Бахшҳо

Фотима Гелонӣ: «Бесаводӣ душмани занҳои мусулмон аст»

Чанде қабл ҳайате аз Ҷамъиятҳои ҳилоли аҳмари Афғонистон ва Эрон озими Душанбе шуда, бо Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон нишасту музокирот анҷом доданд. Ҳайъати Афғонистонро дар ин сафар Хонум Фотима Гелонӣ сарвари Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари он кишвар роҳбарӣ менамуд. Бо истифода аз фурсат ва шароит журналистон- Аъзамшоҳи Қӯқаншоҳ ва Зоҳири Давлат бо бону Гелонӣ сӯҳбати хотирмон доштанд, ки инак мӯҳтавои онро пешкаши шумо хонандагони азиз менамоем.
Суол: Саравал мехостем, пиромуни сафаратон ба Тоҷикистон чанд ҳарфе бигӯед, яъне мақсад аз боздиди як ҳайати бузург аз Афғонистону Эрон ба Душанбе аз чӣ иборат буду ба кадом натиҷа расидед, чӣ корҳоеро тавонистед анҷом бидиҳед?

Ҷавоб: Бисмиллоҳирраҳмонирраҳим. Ин ду сафар аст, ки мо хостем инҳоро ба ҳам биёрем. Як сафари корӣ доштем, ки ҳамкорони  мо аз Ҳилоли аҳмари Афғонистон корҳое доранд бо Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон, ба хотири корҳои дуҷонибае, ки мо бо ҳам мекунем. Секретарженерол (котиби генералӣ)-и Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон чанд моҳ пеш омада буданд Кобул ва мо корҳоеро бо ҳам шурӯъ кардем, яке омодагӣ аст ба зилзила ва иншоаллоҳ, ки ҳеҷ вақт зилзила наояд. Аммо ҳар ду кишвари мо дар хатти зилзила ҳастем. Имкони ин аст, ки мо бояд омодагӣ дошта бошем. Зеро Худое накарда агар ин мушкил пеш ояд, байни марз пеш меояд ва мо омодагӣ дошта бошем, ки битавонем ихтиёриҳои мо ва Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта бошанд ва бо ҳам корҳоеро ёд бигиранд, ки омода бошанд, ки ба ҳам кӯмак кунанд, ин буд якум. Дуюм, порсол дар Бадахшони Афғонистон селоб омаду барфкӯчи бисёр шадид ва аз хоки Афғонистон номумкин буд, ки мо ба инҳо расидагӣ бикунем.

Маҷбур шудем, ки аз тариқи Тоҷикистон ба Бадахшони Афғонистон кӯмак расонем. Аз ҳамин лиҳоз мо мехоҳем, ки омодагии молӣ дошта бошем дар инҷо ва агар мо битавонем, ки аз одамони Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон истифода кунем, ки ҳар вақт ки хатар пеш меояд, мо инро бибарем, чун аз ин ҷо бисёр зудтар мерасад. Кори сеюм ин буд, ки Ҳилоли аҳмари Афғонистон дар 8 соли гузашта тағйири фавқулодда кард, яъне худаш аз муассисоте буд, ки аз дигарон кӯмак мегирифт. Ҳоло алҳамдулиллоҳ ба сару пойи худ истодаем ва ба ҳадде расидаем, ки дигар маоши худамон аз ҳисоби худи мост. Аз федератсиюн ва салиб (манзур Федератсиюни байналмилалии Ҳилоли аҳмар ва Салиби сурх аст) намегирем. Пули пасандози мо ҳамеша аз Афғонистон аст, аз хориҷиҳо намегирем. Мо ҳамин таҷрибаи худро бо Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон шарик бисозем, ки мо чӣ тавр тавонистем дар 8 сол аз гиранда ба кӯмакдиҳанда табдил шудем. Дар Маҷмаи умумии байналмилалии Ҳилоли аҳмару Салиби сурх дар Женева соли гузашта, ки дар ҳамин шабу рӯз мо доштем, дар он ҷо Афғонистон яке аз 15 беҳтарин ҷамъиятҳои миллии дунё эълон шуд. Шумо фикр кунед, ки як кишваре, ки солҳо ҷанг дошт. Вақте  ки ман корро шурӯъ кардам, Ҳилоли аҳмари Афғонистон 15 ҳазор доллар қарздор буд. Ҳисоби пасандоз сифр буд. Имрӯз алҳамдулиллоҳ, ки ҳисоби пасандоз ба миллионҳо доллар расидааст ва ҳисоби ҷорӣ ҳам ҳамеша аз 100 ҳазор доллар беш аст, ки мо бетарафиро мутлақ ҳис кардем. Имрӯз дар ҳар минтақаи Афғонистон мо кор мекунем, бетарафии мо ва истиқлолияти мо ҳам барои Толибон, ки мухолифини давлат ҳаст ва ҳам барои давлат собит шудем. Масалан вақте  ки миёни давлат ва мухолифини он ҷанг мешавад, вақте  ки мардум зиндагии худро аз даст медиҳанд, фақат Ҳилоли аҳмар ва ихтиёриҳои он аст, ки мурдаю ҷасадҳоро мубодила мекунад, ҳеч каси дигар ба он минтақа рафта наметавонад. Ҳар қадар  ки ҷанг мушкилтар мешавад, ҳамон қадар кори мо бештар мешавад, масалан воксиносиюн (моякӯбӣ)-и фалаҷи атфол, ки инро мо метавонем фақат ба он манотиқ бибарем, худи Вазорати тандурустӣ наметавонад биравад.

