Бахшҳо
30 ноя 2012 05:35Иҷтимоӣ

Подабон ҳам "наркобизнес"-у милиса ҳам

Касе намепурсад, ки бо 300 сомонӣ моҳона мошинҳои хориҷиву қасрҳои бошукӯҳ аз куҷост?

Кунҷковӣ ба хотири адолат ё пайравӣ?
Миёни мардуми мо гӯйё одат аст, ки агар камбағале соҳиби давлат шуд ё каме пулдор гардид, зуд шубҳа мекунанд ва эҳтимоли ба ин ё он тиҷорати ғайриқонунӣ даст доштанашро ҳадс мезананд. Ба хусус, агар шахсе якбора пулдор шавад, ҳангомаҳо атрофи даромади ғайриқонунӣ ё пули "бедардимиён"-и ӯ зиёд пайдо мешавад.

Фарзияи аслӣ ва нахустин дар мавриди даромади ӯ тиҷорати героин ё нашъаҷаллобӣ аст. Сипас кунҷковӣ оғоз мегардад, ки фалонӣ подабон буду 100 сомонӣ дар як моҳ маош мегирифт ё ронандаи мусофиркаш буду пулаш ба таъмири мошинаш сарф мешуд, пас ин қадар пулро аз куҷо ёфта, хонаи сеошёна сохт ё соҳиби чанд мошини хориҷиву Камазу Дулани 50 ҳазор долларӣ гардид? Ё тоҷир буду мисли ӯ даҳҳо савдогар миёнаҳол зиндагӣ мекунанд, аммо ӯ бо вуҷуди навакак ба тиҷорат сару кор гирифтан ба ин зудӣ аз куҷо 100 ҳазор доллар ёфта хонаву мошин харид ва боз дар Душанбеву Хуҷанд бинои 5 ошёнаро хусусӣ кард? Ё милисае бо маоши 300-400 сомонӣ аз куҷо маблағ ёфта, хонаи боҳашамат бунёд карду соҳиби "Мерседес" ё "Лексус" гашт?

Саволе ба миён меояд, ки оё ин одат танҳо хоси мардуми тоҷик аст ё миёни дигар миллатҳо низ чунин кунҷковиҳо вуҷуд дорад? Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ин одат танҳо хоси мардуми мо нест, балки дар аксари кишварҳо, ба хусус агар сохти демократӣ дар он мамолик қабул шуда бошад, чунин кунҷковиҳо аз ҷониби мардум нисбати амалдорону мансабдорон ва дигар афроди маълум зиёд ба назар мерасад. Масалан, аз рӯи гуфтаи онҳое, ки дар Амрико ба сар бурдаанд, дар ИМА шаҳрвандон дар мавриди даромади мансабдорони калидӣ ва асосии иёлоту кишвари худ донистан мехоҳанд. Ҳатто ба кӯчактарин ҳаракоту ошнобозии амалдорон таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва иллати дӯстии миёни амалдору соҳибкор ё вакилу мансабдорро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳанд.  

Аз вакилу афсар то ронандаву носфурӯш ҳама дар як дег меҷӯшанд   
Замоне ки дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, бархеҳо озодона ба кишти кӯкнор шурӯъ карда буданд, он вақт Тоҷикистонро аз Афғонистон фарқ кардан душвор буд. Дар ин ду кишвар мардум аз ночорӣ ба ин амал даст мезаданд, вале баъди сулҳ вазъ дар Тоҷикистон то андозае тағйир ёфт ва мардум рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд, иддае ба тиҷорат машғул шуданд. Бо гузашти солҳо ба назар чунин мерасад, ки ҳоло ҳам теъдоде аз ҳамватанони мо ба тиҷорати нашъаву героин сару кор мегиранд. Дар Русия ва хориҷ аз кишвар тоҷиконро нашъаҷаллоб муаррифӣ мекунанд, ки ин аз як ҷониб нанговар бошад, аз сӯи дигар ҳақиқати талхи зиндагии воқеии мост. Дар дохили кишвар тақрибан ҳар рӯз як хабаре дар бораи боздошти қочоқчиёни маводи мухаддир ва ошкор кардани ин ё он гурӯҳи нашъаҷаллоб нашр мешавад гӯем, хато намекунем. Танҳо дар 10 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 5 тонну 455 кило маводи мухаддир мусодира кардаанд, ки назар ба як соли қабл 1,5 тон бештар будааст. Яъне, ҳар сол нисбат ба соли дигар ҳаҷми интиқол ҳам меафзояд ва теъдоди интиқолдиҳандаҳо ҳам. Ба ин тиҷорати ғайриқонунӣ бошад, аз вакилу афсарони баландрутбаи амниятӣ то милисаҳои оддӣ ва дигар мансабдорон даст мезананд. Тибқи иттилои расонаҳо ахиран вакили маҷлиси маҳаллии ноҳияи Шӯрообод Баҳриддин Хоҷаев бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дар қаламрави Русия боздошт шудааст. Қаблан, Агентии мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир як афсари аршади Хадамоти марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистонро бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир боздошт ва ҳабс карда буд. Ба назар чунин мерасад, ки имрӯз на танҳо дар шаҳру навоҳӣ, балки дар ҳар як деҳоти дурдасти кишвар нафароеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба чунин тиҷорат даст дошта бошанд.

