Тайи 10 руз, аз 7 то 17-уми декабр дар шаҳри Қуниё бо ташаббусу мусоидати Вазорати фарҳангу туризми Туркия барномаҳои вижае барои гиромидошти ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) баргузор хоҳад гашт. Банда ҳам, барои зиёрати ин орифи бузургвору пири тариқат ва омода кардани як гузориш роҳи куҳаншаҳри туркиро пеш гирифтам. Роҳ хеле тулонӣ буда, аз Истамбул то Қуниё тақрибан 900 км-ро дарбар мегирад, аммо ташнагии зиёрати он бузургвор ҷодаро кӯтоҳ ва хастагиро рафъ мекард. Пас аз 11 соати сафар, ки он бо автобус идома дошт, ба Қуниё расидем. Аҳолии ин шаҳр 2 млн нафар буда, дар васати Туркия ҷойгир шудааст. Маълум гашт, ки номи қадимии ин шаҳр Иконион буда, баромадаш аз вожаи юнонист. Он дорои таърихи қадим ва бой аст, созмони ЮНЕСКО низ инро эътироф кардааст.
Қуниё ва Мавлои Рум
Қуниё бештар бо ҳунари қолибофӣ, нонҳои гӯштиву панириаш ва бо шакарқанди нодираш машҳур буда, боду ҳавояш ба Тоҷикистони мо монандӣ дорад. Дар ҳамин шабу рӯз ҳарорат ба 10 дараҷа гармӣ мерасад… Оромгоҳи ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар маркази шаҳр ҷойгир шуда, бузургу мӯҳташам аст, шаҳрдорӣ атрофи мазори ҳазрати Мавлоноро барои таҷлили мавлуди ин орифу давру замон ободу зебо мекунад.Дар ҳар қадам тоблуҳои бузург бо забонҳои мухталиф аз панду насиҳатҳо ва гуфтаҳои мавлоно ба назар мерасанд: "Дар хушбинӣ ҳаммонанди баҳр бош!", "Дар дидани нуқсони дигарон ҳаммонанди шаб бош!", "Дар шафқат ва марҳамат ба монанди офтоб бош!".
Сайфулло Экми Оғлу, як масъули шаҳрдории Қуниё аснои сӯҳбат бо зоирин гуфт,ҳамасола дар ин рӯзҳо шаҳрдорӣ барои меҳмонҳои хориҷиву ватанӣ шарту шароити хубу олиро муҳайё мекунад. Вақте фаҳмид, ки мо тоҷик ҳастему барои зиёрат ва таҳияи мавод омадаем, хушҳол шуда,- пас шумо тоҷик - хуросонӣ ҳастед, ҳамшаҳрии ҳазрати мо ҳастед,-гуфт. Гуфтем, оре…
Ба нақли ӯ, ин ҷо якҷо бо мавлоно ёрони хуросониаш ба хоби абад рафтаанд. Экми Оғлу изофа кард, ки: «Мо мардуми турк бо шумо тоҷикон аҳли як дину як мазҳабем, ҳазрати Мавлонову ёрони хуросониашро дӯст медорему эҳтиром мекунем».
Бо роҳнамоии Сайфулло Экми роҳ ҷониби мазори Мавлоно гирифтем. Мушоҳида мешуд, ки садҳо нафар аз дуру наздик ба зиёрат омадаанд. Дар даромадгоҳи мазор бо ҳоҷӣ Абдулмӯъмин Зиёвуддинов, тоҷике, ки алъон шаҳрванди Русия асту дар шаҳри Санкт-Петербург ба сар мебарад, шиносоӣ пайдо кардем. Ҳоҷии тоҷик аз чунин як роҳи дур ба зиёрати Мавлоно омада, орзуи дидани ҷашни «Шаби арус»-ро доштааст.
Бояд бигӯям, ки дар гирду атрофи мазори мазкур, дӯстони хуросонии Мавлоно хуфтаанд. Ҳама ҷои он тозаву озода ва зебост. Марқади Ҷалолиддини Румӣ бо сабку салиқаи хос бунёд гардидааст. Беихтиёр дар дил орзуи онро кардам, ки кош ҳар як тоҷикистонӣ ба зиёрати ин бузургвор бирасад…
Осори гаронбаҳои Румӣ, аз қабили "Маснавии Маънави", "Фиҳӣ мо Фиҳӣ", "Мактубот", ҷомаи хоксорона, саллаву тасбеҳи ӯ дар маъраз гузошта шудааст. Дидани тори риши мубораки паёмбари бузургвори ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (С.С.), ки дар зери шиша дар даруни сандуқчаи бисёр қадимӣ ҷойгир буд, маро чунон тасхир кард, ки одаму оламро фаромӯш сохтам. Хулоса, чанд рӯзе, ки он ҷо будам, хаёлан бо Мавлоно будаму дар олами рӯъё. Сайре доштам дар олами маонӣ ва пур зи маънии ҳазрати Румӣ…
PS: Ҳафтаи Мавлоно дар дигар шаҳру марокизи Туркия ба монанди Анқараву Истамбул ва Измир ҳм баргузор мешавад. Дар он ҷашнвораҳо низ мавлоношиносони маъруф аз Туркия, Тоҷикистон, Эрон, Озорбайҷон, кишварҳои Аврупову Осиё ширкат хоҳанд кард. Кору фаъолияти Мавлоно, ки имрӯз ба рамз ва нишонаи таҳамулпазирӣ дар дунё бадал гаштааст, боиси пайравӣ ва сабақ аст. Мо тоҷикон аз он ифтихор дорем, ки шахсияти нотакрор, сӯфии бузург ва андешаманди ҷаҳони ислом аз ниёкони сарбаланди мост…
Зафар МАҚСУДОВ
Истамбул-Қуниё-Истамбул
Мӯҳр« Декабр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | ||||||
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 |