Масалан, гоҳе вақтҳо селоб меояд дар манотиқи ҷангӣ ва мо меравем он ҷо. Ҳама дар тааҷҷуб буданд, ки дар 8 сол чӣ тавр ин  омад. Мо  ҳамаи инро барои ҳамкорӣ шарик месозем.


Фотима Гелонӣ: «Бесаводӣ душмани занҳои мусулмон аст»Суол: Далели муваффақиятҳои шумо дар ин соҳа чист, яъне чигуна тавонистед ба муваффақиятҳо бирасед, ба хусус дар як кишваре, ки ҷангзада аст?

Ҷавоб: Ман фикр мекунам, ки ҳар муассиса, ҳар бунёд сохта шуда ба як далеле. Масалан, 15 сол пеш, вақте ки наҳзати Ҳилолу Салиб сохта шуд ба хотири ин буд, ки ба як қуввати бетараф эҳтиёҷ буд, ки битавонад биравад ҳам ба захмиҳо ва ҳам ба шахсоне, ки зиндагии худро аз даст додаанд, бирасад. Он вақт комёб ҳастӣ, ки ба корат содиқ бошӣ. Вақте, ки ба корат содиқ бошӣ, комёбӣ  ҳатман меояд. Яке аз корҳои аввале, ки ман кардам, бо вуҷуди ин ки ман интихобӣ нестам, аз тарафи раисҷумҳури Афғонистон интисобӣ ҳастам, яъне онҳо маро таъйин карданд, бо вуҷуди ин ҳам яке аз аввалин чизҳое, ки хостам ба Маҷлиси вузаро гуфтам, агар Ҳилоли аҳмари Афғонистон нютрал (бетараф) намебошад ва бетарафиашро шумо қабул намекунед, беҳтар аст, ки мо ин ҷамъияти миллиро надошта бошем ва эшон низ қабул карданд.


Ба тамоми волиҳо нома фиристода шуд аз тарафи Раёсати ҷумҳурӣ, ки шумо дахолат ба кори Ҳилоли аҳмар накунед. Инҳо мутлақ истиқлолият доранд. Пайгирии корҳои ҳаводиси ҷангию табиӣ тамоми инҳо дар дасти муовини дуюми раисҷумҳур аст. Ҳеҷ вақт ӯ намегӯяд, ки Ҳилоли аҳмар ту ин корро бикун. Ба вазоратҳо мегӯяд, ки ин вазорат масъулияташ ин аст, аз он вазорат масъулияташ он. Аммо вақте  ки навбат ба Ҳилоли аҳмар мерасад, мегӯяд агар хилофи  қоидаву усули шумо нест, агар ба усули Салибу Ҳилол садама ворид намешавад, агар имкон дорад, лутфан шумо ин корро бикунед. Ман ҳамеша фикр мекунам, ки садоқат калиди комёбӣ аст. Содиқ бошӣ ба корат мерасӣ. Вақте  ки ман корро шурӯъ кардам, шахсе, ки пеш аз ман буд, ӯ ҳам раиси умумӣ буд ва ҳам секретарженерал, яъне касе, ки пайсаро меорад ва касе, ки пайсаро харҷ мекунад. Аввалин коре, ки кардам, гуфтам, як секретарженерал лозим дорем, ки корҳои рӯзмараро бикунад. Кори ман усулро нигоҳ кардан аст. Ҳафт мароми истиқлолият, озодӣ ва инҳо. Ман бояд пул пайдо кунам барои шумо, роҳ боз кунам барои шумо, мардуму тоҷирон эътимод кунанд ва ман ба ин шахс эътимод кунам. Ин ҷавононе, ки шумо мебинед, вақте  ки ман корро шурӯъ кардам, инҳо корҳои поина доштанд. Ман таҷрибаи инҳоро дида, онҳоро оҳиста-оҳиста боло кардам.