Вале иллати аслии муттаҳам кардани соҳибкорон, амалдорон, вазирону кабирон ва афроди алоҳида дар Тоҷикистон ба амалҳои ғайриқонунӣ ё тиҷорати героину ришваситонӣ чизи дигар аст. Зеро дар дигар кишварҳо, аз ҷумла, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, кишварҳои Аврупо ва Амрико мансабдорон: аз роҳбарон то кормандони оддӣ дар блогҳои интернетии худ маблағ ва сарчашмаи даромади хешро нашр мекунанд ё ин ки агар блог надоранд, барои шаҳрвандон шаффофияти фаъолияти худро ошкор мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ин кор ғайримумкин аст. Аксари вазирону кабирон ва раисону соҳибкорони шинохта сарчашмаи даромади худро пинҳон медоранд ё агар қасру хона ва корхона месозанд, онро бо номи дигар кас ба қайд мегиранд. Пас чӣ ҳоҷати сухан кардан аз сарчашмаи даромади "наҳангчаҳо"-ест, ки шояд дар сурати тоҷир, ронандаи мусофиркашу боркаш, раису подабон ва ғайра ба нашъаҷаллобӣ, одамфурӯшӣ, рейдерӣ ва дигар тиҷоратҳои пинҳонӣ сару кор мегиранд.   

Корхонаи бидуни тағобачаву писари хола
Барои пешгирии ин амалҳои ғайриқонунӣ ниҳодҳои зиёде таъсис ёфтаву амал мекунанд ва ба ҷомеа ҳисобот медиҳанд, ки корҳоеро анҷом дода истодаанд. Аз ҷумла, Агентии мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, Агентии мубориза алайҳи коррупсия ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки махсус дар ин самтҳо кор мебаранд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки ҳар қадар шумораи ин ниҳодҳо зиёд шавад, ҳамон қадар фасоду корҳои ғайриқонунӣ афзоиш меёбад. Зеро то замоне, ки агентии зидди фасод таъсис наёфта буд, дар бораи фасодкории амалдорон кам касон медонистанд. Аммо минбаъд на танҳо амалдорон аз фасод даст накашиданд, балки шаҳрвандон ҳам усулҳои "осон"-и ҳал кардани проблемаи худро кашф карданд ва дар ин самт фаъол шуданд.

Коршинос Иззат Амон мег?яд, дар асл ҳукумат барои мубориза бо фасод ва нашъаҷаллобӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, вале мушкил дар он аст, ки дар ҳамон ниходҳое, ки ҳукумат барои мубориза бар зидди фасод ва нашъаҷаллобӣ  таъсис медиҳад, афроди нолоиқ курсиҳоро ишғол мекунанду баъд худашон ба фасодкорӣ даст мезананд: "Чуноне ки шоҳид будем, чанд моҳ қабл мурофиаи судии  "муборизон бо нашъаҷаллобӣ" шуда гузашт. Аз ин рӯ мо бояд думболи сабабҳои ба ин кор даст задани  масъулини мубориза бо фасод бошем. Ба гумонам ин қабл аз ҳама маоши пасти ана ҳамон масъулин мебошад, ки маҷбур мешаванд барои зиндагии беҳтаре даст ба  қонуншиканӣ зананд. Зеро ҳама мехоҳад, ки хонаву дари обод ва зиндагии хуб дошта бошад. Вале ин корро бо маоши 1800 сомонӣ кардан аслан имкон надорад. Масъулини мубориза бо фасод дақиқан ҳамин миқдор маош мегиранд ва баъзеҳо аз ин ҳам камтар. Яъне пешниҳоди ман ин аст, ки барои мубориза бо фасод қабл аз ҳама  маоши масъулинро бояд бардошт ва баъдан афродеро ба кор гирифт, ки ба миллату давлат содиқ бошанд, на тағобачаю писари холаву дигару дигар".

