Бахшҳо

RSF: Барои озодии хабарнигор Усмонов кӯшиш кунед

Созмони «Хабарнигорони бидуни марз» (RSF)  баёнияи навбатиашро дар мавриди Ӯрунбой Усмонов, журналисти боздоштшудаи радиои Би-Би-Сӣ дар шимоли Тоҷикистон ба нашр расонид.


Зимни изҳороти ин ташкилоти байналмилалӣ, ки қароргоҳаш дар Парижи Фаронса воқеъ аст, аз ҷумла омадааст: «Аз ҳамаи ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи башар, расонаҳои ҳамагонӣ ва журналистон дар саросари ҷаҳон даъват мекунем, барои озодии фаврии хабарнигори бахши осиёимиёнагии Би-Би-Сӣ Ӯрунбой Усмонов, ки дар маҳбас ба сар мебарад, садо баланд кунанд. Иттиҳомоти нав бар зидди вай бепоя баромад ва ин нақзи озодии матбуот дар Тоҷикистон ба шумор меравад».   
Ёдрас менамоем, бино ба хабари дафтари матбуотии ВКД рӯзи 14- уми июни соли равон, кормандони мақомоти интизоми  хабарнигори радиои «Би –Би- Сӣ» (BBC) дар вилояти Суғд Ӯрунбой Усмонови 60-соларо бо ҷурми узвият дар ҳизби фаъолияташ табушудаи “Ҳизб-ут-таҳрир” боздошт карданд. Гуфта мешавад, мавсуф  аз соли 2009 ихтиёран ба аъзогии ин ҳизби ғайриқонунӣ шомил гашта, ба ташвиқоту тарғиботи ифротгаронаи ин ҳизб дар шабакаҳои интернет машғул будааст. Усмонов ба ҷуз ин дар шимоли мамлакат китобу маҷалла ва варақаҳои мазмуни ифротгаронадоштаи ин ҳизбро паҳн намуда, бо ҳамин роҳ сокинони вилоятро ба узвияти ин ҳизб даъват менамудааст. Дар ҳамин ҳол, Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеи вай мегӯяд, «лағви иттиҳоми узвияти вай гувоҳӣ медиҳад, ки нирӯҳои амниятии Тоҷикистон бар зидди вай далели кофӣ надоранд.  {jathumbnail off}
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)