Чизи дигаре, ки кардам, вақте корро шурӯъ кардам, дар тамоми Ҳилоли аҳмар мо фақат 9 нафар фориғуттаҳсили донишгоҳ доштем. Вақте, ки Салиби сурхи байналмилалӣ ба ман гуфт, ки мо ба ту мушовир меорем, гуфтам ман мушовирро чӣ кор мекунам, ё дар дохили Афғонистон дар сафарам ё дар хориҷ, гуфтам пулашро кор дорам. Гуфт барои чӣ? Гуфтам, инҳоро ба донишгоҳҳои хусусӣ равон кунем. Порсол мо 9 нафар фориғуттаҳсили донишгоҳ доштем, имсол иншоаллоҳ 19 нафар хоҳем дошт, соли дигар бошад 38 нафар. Ба ҷойи ин ки инҳоро ҷавоб кунам ва каси дигари навро орам, инҳоро рушд додам, ин ҳама як ҳолати хонаводагӣ ба вуҷуд овард, ки ҳам мо битавонем ба оромӣ кор кунем.

Суол: Робитаи ҳамкории Шумо бо Ҳилоли аҳмари Эрон дар чӣ росто мебошад.  

Ҷавоб: Шумо пурсидед, ки Ҳилоли аҳмари Эрон чаро ин ҷост? Ман як сафари расмӣ доштам пеш аз моҳи Рамазон ба Ҳилоли аҳмари Эрон. Он ҷо будам, ки 7 сол пеш инҳо ба мо кӯмаккунанда буданд. Имсол рафта будам, ки мо қарордод бибандем, ки чӣ қадар хайма аз инҳо бихарем, чӣ қадар юниформа аз онҳо бихарем. Чун ҷинсӣ аз инҳо бисёр хуб аст. Онҳо худашон инро мебароранд, худи Ҳилоли аҳмар ин чизҳоро мебофад. Ман ба онҳо гуфтам, ки чанд сол пеш шунавидам, ки тамоми кишварҳое, ки забони фаронсавӣ гап мезананд, ихтиёриҳои аз инҳо кампҳо (лагерҳо, урдугоҳҳо)-е доранд, ки бо ҳам ёд мегиранд, мусобиқаи наққошӣ аст, мусобиқаи тиловати Қуръон аст, мусобиқаи овозхонӣ аст, мусобиқаи варзишӣ аст. Гуфтам чӣ қадар хуб аст, агар Эрону Афғонистону Тоҷикистон ҳам шурӯъ кунем, ки се кишваре, ки айни забонро гап мезанем, ҷавонҳои мо низ ҳамдигарро бишиносанд. Биоянд Афғонистонро бибинанд. Онҳо биоянд ин ҷо Тоҷикистонро бибинанд, бо ҳам ошно бишаванд ва аз якдигар ёд бигиранд. Онҳо гуфтанд, ки чӣ хуб! Мо меравем, ки маркази дармониро ифтитоҳ кунем ва ҳам урдугоҳро, гуфтам, пас ман ҳам сафар дорам ба Тоҷикистон, биёед ҳар ду сафарро якҷо бикунем, ки як тиру ду нишон бошад. Ба ҳамин хотир як тасодуф буд, мо бо ҳам омадем.

Суол: Нақашҳои оянда байни ҳамин се ҷамъияти ҳилоли аҳмар, оё ягон дурнамое доред?