Зани вазир аз куҷо пулдор шуд?
Бо ин ҳол боз аз худситоии роҳбарони ниходҳои марбут ба ин амалҳо дар тааҷҷубам. Зеро як шахси бемаълумот ҳам медонад, ки мошинҳои хориҷии баъзе мансабдорон аз кадом ҳисоб харида шудааст ва қасру кӯшкҳои боҳашамати иддае аз амалдорону соҳибкорон бо чӣ роҳ бунёд шудааст.

Ва ҷомеа инро ҳам хуб медонад, ки бо 300 сомонӣ маош ё бигзор 2000 сомонӣ моҳона харидани мошини 100 ҳазор долларӣ ғайримумкин аст. Аммо мақомот гӯё ин ҳама ҳолатҳоро нодида мегиранд ва шояд гумон доранд, ки бо ҳисоботи қолабии худ аҳли ҷомеаро фанд дода метавонанд. Ҳатто ҳамон шахси бемаълумот ё чӯпон ҳам дар чунин ниҳодҳо ба кор ояд, ба худ савол мекунад, ки ин ҳама даромад аз кадом ҳисоб аст? Агар тиҷорати героин, нашъа, одамфурӯшӣ ё ришваситонӣ набошад, бо 1000 сомонӣ оё имкони сарфа кардани 100 ҳазор доллар дар як-ду сол (на 10-15 сол) вуҷуд дорад? Касе намепурсад, ки маош ё даромади он афроде, ки хароҷотҳои зиёдро барои худ иҷозат медиҳанд, чӣ қадар ё аз кадом ҳисоб аст? Оё ягон ниҳоде нест, ки сарчашмаи даромади амалдорону мансабдорон ва вазирону кабиронро муайян кунад? Ҳатто метавон сарчашмаи даромади он корхонаеро ҳисоб кард, ки ба номи вазир неву, ба номи писари вазир ё зану авлоди вазир ба қайд гирифта шуда бошад. Кофӣ аст танҳо сарчашмаи даромади зани вазир ё писари вазирро санҷид, ки аз куҷо ин қадар маблағ ёфта, корхона сохт?  

Аммо ба бовари Иззат Амон масъулине, ки хонаҳои баландошёна доранду ба мошинҳои 100 000 долларӣ савор мешаванд, на танхо даромадашон тафтиш намешавад, балки онҳо дар хонасозию мошини гаронбахо харидан байни ҳам мусобиқа низ мекунанд. Вагарна ба аҳмактарин нафар ҳам фаҳмост, ки чи гуна  раиси "Барқи тоҷик" бо 2000 сомонӣ маош  мошини 110 000 долларӣ савор мешавад. Вай бо баёни ин ки чаро  даромади инҳо тафтиш намешавад, аз ҷумла афзуд: "Ба ин суол ҳам ҷавоб додан хеле осон аст. Зеро онҳо хешу табори якдигаранд. Чӣ гуна раиси ниҳоди мубориза бо фасод метавонад  раиси "Барқи тоҷик" ё ягон ниҳоди дигарро тафтиш кунад, ки ин раисон хешу табори дигар раисон ҳастанд? Бинобар ҳамин дар ин маврид пешниҳоди ман ба ҳукумати ҷумҳурӣ ин аст, ки қабл аз ҳама решаи маҳалгароӣ ва хешу таборбозиро бояд аз миён бурд".

