Бахшҳо
07 дек 2012 04:28Сиёсат

Демократҳои Тоҷикистон табаддулот мекунанд?

Масъуд Собиров давоми сарварии худ ба сифати раҳбари Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) боре ҳам бо аъзои ин ҳизб машварат накардааст. Бино бар гуфтаи масъулини кумитаи тадорукоти даъвати анҷумани ғайринавбатӣ номбурда ҳатто ҳангоми пахши изҳорот мавқеъи ҳизбро дифоъ накарда, ҳамеша манофеии шахсии худро пеш гузоштааст.
Масъуд Собиров танҳо суханбоз?

Дар ин бора, Мамлакат Ҷайчиева, роҳбари кумитаи тадорукоти даъвати анҷумани ғайринавбатии ҲДТ 03-юми декабр ҳангоми баргузории ҷаласа эълон дошт. Номбурда мегӯяд, ки Масъуд Собиров изҳороти бемавқеъ пахш карда, замони аз номи ҳизб сухан гуфтан низ бо масъулин низ мувофиқа намекардааст. Аъзои кумитаи тадорукот бар ин назаранд, ки ҷаноби Собиров доимо талош дошт, то худро қурбони бозиҳои сиёсии дигарон муаррифӣ кунад. Новобаста аз ин суханбозиҳо масъулини кумитаи тадорукот кӯшиш ба харҷ доданд, то бо Собиров тамос дошта бошанд:

"Борҳо тамос гирифтанӣ мешавем. Аммо ӯ боре ҳам барои сӯҳбат бо мо розигӣ намедиҳад. Ба зангҳои мо ҷавоб намедиҳад. Дар баъзе маворид Ҳайбулло Абдуллоев, муовини Масъуд Собиров ба пурсишҳои мо посух мегуфт", мегӯяд хонум Ҷайчиева.

Аммо ин маънои онро надорад, ки дар сурати хоҳиш доштан, кумитаи тадорукот аз ҳамкорӣ бо Собиров худдорӣ намояд. Табаралӣ Зиёзода, аъзои дигари кумитаи тадорукот гуфт, ки мақсади аслии ин гурӯҳ дубора фаъол кардани ҲДТ мебошад. Мо тасмим дорем, ки ҷиноҳҳои ҲДТ-ро бо ҳам бипайвандем. Бо таҳияи барномаи беҳтаре равобит ва ҳамкориро бо созмон ва ҳизбҳои дигар ба роҳ бимонем. Агар Собиров хоҳиш дорад, пас метавонад бо мо ҳамроҳ шавад.


Ҳодисаҳои Бадахшон ва таъсири он ба нуфузи сиёсии Собиров

Дар ҳамин маврид аъзои дигари кумитаи тадорукоти ин ҳизб аз фаъолияти Масъуд Собиров дар тобистони соли ҷорӣ изҳори норизоӣ кард. Ба гуфтаи аъзои кумитаи тадорукот ҳангоми ҳаводиси Бадахшон Масъуд Собиров дар сӯҳбатҳои худ бо расонаҳои хабарӣ суханҳое мегуфт, ки аз воқеъият дур буданд. Бо вуҷуди ин ҳама ҳадаф аз таъсиси кумитаи тадорукот талаби истеъфои ҷаноби Собиров набудааст. Табаралӣ Зиёзода гуфт, ки Масъуд Собиров метавонад дар анҷумани ғайринавбатии ҲДТ ширкат варзида, дубора номзадии худро гузорад. Ба гуфтаи ӯ Собиров ҳатто метавонад роҳбариро дубора ба даст биёрад.

Дар мавриди баргузории даъвати анҷумани ғайринавбатии ҲДТ Мамлакат Ҷайчиева гуфт, ки ба эҳтимоли зиёд он дар авохири моҳи декабр баргузор гардад. Мамлакат Ҷайчиева гуфт, ки дар даъвати анҷумани ғайринавбатии ҳизб ҳар нафаре, ки овози бештарро ба даст орад, ба ҳайси раҳбари ҲДТ интихоб хоҳад шуд.


2006-2013 таърих дар ҲДТ такрор мешавад?

Коршиносон бар ин назаранд, ки талоши кумитаи тадорукоти ҲДТ барои барканор кардани Масъуд Собиров аз симати раҳбарии ин ҳизб як бозии сиёсӣ буда, он бо супориши нерӯи саввум сурат мегирад. Зеро Масъуд Собиров бештар аз 6 сол роҳбарии ин ҳизбро бар ӯҳда дошта, аъзои ҲДТ танҳо дар остонаи интихоботи президентӣ аз фаъолияти бемасъулонаи ӯ шикоят карданд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд мавқеъгирии Масъуд Собиров ва хоҳиши ӯ аз ширкат дар интихоботи президентии соли 2013 сабабгори аслии чунин як вокуниши ҷонибдоронаш шуда бошад. Зеро талаби истеъфои раҳбари ҲДТ ва ё маҳдуд кардани фаъолияти ӯ барои аввалинбор таҷриба намешавад. Дар гузашта низ як ҳодисае ба ин монандро ҲДТ аз сар гузаронидааст. Дар соли 2006 Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, собиқ раҳбари ҲДТ низ қабл аз баргузории интихоботи президентӣ эълон дошт, ки барои ба даст овардани курсии раёсатҷумҳурӣ мубориза хоҳад бурд. Баъд аз ин эълон Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз вазифаи давлатиаш барканор шуда, 17-уми апрели соли 2004 мақомоти додгоҳии Тоҷикистон ҷаноби Искандаровро барои 23 сол равонаи зиндон кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аъзои кумитаи тадорукоти ҲДТ аз такрори таърих дар ҲДТ ва монандии ҳодисаи Собиров бо Искандаров рад мекунанд. Ба боварии онҳо Масъуд Собиров аслан ҳеч рабте ба интихоботи президентӣ надошта, кумита низ қабл аз мавқеъгириҳои роҳбари феълии ҲДТ барои соли 2013 таъсис ёфтааст.

Бо ин ҳама бархе аз ҷонибдорони ҲДТ ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров бар ин назаранд,  ки кумитаи тозатаъсис эҳтимолан ба ҳеч мувафақияте ноил нагардад. Зеро ба ҳайати он афроде шомиланд, ки дар гузашта барои парокандашавии ҳизб ва ё ба симати роҳбарӣ овардани Масъуд Собиров талош варзида буданд.

Маврид ба зикр аст, моҳе қабл гурӯҳе аз аъзои ҲДТ бо пахши изҳороте аз бемасъулиятии Масъуд Собиров шикоят карда, истеъфои ӯро аз симати раҳбари ҳизб талаб карданд. Дар ҳамин маврид Масъуд Собиров зимни як сӯҳбати худ бо хабарнигорон гуфт, ки аз пахши изҳорот дар расонаҳо огоҳӣ надорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи кумитаи тадорукот онҳо борҳо дар ин маврид ба Масъуд Собиров муроҷиат кардаанд. Аммо Масъуд Собиров мегӯяд, ки кумитаи тадорукот аслан ғайриқонунӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, изҳоротро нахуст бояд дар кумита баррасӣ мекарданд. Масъуд Собиров ҳамчунин гуфта буд, ки кумита ва аъзои онро барои ин кор ба додгоҳ хоҳад кашид.


Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)