Ҷавоб: Умеди ман ин аст, ки Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон яке аз беҳтарин ҷамъиятҳои миллии дунё аст ва яке аз ғанитарин ҷамъиятҳои дунё низ мебошад. Як будҷаи фавқулодда дорад, иқдомҳои фавқулда дорад, махсусан дар ҳаводиси табиӣ. Эрониҳо дар мубориза бо ҳаводиси табиӣ як пешрафти фавқулодда кардаанд. Ба ҳамин далел барои мо муҳим аст, ҷавонҳои мо аз инҳо кор ёд бигиранд. Аммо ихтиёриҳо, масалан Афғонистон 46 ҳазор ихтиёрӣ дорад. Ин ҷо низ хеле зиёд дорад, намедонам чӣ қадар, аммо ба ҳазорҳо мерасад. Эрон як миллион ихтиёрӣ дорад, ки мо аз ҳамдигар кор ёд бигирем. Умеди ман ин аст. Чизи дигар ин аст, ки Эрон донишгоҳҳои фавқулодда дорад. Агар мо битавонем як пулеро аз се ҷамъият бо ҳам бигзорем, ки масалан касонеро барои дарс равон бикунем, дарс ёд бигиранд, ин чизҳое ҳастанд, ки бисёр муҳим аст, ки мо бо ҳам бикунем. Аз ҳама муҳимтар, бояд бигӯям, ки Ҷамъияти миллии Ҳилоли аҳмари Афғонистон, ки умеди ман аст, иншоаллоҳ, ҳилоли аҳмарҳои исломӣ, ин ҷо вақф дуруст кунанд, ба хотири ин ки Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон худаш даромад надорад. Ғарбӣ як рӯз аст, рӯзи дигар нест. Аммо мо бояд як садақаи ҷория дуруст бикунем, ки инҳо битавонанд, ақаллан харҷи ҳаводиси кӯчаки ҳаррӯзаро худ бидиҳанд. Худое накарда як чизи калон мешавад, кулли дунё меояд кӯмак мекунад, аммо як селоби хурд, масалан дидам, ки инҳо барномаи кӯмак ба хонумҳои пирро доранд, чандто марди пир, ки онҳо аз касоне буданд, ки аз замони шӯравӣ буданд, ҳоло ҳеҷ кас надоранд. ин барномаҳое ҳастанд, ки бисёр муҳим мебошанд. Аммо ҷамъияти миллии шумо пулашро надорад ва далеле, ки мо ғанӣ ҳастем, ба хотире, ки дар замони қадим хонаводаи салтанатии Афғонистон, заминдорони бузург замин вақф карданд, хона вақф карданд ва боғ вақф карданд, ки як рӯз боғ дур буд, имрӯз боғ ҷузъи шаҳр аст, хеле гарон шудааст ва аз ӯ оидот (даромад)-и бисёр хуб мегирем.

Суол: Дар мо мавзӯи вақф масъалаеаст, ки ҳалли худро то ҳол наёфтааст. Дар Афғонистон бозиҳои лоторея ҳастанд, ки мардум метавонанд пул бимонанд ва гурӯҳе бурд мекунаду гурӯҳе боқимондаи пайсаро ба мардуми камбизоат медиҳанд. Ҳамингуна роҳҳоро мешавад дар Тоҷикистон истифода кард?

Ҷавоб: Ман намедонам қавонини Тоҷикистон чист, худи лоторея як чизе аст, ки мушкил аст. Лотореяи Афғонистон, тақрибан 67 сол пеш таъсис ёфтааст ва он як навъи лоторея аст, ки ҷоизии он аз ал-Азҳар омадааст. Яъне сад дар сади пули ин ба хайрия меравад. Дар ин лоторея қимору тиҷорат нест. Инҳо агар ин ҷо муваффақ шаванду ҳамон роҳро бикунанд, чаро не? Масалан, дар Афғонистон лоторея фақат-фақат аз Ҳилоли аҳмар аст, каси дигар ҳаққи лоторея надорад. Ба хотири ин ки агар каси дигар дошта бошад, ӯ тиҷорат аст ё қимор аст. Бояд фақат аз Ҳилоли аҳмар бошад, ки сад дар сади даромад меравад ба камбизоатон. Он чизе, ки мо дорем, боз аз пули лоторея, як саҳми мардумро равон мекунем барои Умра, масалан ҷойҳое, ки онҳо ҳеч вақт наметавонанд, бираванд. Ин корҳоро мекунем. Аз лотореяи мо дар Афғонистон  теъдоди зиёде аз атфол таваллуд мешаванд бо амрози қалб, мо аз он пул кӯмакашон мекунем. Мо фикр мекунем, шояд лоторея кифоят кунанд. Ҳоло 3 ҳазор тифл дар ҳолати интизор аст, ки пули зиёд лозим аст барои он. Ин чизҳое ҳастанд, ки ҳукумати шумо маҷбур нест, барои Ҳилоли аҳмари худ пул бидиҳад. Аммо роҳро метавонад боз кунад. Масалан об. Ҳамин оби маъданӣ, ё кадомеаш бошад. Инҳо агар логои Ҳилолро рӯйи ин мегузоранд, як дирам метавонанд қимати онро боло баранд, чун касе, ки оби маъданӣ мехарад, он бепул нест, як дирам барои ӯ ҳеч фарқ намекунад. Аммо ин миллионҳо дирам барои Ҳилоли аҳмари шумо дар сол мешавад. Дар Афғонистон тоҷирони мо моро бисёр кӯмак мекунанд. Як тоҷири афғон вақте борро ворид мекунад дар Афғонистон сад афғонӣ бояд ба давлат бидиҳад, ки андоз ҳаст ин, дар муқобили ҳар сад афғонӣ, ду афғонӣ барои Ҳилоли аҳмар медиҳад. 80 сол аст, ки тоҷири афғон ҳар андозе, ки барои давлат медиҳад, ду дарсади онро боз аз ҷайби худ медиҳад. Аслан, бузургтарин даромади мо, ҳамин садақае аст, ки аз тоҷирон меояд ва ин бисёр муҳим аст, ки тоҷирон масъулияти худро дар баробари мардуме, ки надоранд, дошта бошанд. Имрӯз ман тоҷирони афғонро даъват карда будам, чанд тоҷири калони афғон ҳам буданд, ки онҳо ҳам дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд. Дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, хонаводашон ин ҷо ором зиндагӣ мекунад. Авлодашон мактаб мераванд, ки онҳо ҳам як масъулияте дар баробари Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон дошта бошанд.