Ба бовари коршиносон сабаби аслии даст ба тиҷорати ғайриқонунӣ задании шаҳрвандон ба сиёсати иқтисодӣ ва озодиҳои шаҳрвандон рабт мегирад. Зеро агар барои тиҷорати қонунии шаҳрвандон дар дохили кишвар шароит фароҳам набошад, аксари аҳолӣ ё баромада мераванд ё ба корҳои пинҳонӣ машғул мешаванд. Чун дар шароити Тоҷикистон бисёре аз шахсони пулдор аз ошкор шудани сармояашон ҳарос доранд ва ин ҳам сабабҳои худро дорад. Аз ҷумла, ҳабс шудани раиси "Орима", вайрон кардани бозори "Зарнисор" дар Душанбе, ҳабс кардани роҳбари ширкати "Мовароуннаҳр" ва ғайра боис шуда, то соҳибкорон ба амнияти маблағҳояшон нобоварона муносибат кунанд.

БДА: "Бидеҳ Доляи Акета"
Ба қавли Умед Бобохонов, муассиси расонаҳои гурӯҳии "Азия плюс", барои мубориза бо ҳар намуди мушкилот, хоҳ коррупсия бошад ё нашъаҷаллобӣ, нахуст волоияти қонун ва озодиҳои сиёсӣ дар нисбати ҳар як узви ҷомеа: аз вазир то дарбон бояд дода шавад. Ба андешаи ӯ чунин озодӣ ҳанӯз вуҷуд надорад. Барои "худиҳо" гузашт мекунанд ва дигарон ин ҳолатро дида, аз онҳо пайравӣ менамоянд. Вай мегӯяд, барои танг кардани мавқеи иқтисоди пинҳонӣ бояд ҳама монеаҳои сунъӣ ва нодаркор, ки одамонро дар ин бахш нигоҳ медорад, аз байн бурда шаванд. Ба мардум имконият додан даркор аст, то фаъолияти худро қонунӣ ба роҳ монанд.

Аммо дар мо ба ҷои он ки монеаҳои сунъиро аз байн баранд ва қонунҳои садэҷодкунандаро лағв созанд, баръакс онро такмил медиҳанд, то андозу пардохт зиёд гардад. Масалан, як ронандаи мусофиркаш барои он ки ба кор шур?ъ кунад, бояд иҷозатнома гирад ва барои табдили он ҳар ним сол пул супорад ва боз иловатан патент гираду ҳар моҳ маблағ супорад ва ҳамзамон маҷбур аст роҳхат ҳам гирад. Оё кофӣ нест, ки ин ронанда як намуд андоз супораду аз дигар пардохтҳо озод шавад, то тавонад зиндагиашро дар шароити гарон будани сӯзишворӣ пеш барад? Бо чунин тарзи андозбандии гарон чӣ гуна метавон кор кард? Барои ронанда аз он ки қонунӣ фаъолият кунад, беҳтар аст, ба як корманди андоз ё БДА "доля" диҳаду пинҳонӣ кор карда гардад. Дар ин сурат маблағ ба буҷет не, балки ба ҳар ниҳоди алоҳида ё корманди он меравад. Минбаъд бо роҳҳои ғайриқонунӣ фаъолият кардани ронандаҳо аз эҳтимол дур нест. Зеро чунин қонунҳо ва монеаҳо сабаб мешавад то ба амалҳои ғайриқонунӣ даст зананд. Система чунин шакл гирифтааст, ки ё қонунро риоя мекуниву муфлис мешавӣ ё "доляи ака"-ро дода, чарида мегардӣ. Яъне даст ба фасоду ришва ва тиҷорати ғайриқонунӣ задани шаҳрвандон аз ноилоҷӣ аст. Зеро системаи мавҷуда дигар тарзи фаъолиятро иҷоза намедиҳад.

Умед Бобохонов мегӯяд, дар Тоҷикистон гоҳе бар ивази кори воқеӣ кори расмиро пеш мебаранд. Яъне барои мубориза бо коррупсия ниҳодеро таъсис медиҳанд, вале ҳеч кореро дар баробари бартараф кардани омили аслии коррупсия анҷом намедиҳанд, ки ин нодуруст аст. Ба гуфтаи ӯ ин шаҳодат аз он аст, ки роҳбарият ё намефаҳмад, ки чӣ гуна бо коррупсия мубориза барад ё намехоҳад.

Исфандиёр ХАЛИЛӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)