Бахшҳо
06 дек 2012 06:18Ҷавонон ва варзиш

Дидгоҳҳои пешазинтихоботӣ дар Суғд

Аксарият дар Тоҷикистон бар ин боваранд, ки дар интихоботи навбатии президентии соли 2013 боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон пирӯз мешавад. Ба назар чунин мерасад, ки беҳтар аз райисҷумҳури феълӣ дигар номзади арзандае нест.   Нурулло Усмонов, як соҳибкори муваффақ низ ба ин баҳогузорӣ розӣ аст: "Барои президент шудан шахс аввал бояд сиёсатмадор бошад. Президентамон дар сатҳи байналмиллалӣ ҳамчун сиёсатмадори номии ҷаҳон шинохта шудааст. Барои ҳамин ман аз ӯ шахси арзандатарро намебинам".

Дар ҳамин ҳол, Файзуллоҷон Файзиев, райиси ҲДТ дар вилояти Суғд бар он аст, ки мо давлати демократӣ мегӯем, ин худ давлати халқӣ аст, бояд мардум роҳбари худашро озодона интихоб намояд, вале мутаассифона ин чиз дар мо дида намешавад: "Хуб мешуд худи президент аз иштирок кардан ба ҳайси номзад дар интихоботи навбатӣ даст кашад. Агар мо давлати демократӣ сохтан хохем бигзор худи ҷаноби Раҳмон тасмим бигирад. Акнун ба ҷавонон ва дигар шахсҳое, ки ӯҳдабароянд роҳ кушодан даркор. Бигзор, мардум касеро, ки интихоб кунанд, ӯ президенти ин кишвар бошад".

Барои бархеи дигар муҳим он нест, ки кӣ президент мешавад, муҳим он аст, ки ӯ малакаи хуби сиёсӣ дошта бошад, аммо барои баъзеи дигар баръакс:

- Имрӯз як кадри хуби ҷавон, соҳибистеъдод, як инсони сиёсие, ки аслан муосир бошад, барои пешрафти кишварамон хеле зарур аст. Кадри  асри 21 бошад, ҷавобгӯи имрӯз бошад, зеро ки кадрҳое, ки дар даврони шӯравӣ буданд, аллакай синнашон ба ҷое расидааст, онҳо метавонанд танҳо бо ҳайси мушовир ба мардум хизмат кунанд.

Ман тарафдори он ҳастам, ки бояд аз кадрҳои ҷавон    якеро интихоб намоем, - мегӯяд Мираббос Раҷабзода, муовини раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ.

Амонулло Амонов, соҳибкори шинохтаи вилояти Суғд аз Эмомалӣ Раҳмон кадри беҳтареро лоиқи ин мансаб намебинад. ӯ тарафдори он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон боз як бори дигар президент шавад.

Аммо маъмулан, пас аз баргузории интихобот ҳизбҳои мухолиф аз ноодилона ва ношаффоф гузаштани интихобот эътироз  менамоянд. Ҳарчанд то баргузории интихоботи президентӣ  бештар аз 11 моҳ боқӣ мондааст, лекин ҳизбҳои сиёсӣ мутмаинанд, ки интихоботи навбатӣ (соли 2013) низ ношаффоф баргузор мегардад.

- Чӣ интихоботи парлумонӣ ва чӣ президентӣ бошад, ҳизбҳо, аз ҷумла ҳизби коммунистӣ аз ношаффоф гузаштани интихобот эътироз мекунад. Ин масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва онро бояд риоя намоем.Баъзан, мо шаффофият мегӯему танҳо шаффофии қуттиҳои интихоботро дар назар дорем. Ба мо он муҳим нест, муҳим он аст, ки комиссияҳои интихоботӣ шаффоф кор кунанд,- андеша дорад Одинаев Алиҷон, як масъули ҲКТ дар вилояти Суғд.     

Ҷаноби Файзуллоҷон Файзиев низ ба ин ақида розӣ асту онро ҷонибдорӣ мекунад: "Вақте аксарияти мардум ба номзадии ин ё он ҳизб ва ё шахс овоз медиҳанд хамон шахс роҳбари ин халқу ин миллат бошад. Вале, мутаассифона дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар натиҷаи тақаллубкорӣ ва дигар аъмол баръакси ҳол мушоҳида мешавад".

Дар баробари изҳори нигаронӣ аз шеваи баргузории интихоботҳо, мухолифин аз  Қонун "Дар бораи интихобот" норозианд. "Имрӯз бо ин шакле ки қонун аст ширкат варзидан дар интихобот маъно надорад. Масалан, борҳо мо дар интихоботи парлумонӣ ҳам гуфтем, ки бо он тарзе ки масалан дар участкаҳои интихоботӣ аз ҳизбҳо намоянда нест, ширкат дар интихобот маънӣ надорад, яъне боз ҳамон таққалубкорӣ, боз ҳамон ғайридемократӣ мегузараду бас",- иброз медорад Дилбар Самадова, раиси ҲУСДТ дар вилояти Суғд.

- Барои он ки интихобот шаффоф гузарад,  бояд намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ  дар участкаҳои интихоботӣ намоянда дошта бошанд,- мегӯяд Файзуллоҷон Файзиев. Ба қавли ӯ, на танҳо ба қонун дар бораи интихобот, балки инчунин ба Сарқонун тағйиру иловаҳо дохил кардан зарур аст. "Имрӯз вақти он расидааст, ки мо ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намоем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Маҷлиси Олӣ камбудиҳои зиёд дорад, ки мо бояд пеш аз интихобот ба он низ тағйиру иловаҳо дохил кунем".

Ношаффоф гузаштани интихобот ва камбудиҳои ҷойдошта дар қонун ҲХДТ-ро ба таҳлука намеорад. Зеро аз рӯи гуфтаи аъзои ин ҳизб Абдусабури Аслон, ин дар тамоми ҷаҳон расм аст, касе, ки сари қудрат аст хоҳ-нохоҳ аъзоён ва пайравони вай зиёд мешаванд. Айни ҳол нуфузи ҲХДТ дар ҷумҳурӣ боло аст ва бештар аз 150 ҳазор аъзо дорад. Дар мавриди пешниҳод намудани номзад дар интихоботи 2013 Абдусабури Аслон чунин иброз намуд: "Дар анҷуман муайян мекунанд, ки номзад аз ҲХДТ барои ба даст овардани курсии президенти Тоҷикистон мубориза мебарад. Танҳо як шахсиятро мо муайян мекунем. Вайро муайян кардан ҳоло барвақт, ҳоло ягон чӣ дар мавриди интихоботи 2013 гуфта наметавонем.

Бартараф шудани камбудиҳои зикршуда ва шаффофу ношаффоф гузаштани интихоботи соли 2013-ро вақт нишон медиҳад. Танҳо вақт довари ҳақгӯсту бас.  

Ганҷинаи Илҳомҷон
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)