Суол: Баъзе чизҳое, ки дар атрофи Ҳилоли аҳмар гуфтед, инҳо барои кишвари мо нав аст. Мо боз баъзе чизҳоеро мехостем бифаҳмем, ки дар бораи зиндагӣ ва худи фаъолияти шумо бошанд, яъне берун аз мавзӯи Ҳилоли аҳмар. Зеро шумо замоне сухангӯи муҷоҳиддин ҳам будед, мехостем, бидонем, ки як зани афғон чӣ гуна тавонист, ба ҷиҳод пайваст. Оё ин як тавсияи падари шумост, ки аз шахсиятҳои варзидаи он замон буданд, ё худи шумо ба ин равона шудед?

Ҷавоб: Хуб, вақте кишварат тавассути як мафкураи бегона ва мухолифи мафкураи худат тасхир мешавад, мисли ин аст, ки оддӣ намоз мехонем, оддӣ рӯза мегирем, оддӣ дар муқобили он ҳам мехезем. Аммо барои ман осон набуд, чун барои ҳеч зан осон набуд. Хуб дар ёдам аст, ки падарам бар ман гуфт, ки агар ба хотири ҷиҳод, ки як ҳаракати исломист, як зан дар ин дохил набошад, шояд дарвоза барои зан ҳамеша баста шавад. Гуфт, пойи ту бояд ин дарвозаро боз бидорад, ҳатто агар поят бишканад. Ин дарвоза бояд боз нигоҳ дошта шавад. Ба хотири ин ки наҳзати озодии зан омаданист, ё дар чаҳорчӯби мо ё дар чаҳорчӯби бегона, чӣ беҳтар, ки дар чаҳорчӯби мо бошад! Маҳдудиятҳои як зани афғон, маҳдудиятҳои як зани мусулмон, озодиҳои як зани афғону мусулмон, ман ҳамеша инро мисол медодам дар Ғарб. Дар соли 1964 дар мо маоши зану мард яке буд. Дар Фаронсаю Шветсария онҳо тазоҳурот мекарданд, ки маошашон яке бошад. Чаро аз мо маошамон яке буд? Ба хотири он ки зери қонуни Ислом ту ҳақ надорӣ барои як кор ба ду шахс пули мухталиф бидиҳӣ. Ин фавқулодда муҳим буд. Масалан мерос, ки мо ҳамеша фикр мекунем, ки мероси зан ними мероси мард аст, аммо дар Ғарб як кас метавонад мероси худро ба як саг ё пишак бимонад. Аммо дар Ислом ту маҷбур ҳастӣ барои авлодат бигзорӣ, ту наметавонӣ ӯро барои маъшуқаат бимонӣ ё ба саг бидиҳӣ, инҳо чизҳое ҳастанд мунтаҳо на танҳо дар Афғонистон, дар кишварҳои ғайриарабӣ-исломӣ ба мероси зан хиёнат мешавад. Мероси занро барояш намедиҳанд. Ман барои он меҷангам. Ман баробари бародарам мерос намехоҳам. Аммо он меросе, ки барои ман ҳаст ва онро Худо додааст, онро ҳатман мехоҳам. Мо маҳрро масхара мегирем, тилло бидеҳу дигару дигар, ин аҳмақӣ аст. Ин маҳр як масъалаи ҷиддӣ аст. Маҳри худро мехоҳам, на барои бародарам ва на барои падарам, барои худам. Имрӯз дар Ғарб тоза шурӯъ карданд, ки контракти издивоҷ (ақди никоҳ). Барои мо аз як ҳазору чорсад сол пеш мондааст, чаро як роҳи дигарро бигирам? Ин масоиле мебошад, ки барои ман ҷиддист. Вуҷуди зан дар ҳар мубориза, бисёр масъалаи ҷиддист. Ман ҳамон қисмате, ки дар вақти Шӯравӣ меҷангидам, дар замони баста шудани мактабҳо дар давраи Толибон меҷангидам, он ҳам барои ман қобили қабул набуд. Ман хуб дар ёдам ҳаст, ки дар Би-Би-Сии пашту аз тарафи Толибон касе, ки гап мезад ба ман мегӯяд, ки Бибӣ ту фикр мекунӣ, ки дарс хондан муҳим аст ё иффати зан? Ман гуфтам, ман ин ҷо наомадам, ки фикри худро бигӯем, мову ту омадааем, ки барои мардуми худ роҷеъ ба Ислом гап занем. Агар Худо мегӯяд: «Иқраъ!» (Бихон!), Фотима ҳам мегӯяд, иқраъ – бихон! Агар Худованд мегӯяд: «Иффат», Фотима ҳам мегӯяд, иффат. Худо гуфтааст, иқраъ, ту ҷуръат дорӣ, бигӯӣ чизи аз он болотар? Тамом. Имрӯз бадбахтии дунёи Ислом бесаводист. Ман тааҷҷуб мекунам, ки аввалин амри Худо иқраъ ва илми қалам аст ва мо чашму гӯши худро баста кардем ва дар дунёи бесаводӣ намоз мехонем ва намефаҳмем чӣ мегӯем, Қуръонро мехонем, намедонем чӣ мешунавем. Имрӯз бузургтарин душмани ҷаҳони Ислом, махсусан, занҳои мусулмон бесаводӣ аст. Аз ин рӯ, барои ман бисёр муҳим буд, ки ман як нақше дошта бошам дар ҷиҳоди Афғонистон. Бале мушаввиқам падарам буд. Он вақтҳо буд, ҳолиям ҳаст.

