Таъмири бинои Маркази саломатии деҳаи Бостони шаҳри Ваҳдат, ки тули се моҳ давом дошт, ба анҷом расида имрӯз он мавриди истифода қарор дода шуд. Ба гуфтаи масулини сохмон барои таъмири бино 15 ҳазор доллари амрикоӣ сарф гардид, аммо намуди зоҳирии бино ин гуфтаҳои масъулинро зери шубҳа қарор медиҳад.
Ба чашми оддӣ ҳам намоён буд, ки дар рӯзи авввали фаъолият (05-декабри соли 2012) аллакай нуқсонҳои ҷиддие ба назар мерасад, ки аз сифати пасти таъмири бино гувоҳӣ медиҳад. Дастаҳои дар аз кор баромада буданд ва маълум буд, ки барои таъмир маҳсулоти пастсифат истифода шудааст. Чун маблағгузори таъмири бинои мазкур сафорати ИМА дар Душанбе буд, дар маросими ба истифода додани он, сафир Сюзан Эллиот ҳузур дошт. Дипломати амрикоӣ гуфт: «Мо барои беҳтар намудани шароити аҳолии Тоҷикистон кӯшиш менамоем. Фарзанд, ки солим бошад, ҷомеа низ солим мешавад. Ман худ пеш аз дипломат шудан ҳамшираи шафқат будам ва медонам, ки ин чӣ хел кори душвор аст. Ва барои табибон ва ҳамшираҳои шафқат бояд дар мадди аввал шароити дурустро фароҳам овард».
Бояд зикр намуд, ки масъули таъмири бинои мазкур Ташкилоти «Couter part internetional» мебошад. Ин созмон яке аз ташкилотҳои байналмиллалие мебошад, ки дар қаламрави зиёда аз 65 мамлакат фаъолияти гуманитарии худро ба мардуми ниёзманд мерасонад. Он аз соли 1998 дар Тоҷикистон фаъоляит мекунад. Барномаҳои асосие, ки ташкилотро муаррифӣ месозад, барномаи кӯмаки башардустона мебошад. Дар давоми ин барнома лоиҳахои хурди барқарорсозӣ дорад, ки маблағгузории асосии лоиҳаҳои асосӣ сафорати Амрико мебошад.
Мӯмин Сиддиқов, директори ташкилоти мазкур ба хабарнигорон иброз дошт, ки аз ҷониби сафорати Амрико барои ҳар як лоиҳаи хурд 15 ҳазор доллар ҷудо мегардад.
Дар ин лоиҳа низ барои барқарор сохтани бино 15 ҳазор доллар сарф шудааст. Ӯ гуфт: «Пеш марказии саломатӣ фарсуда буд. Мо дар ин ҷо бомпӯш, қувваи барқ, қубурҳои об гузарондему дару тирезаҳои пластикӣ насб кардем».
Ба қавли Хуршед Сабуров, сардухтури маркази саломатии деҳаи Бостон, бинобар набудани барқ дар фасли зимистон ба онҳо бештар шаҳрвандон бо бемориҳои роҳи нафас муроҷиат мекунанд. Ӯ аз ин нигарон аст, ки бо сабаби кам будани маоши табибон маркази саломатӣ аз норасоии кадрҳо танқисӣ мекашад: «Дар марказ мо 5 утоқи асосӣ дорем, барои занон, утоқи сардухтур, доругузаронӣ, бақайдгирӣ ва утоқи дандонпизишк. 8 нафар табибон дар бино фаъолият мекунанд, ки аз набудани мутахассисон танқисӣ мекашем. Худи ман ба ҷои ду духтур кор мекунам».
Маврид ба ёдоварист, ба маркази саломатии деҳаи Бостони шаҳри Ваҳдат беш аз 10 ҳазор аҳолӣ аз ду деҳа барои муолиҷа муроҷиат мекунанд.
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр