Бахшҳо
11 дек 2012 06:33Гузориш

Нигоҳе аз зовия ба вазъи Сурия

Амрико ва дигар кишварҳои ғарбӣ ҳамзамон бо доман задан ба шоеае дар талош ҳастанд то заминаи дахолати низомӣ дар Сурияро фароҳам кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, беш аз як ҳафта аст, ки Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бори дигар шоеаи талоши давлати Сурия барои истифода аз таслиҳоти кимиёӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳро матраҳ карда ва ба он доман мезананд. Мавзӯъе, ки давлати Сурия борҳо онро рад карда ва ҳатто бо ирсоли номае ба Созмони милал эълон кард, ки дар сурати дар ихтиёр доштани ин силоҳ ҳаргиз аз он ва таҳти ҳеч шароите истифода нахоҳад кард.

Пас аз мавзеъгирии мақомоти расмии Ғарб, расонаҳои онҳо низ ҳамсу бо сиёсатмадорон чунин шеваеро дар пеш гирифтаанд ва ҷанги расонаии васеъеро алайҳи Димишқ ба роҳ андохтаанд. «Андешкадаи сиёсати Ховар наздики Вашингтон» тайи гузорише ба қалами Ҷефри Войт- коршиноси аршади ин муассиса дар бораи эҳтимоли бакоргирии силоҳҳои кимиёӣ аз суи артиши Башор Асад менависад: бо таваҷҷӯҳ ба фаъолиятҳои кимиёии Сурия ва Амрико бояд худро омодаи муқобила бо ин таҳдидҳо кунад. Бинобар ин гузориш , дастгоҳи иттилоотии Амрико фаъолиятҳоеро дар таъсисоти кимиёии Сурия мушоҳида карда ва ин нигарониҳоро дар бораи омодагии билқувваи ин ҳукумат дар ба коргирии ҷангафзорҳои кимиёӣ алайҳи мухолифон додааст.

Тарҳи ин иддао чунон музҳик ба назар мерасад, ки Роберт Фиск, коршиноси масоили Ховари Миёна ва сутуннависи рўзномаи " Индипенден" бо интишори ёддоште дар ин нашрия иддаои талоши Сурия барои истифода аз таслиҳоти кимиёиро иддаое такзиб ва такрорӣ донист. Фиск навишт: ҳарчи қадар дуруғгуй бузугтар бошад, мардум бештар онро бовар мекунанд . Ҳама медонем, ки чӣ касе барои аввалин бор инро гуфт. Ин рузнома навишт: аъзои Ал-қоида дар озмоишгоҳе дар наздикии шаҳри Ғозиинтеби Туркия дар ҳоли сохти таслиҳоти кимиёӣ ҳастанд ва таҳдид мекунанд, ки аз ин таслиҳот алайҳи ғайринизомиёни Сурия истифода хоҳанд кард.

Тарҳи баррасии истифодаи Сурия аз силоҳҳои кимиёӣ дар ин бурҳа аз замон дар чандин меҳвар қобили баҳс ва баррасӣ аст:

1) Ҷанги равонӣ алайҳи Сурия бо ҳадафи тазъифи низом ва фурупошии иттиҳоди дохилӣ

Пас аз гузашти наздик ба ду сол аз буҳрони Сурия ва ҷанг алайҳи ин кишвар бархе аз режимҳои минтақа, ки ҳимоятҳои молӣ ва таслиҳотии густардаеро барои сарнагунии низоми Башшор Асад карда буданд, ба аҳдофи мавриди назари худ нарасидаанд ва ҳар кадом бо ҳадафи фишор бар низоми Сурия ба шикасти иттиҳод ва суфуфи дохилӣ ва тазъифи руҳияи мардум ва сарони ин кишвар ё ба ташдиди ҳамалоти террористӣ дар ин кишвар руй меоварад ё ҷанги равонии густардаеро алайҳи ин кишвар роҳ меандозанд.

2) Жести низомӣ барои дастёбӣ ба коркарди сиёсии мавриди дилхоҳ

Ин ки оё воқиан Ғарб, Исроил ва режимҳои ғарбӣ ба дунболи дахолати низомӣ дар Сурия бошанд, гарчи бархе аз гузоришҳои расонаӣ ин амрро таъиид мекунанд ва бояд мунтазири нақши ояндаи бозигарон дар ин арса буд,вале ба назар мерасад, ки тасмими ҷадид барои иқдоми низомӣ алайҳи Сурия дар шароити кунунӣ қобили тасаввур нест. Дарвоқеъ, метавон ин таҳдидҳоро дар қолиби як жести сиёсӣ арзёбӣ кард, ки тарроҳони ин сенория водор ба ақибнишинӣ кунанд ва тарҳҳои мавриди назари худро дар канорагирии Башор Асад ва низ ташкили давлати интиқолӣ намуда пайдо мекунад, бар ин кишвар биқабулонанд, вале бо таваҷҷуҳ ба мавзеъи ахири ин кишвар дар хусуси Сурия ба назар мерасад, ки дар ин тарҳ ҳам ноком мондаанд. Мавзеъи ахири Сергей Ловруф- вазири умури хориҷаи Сурия далеле бар ин муддаост. Ловруф эълон кард, ки ин кишвар ҳаргиз дар хусуси сарнавишти Башшор Асад раиси ҷумҳури Сурия бо ҳеч кас музокира намекунад.

3) Тадовуми ҷанги фармоишӣ дар Сурия ба иллати ихтилофи назари ҷаҳонӣ

Ба назар мерасад, ки дар мавзеъгирии ҷомиаи байналмилалӣ дар хусуси ҳаллу фасли муноқишаи кунунӣ дар Сурия ихтилофу назари ҷиддӣ вуҷуд дорад. Дар ҳоле, ки бархе кишварҳои ғарбӣ ва низ бархе кишварҳои дигар бар ин ақидаанд, ки танҳо роҳи ҳалли буҳрони Сурия таваққуфи сареъи хушнатҳо ва нишастани тарафҳои муноқиша бар сари мизи музокира аст. Бо ин ҳол пешбинӣ мешавад бо таваҷҷуҳ ба қароини мавҷуд ҷанги фарсоиши байни ду тарафи даргир ҳамчунон идома дошта бошад ва чашмандози равшане барои дастёбӣ ба натиҷаи мавриди назар дар ояндаи наздик қобили тасаввур нест.

Бинобарин бо таваҷҷуҳ ба матолиби боло метавон гуфт, ки тарҳи истифода аз силоҳҳои кимиёӣ тавассути Сурия аз суи Ғарб дар чаҳорчуби ҷанги равонӣ алайҳи Сурия барои гусастани иттиҳод ва суфуфи дохилӣ ва бо ҳадафи фишор бар кишварҳо сурат гирифтааст, ки муътақид ба ҳалли мусолиматомези буҳрони Сурия ҳастанд; кишварҳое, ки танҳо роҳи ҳалли Сурияро поёни хушунат ва даргирии ду тараф медонанд ва онҳоро ба нишаст бар сари мизи гуфтугӯҳо даъват мекунанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)