Суол:Дар бораи мардони Афғонистон, қаҳрамонии ҷанг бо Шӯравӣ ё замони муқовиматҳои дигар, бисёр қаҳрамонҳое ҳастанд, ки дар байни мардуми мо ҳам ошно мебошанд. Аммо дар бораи қаҳрамонии занони афғон мо кам иттилоъ дорем…

Ҷавоб: Имрӯз Малола яке аз номҳои муҳимест баробари номи духтараке, ки Толибон мехостанд бикушанд. Аммо Малола барои мо дар Афғонистон зане буд, ки дид, ки афғонҳо дар муқобили қувваи бритониёвӣ шикаст мехӯранд, ӯ хеста раҳбариро гирифт ва рафт раҳбарии ҷангро кард ва он ҷангро мо бурдем. Як шоири дигар ҳам буд, номаш Нозу. Ин ҳам дид, ки шикаст мехурад, як шеъре гуфт ва рафт майдони ҷанг. Садо кард, ки агар ман бубинам, ки пушти ту ханҷар хӯрда ту дар ҳоли гурез будӣ, ман аз шарм дигар ба он деҳи худ рафта наметавонам. Кулли шахсоне, ки тақрибан шикаст хӯрда буданд, рафтанду дар муқобили душман ҷангиданд, инҳо қаҳрамонони занони собиқи мо буданд. Масалан, мо дар мактаби Малола дарс хондем, инҳоро мешинохтем. Имрӯз дар Афғонистон занҳои таҳсилдида дорем. Яке аз занҳои вазир аз беҳтарин таҳсилдидаҳое ҳаст, ки зани ӯзбак аст, худаш аз ӯзбакҳои Афғонистон, номаш Сурайё Далил аст. Ӯ яке аз қобилтарин занҳое аст, ки мо дорем. Вазири кори умури иҷтимоии мо аз Ҳирот аст, ки шавҳараш яке аз муҷоҳиддини мо буд, шаҳид Афзалӣ, ки дар замони Шӯравӣ шаҳид шуд. Ин сето   духтари худро бузург кард ва худаш дарс хонда буд ва мубориза кард, дар хидмати муҳоҷирин буд ва ҳозир вазири кори умури иҷтимоист, ки як намуна аст барои мо. Мо хонумҳое дорем, ки онҳо ё худашон дар замони ҷиҳод дар хидмат буданд ё дар хидмати муҳоҷирин буданд, ё ин ки шавҳарҳои худро дар ҷавонӣ аз даст доданд ва инҳо ба муборизаи худ идома доданд. Аммо дунёи мо як дунёи мардсолорӣ аст ё ин ки як муболиғаи фавқулодда мешавад дар Ғарб, ки ҳатто як кори оддӣ мекунем, ки онҳо онро калон мекунанд, ки онро ҳам хуш надорам, ки ғайритабиӣ моро нишон медиҳанд ва на ин ки фаромӯш шавем. Бисёр муҳим аст, ки занони хидматгори афғонро шумо бишносед. Ман ба Кобул, ки расидам, як китоб ба англисӣ навишта шуда, ба форсӣ тарҷума шудааст дар бораи корҳои занони афғон ба шумо равон мекунам.

