои он танҳо дар саҳнаи радио ва телевизион маҳдуд намемонд, балки як ҷузъи барномаи консертии ҳофизонро ташкил медод ва ба ин васила байни мардум мерафт. "Гулузорам", "Насри сегоҳ", "Бозургонӣ", "Ушшоқи Ҳофиз", "Муноҷот бо савташ", "Ироқи Бухоро", "Чапандози Ироқи Бухоро", "Баёти панҷу шаш", "Танаввор", "Гиря", "Ушшоқи Содирхон", "Фирўз", "Қалъабандӣ" ва дигар оҳангҳои "Шашмақом"-у сабки классикӣ эҷодшуда дар иҷрои эшон умри дубора ёфтанд. Зиёда аз он, устод аксари ин сурудҳоро бо матнҳои наву ба оҳанг мувофиқ ба сабки хосае сурудааст, ки акнун бисёре аз ин сурудҳоро сарояндагони дигар бо ин шева иҷро менамоянд. Вай дар ин ҷода мисли устодони ҳунар Барно Исҳоқова ва Боймуҳаммад Ниёзов роҳкушо ва соҳибмактаб аст. Аслан, эҷодиёти вай ва оҳангу сурудҳояш дар равиши ромишгарии "Шашмақом" эҷод шудаанд ва яке аз намунаҳои муваффақи ин эҷодкорӣ "Ушшоқи Душанб" бар шеъри устод Лоиқ ба шумор меояд. Бомаврид аст ёдовар шавем, ки устод Ҷўрабек хеле аз шогирдонро тарбия кардааст, балки ба сифати раҳбари дастаи шашмақомсароёни "Нўри Хуҷанд" барои ривоҷи ин ҳунари воло саҳми босазое мегирад.

Дар охир бояд қайд кард, ки овозхонӣ барои устод Ҷўрабек на танҳо истеъдоди худодод, балки меҳнати шоққа ва ҷўяндагии ҳамешагист (дар ин маврид ба он ҳама сифатҳои дар боло зикршуда ҳаминро боз бояд илова намуд, ки устод Ҷўрабек овози пуртавон дорад ва бештари сурудҳои ў аз панҷ дақиқа боло ва хеле аз онҳо то даҳ-дувоздаҳ дақиқа имтидод доранд, ки ин худ як хусусияти нодири овозхонии эшон мебошад). Ҷўрабеки Мурод дар ин амали худ аз ҳеч гуна заҳмат рўй намегардонад ва дар айни камолоти эҷодӣ низ аз пайи ҷустуҷўй ва навоварӣ мебошад. Вай дар назди тамошобин ва суннати фарҳанги овозхонии тоҷикӣ масъулияти бузургеро дарк менамояд ва аз ин рў ҳар барномаи консертии худро ба тарзи нав ва бо сурудҳои асосан тозаэҷод ва ба руҳи вақту замон мувофиқ тартиб медиҳад. Эшон имрўз низ ба ҷашни мубораки зодрўз бо тайёрии бисёр арзандае меравад ва, албатта, боз хотири ҳаводоронро шод ва дар рушди ҳунари хунёгарии мардумаш саҳмгир хоҳад шуд. Хунёгари нотакрор ва шаҳсутуни ҳунари овозхонии муосири тоҷик, устод Ҷўрабеки Муродро дар рўзи ҳафтодсолагии умр самимона табрик мегўем, таманнои онро дорем, ки ба бахти ҳунари тоҷикӣ, шунавандагони сершумори худ ва таҳкиму тавсиаи худшиносии миллӣ ва маънавии мардуми мо солҳои зиёде кору эҷоди самаранок ва бобароре хоҳад намуд. Ва боз устод Турсунзодаро ёд меоварем, ки таъкид карда буд: "Ҷўрабекро бо чашми кам мабинед. Халқи мо хушбахт аст, ки Ҷўрабек барин сарояндаву мутриби нотакрор дорад".

Абдухолиқи НАБАВӢ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)