Мақомоти интизомии мо ҳам ёфтааст, бечора муаллим ва духтурро. Фасодро аз ҷои дигар ҷустуҷӯ бояд кард, ҷое, ки даст ба фасоди кабира мезананд…
Қимати муносибати «махфӣ» ё ҳаҷми порадиҳӣ дар Тоҷикистон ба маротиб боло рафтааст. Сӯҳроб Шарипов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасте таҳти унвони «Ташаккули синфи миёна чун
омили суботи низоми сиёсӣ…» ин нуктаро зикр кард. Ба гуфтаи ӯ соли гузашта натиҷаи тадқиқоти кормандони ин марказ оид ба муайян кардани сатҳи коррупсия нишон додааст, ки андозаи миёнаи пора аз соли 2006 то имрӯз се баробар зиёд шудааст. Агар соли 2006 андозаи миёнаи пора 480 сомонӣ бошад, соли 2010 ин нишондиҳанда ба 1800 сомонӣ расидааст. Ин чунин маъноро дорад, ки ё ҳаҷми порадиҳӣ зиёд шудааст ё даромади мардум нисбат ба солҳои қаблӣ бештар шудааст, мегӯяд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти ахири Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Вазорати маориф фасодзадатарин ниҳоди давлатӣ дар Тоҷикистон дониста шудааст. Зеро масъалаи порадиҳиву порагирӣ дар макотиби миёнаву олӣ миёни муаллимон ва донишҷӯён зиёд ба назар мерасидааст.
Чанд соли пеш асосан ин «маризӣ» дар донишгоҳҳо, миёни устодон ва донишҷӯёни макотиби олӣ бештар ба назар мерасид, аммо феълан мактабҳои миёнаи умумиро ҳам сироят кардааст. Ғаюр Қаҳҳоров, корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ду наберааш дар мактаби миёна таҳсил мекунанд ва сари моҳ ҳар яки онҳо 30 сомонӣ месупоранд. Лекин ҳангоми имтиҳонҳо муаллимон боз 150-200 сомонӣ талаб мекунанд.
Гуноҳи кабира ё сағира?
Дар ин маврид Ҳамза Наврӯзов, сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф чунин назар дорад, ки рӯйхати хизматҳои пулакӣ дар макотиби миёна аз ҷониби ин ниҳод мушаххас шудааст, вале бори аввал аз чунин як ҳодиса хабардор шудааст, ки дар имтиҳонҳо пул мегиранд ва ин ҳам бо ҳаҷми 150-200 сомонӣ. Вай таъкид кард, ки ин мавзӯъро дида мебароянд ва агар далелҳо собит шаванд, аз чунин амалҳои ношоиста пешгирӣ хоҳанд кард.
Аммо иддае аз коршиносон бар ин боваранд, ки муаллимон ва духтурон табақаи аз ҳама дастраси аҳолӣ ба шумор мераванд ва аз ҳамин хотир даст ба фасод доштани онҳо зуд ошкор мешавад. Лекин дар асл ниҳодҳои дигаре мавҷуданд, ки кормандони онҳо нисбат ба Вазорати
маориф фасодзатар ҳастанд. Донишманди тоҷик, Абдунабӣ Сатторзода бар ин назар аст, ки даст ба фасод доштани муаллим, устоди бечора аз рӯи таъбирҳои диниву мазҳабӣ ин гуноҳи сағира аст, на кабира ва кирои гап намекунад. Ин мақомоти интизомии мо ҳам фақат ёфтааст бечора муаллим ва духтурро. Фасодро аз ҷои дигар ҷустуҷӯ бояд кард, ҷое, ки даст ба фасоди кабира мезананд, мегӯяд ӯ.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон маориф асос ва пояи ҳамаи соҳаҳои дигар аст ва он коре, ки имрӯз устод бо шогирд дар масъалаи фасод анҷом медиҳад, барои насли ояндаи кишвар дарси ибрат хоҳад шуд ва донишҷӯи имрӯза, ки устоди фардо дониста мешавад, бо наслҳои минбаъда низ чунин амали ношоистаро раво хоҳад дид. Аз ин рӯ фасоди маорифро ҳам гуноҳи андак набояд ҳисобид. Вале ҳамзамон гуфта мешавад, ки шароити носозгори иқтисод феълан муаллимонро маҷбур ба чунин амалҳо мекунад ва агар онҳо маоши хубе ба даст оранд, ки ниёзи моддиашонро бароварда кунад, ба таври табиӣ тарки ин амалҳоро хоҳанд кард.
Исфандиёр Халилӣ
{jathumbnail off}
Мӯҳр