Суол:Албатта шинохти занони қаҳрамони Афғонистон муҳим аст, зеро дар мо бештар зани афғонро чун як чодарисиёҳпӯш мешиносанд, ки таҳсилдида нест.

Ҷавоб: Ин ҳам аст, ҳама фаромӯш мекунанд, ки аввалин занони афғон, ки барои таҳсилоти олӣ  ба Туркия рафтанд, соли 1921 буд. Вақте Сенати Афғонистон, ки он ҷо як зани афғон Ҳумайро Салчуқ сенатор буд, солҳои ҳаштодуми асри пор буд. Вақте мо аввалин вазири тандурустии худро доштем, ки номаш дар ёдам нест, соли 1964 буд. Мо дар парлумон занҳо доштем, ба маҷлис ва кабина нафари зан доштем. Аз ҳама муҳимтар мо сафирони зан доштем, дар вазорати хориҷа доштем. Аммо ҷанг душмани ҳар чиз аст. Вақте, ки ҷанг шурӯъ шуд, тасхири Советӣ шурӯъ шуд, ҳама чиз рафт ба ақиб. Ба хотири он ки вақте Советӣ сари кор омад, инҳо занҳои мардумро мебурданд ба телевизион, духтарҳои мардумро ба зурӣ мебурданд, ки байт бихон, бирақс. Ин чизҳое ҳаст, ки ҳатто дар замони Зоҳиршоҳ мо намекардем. Ин айб буд, мо ин корҳоро намекардем? Вақте корҳо ин хел шуд, ҳама аз духтарҳои худ метарсиданд. Агар кас писари ҷавон медошт фирор мекард, ки аскарӣ набаранд, каси дигар духтар медошт низ фирор мекард, ки духтари манро дар телевизион нарақсонанд. Он фақат як ҷанги сиёсию низомӣ набуд, як ҷанги сиёсию мазҳабӣ, динӣ ва фарҳангӣ буд, хилофи фарҳанги мо буд. Ман ёдам аст, ки мардумон фирор карданд, чун ҳукумати Советӣ онҳоро маҷбур мекард, ки заминҳои фалониро бигир. Онҳо мегуфтанд намозам намешавад, ман меравам. Бисёр муҳим буд.

Суол: Ва дар охир… Шумо, ки аз як хонаводаи мазҳабии маъруф дар Афғонистон ҳастед, фаъолияти сиёсӣ бароятон мушкил эҷожд намекунад?
Фотима Гелонӣ: «Бесаводӣ душмани занҳои мусулмон аст»

Ҷавоб: Бархилоф ҳамагӣ мазоқ мекарданд, ки ин Фотима айш кардаст, як паспорт дорад, байни мардон менишинад, чун духтари фалонист, ҳеч кас ҳеч чиз намегӯяд, ҳама нишаста гӯш мекунанд, ин воқеият буд. Ман як зани фавқулодда ва хушбахт ҳастам. Паспорти афғонии манро гирифтанд, манро беватан эълон кард, ҳукумати коммунистӣ. Ду рӯз баъдаш паспорти саудӣ доштам, фазли Худо ман бадбахтӣ надидаам, бепулию гушнагӣ надидем, Худованд ҳамеша ин лутфи худро ба сари мо дошта бошад. Ба ҳамин далел аст, ки ҳоло вақташ ҳаст, ки ман қарзи мардуми Афғонистонро пас бидиҳам. Падарбузурги ман аз Бағдод омад ба Афғонистон. Аммо ӯ забони паштуро ёд дошт, ҳамон ҷо ба хотири ин ки ба Бобо Шайх ба мақбараи Абдулқодири Гелонӣ паштую балуҷию ва курдию инҳо мерафтанд ва инҳоро медонистанд. Ман дар ёдам ҳаст, 15-сола будам рафта будам ба Бағдод, ман ин қадар туркман, ки дар Бобо Шайх дидам, дар Афғонистон надида будам, ки инҳо онҷо буданд. Ин як раҳмати Худо аст, ки дарвозаро боз кард барои ман.


…Бубинед, маҳдудияти як зани мусулмон маҳдудияти хароб нест. Маҳдудияти зани мусулмон як маҳдудияте аст, ки ӯро аз бисёр хатарҳо наҷот медиҳад. Маҳдудиятҳо боис мешавад, ки ман дарс бихонам? Ман бояд дарс бихонам, боис мешавад, ки ман кор накунам? На, оё ҳазрати Зайнаб, ки имрӯз дар борааш гап мезананд, аввалин зане набуд, ки шуҷоъ буд ба даргоҳи як подшоҳ рафт гуфт, ки ту зулм кардӣ, ман ҳаққи бародари худро аз ту мехоҳам. Шуруташ хароб набуд, чун ҳаққи худро мехост. Аммо агар озодӣ он бошад, ки намоиши худро бидиҳем, онро агар ман свиданӣ (шветсиягӣ) ҳам мебудам, намекардам. Фиминистҳои Свидан (Шветсия) мухолиф нестанд, ки вақте либосро нишон медиҳӣ, чаро нишон медиҳӣ? Зани лучро чаро нишон медиҳӣ? Инро ҳам онҳо низ мегӯянд накун.

-Ташаккур барои сӯҳбати самимӣ!

Мусоҳибон: Зоҳиршоҳ  Давлат
ва Аъзамшоҳ Қӯқаншоҳ


Ҳолнома: Хонум Фотима Гелонӣ- фарзанди Пир Сайидаҳмади Гелонӣ (аз шахсиятҳои мӯҳтарами мазҳабии Афғонистон ва аз навосагони орифи машҳур Абдулқодири Гелонӣ) дар соли 1954 дар шаҳри Кобул мутаваллид шудааст. Баъд аз фароғати Литсейи Малолӣ таҳсилоти олияшро дар Донишгоҳи миллии кишвари Эрон идома дод ва магистриро дар дар бахши улуми исломӣ ва фиқҳ аз (Muslim College)  донишкадаи исломии кишвари Инглистон ба даст овард. Хонум Гелонӣ дар даврони Ҷиҳод ба сифати сухангӯйи муҷоҳидин ифои вазифа намуда, дар ростои хидмат ба атфол ва муолиҷаи муҷоҳидини захмӣ хадамоти қобили васфе анҷм додааст.

Дар буъди сиёсӣ барои таҳаққуқи ҳуқуқи зан/башар ва мухолифат бо ишғоли Афғонистон тавассути қуввваҳоии Шӯравии собиқ нақши боризе дошта, дар Конфронси Бонн ба ҳайси нозир ширкат кардааст. Ӯ дар Коммисиюни Қонуни асосӣ ба ҳайси узви комиссия иҷрои вазифа карда, дар ҳар ду Луя Ҷирга (изтирорӣ ва Қонуни асосӣ) узвият доштааст. Хонум Гелонӣ дар соли 2006 ба сифати Раиси умумии Ҷамъияти афғонии хилоли Аҳмар (Сара Миёшт) мансуб гардид. Ду китобро таҳти унвонҳои «Фақиҳе, ки ба садорат расид» (зиндагиномаи Муҳаммад Мӯсо Шафиқ, садри аъзами фақиди Афғонистон) ва «Масоҷиди Ландан» ба риштаи таҳрир овардааст.

Номи Фотима Гелонӣ соли 2009 дар васоити ахбори Афғонистон дубора замоне сари забонҳо уфтод, ки мавсуф  вазоратҳои молия ва иқтисоди ин кишварро ба интиқод кашид ва гуфт: «Бо вуҷуди миллионҳо доллар кӯмакҳои хориҷӣ барои атфолу занони бесарпараст ҳанӯз дар бораи онҳо коре ба таври ҷиддӣ сурат нагирифтааст. Бояд аз вазоратҳои молия ва иқтисод пурсида шавад, ки чӣ касоне дар ин росто кор карда ва ин пулҳо ба чӣ касоне дода шудааст».  
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)