Бахшҳо
30 ноя 2012 04:58Ҷавонон ва варзиш

Мо револютсия не, эволютсия мехоҳем

Тундгароӣ ё радикализм аз ҷумлаи масоили муҳими имрӯзи кишвар ва ҷамъият гаштааст. Ҳамарӯза чораҳое барои пешгирии он амалӣ мегардад, ки гоҳо таъсирбахшанду гоҳе ҳам ҷуз сарфи беҳудаи вақту манобеи гуногун чизе бо худ надоштаанд.Вақтҳои ахир ба таъсироти беруна аз ҷониби "нурӯҳои сеюм" диққати махсус дода мешавад. Дастандаркорон мекӯшанд ба ҳар роҳ маълумоти аз хориҷи кишвар воридшавандаро назорат кунанд ва ба навъе поксозӣ намоянд. Ин ҳолат дар соҳаҳои гуногун мушоҳида мешавад: таҳсил, фаъолияти созмонҳои байналмилаливу  ғайридавлатӣ ва интернету ВАО.

Аслан худи вожаи тундгароӣ ё радикализм тафаккур ва нуқтаи назареро меноманд, ки нисбати ягон масъала якҷониба буда, нуқоти назари дигарро рад мекунад. Чунин раванд дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ ва ҳар соҳаи дигар дар мизони гуногун мушоҳида мешавад. Аммо имрӯз онро бештар нисбати равандҳое истифода мебаранд, ки кӯшиши комилан дигар кардан ё ҳатто аз байн бурдани ягон сохтори иҷтимоиро дошта бошад.

Дар ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон тундгароӣ бештар дар масоили рӯзмарра дида мешавад, ки дар он як ҷониб бо фикри ҷониби дигар розӣ нашуда, ба тавофуқ намеоянд ва аксаран масъалаи миёни онҳо ҳал нашуда мемонад. Ҳамеша масоиле ҳаст, ки ҳар нафар дар он фикри худро дуруст шумурда, нуқтаи назари дигаронро қабул надорад.

Аммо агар дар сатҳи ҳаёти рӯзмарра чунин раванд зиёд мушкилзо набошад ва тарафайн ба зудӣ муносиботи хубро барқарор намоянд, дар сатҳи болотар, бештар дар сиёсату диёнат, мушкилоти зиёдеро метавонанд ба бор оранд. Афсус, ки масоили ҷанҷолбарангез ҳамчунон доғ боқӣ мемонанд.

Ангушт бардорем ё на?
Оё ҳангоми хондани "Ат-таҳиёт" ангушт бардоштан лозим ё не? Сари намоз почаи шимро қат кунем ё не? Дар назари аввал, суолҳои хеле оддиянд, ки дар муносиботи одамон он қадар мушкилбарангез нест. Аммо ҳамарӯза дар кӯчаю масҷид мардум сари ҳамин масъала баҳс карда, оқибат бо таҳқиру ҳатто дашном аз ҳамдигар ҷудо мешаванд.

Чун дониши кофӣ оид ба масоили оддии дину шариат надорем ва одоби баҳсу маҷлисро намедонем, наметавонем фикри худро ба дигарон иброз намоем ва нуқтаи назари онҳоро қабул кунем, ҳамеша аз якдигар норозӣ ҳастем ва сари масоили муҳимтар аз ин фикр карда наметавонем.

Муроди мо насиҳат буду гуфтем...
Бузургони адаби мо дар боби хираду одоб зиёд гуфтаанд. Аммо боиси таасуф аст, ки дар таълиму тарбияи насли нав ғайри азбар намудани ашъори Саъдию Кайковус дигар омӯзиши ахлоқ дида намешавад. Онҳо гуфтанду рафтанд, мо бояд дар баробари азбар намудан онро риоят намоем. Аммо тафсири он гуфтаҳо, таҳлили мазмуни осор ва тадбиқи он мувофиқи шароити замон ба ду по мелангад. Агар пас аз Шуравии собиқ дарсҳои этика ва эстетика аз миён рафта бошанд, солҳои охир аз ягона дарси ахлоқӣ - "Одобнома" низ мондем.

Хонандаи азиз метавонад гӯяд, ки тарбия кори волидайн аст, на мактаб. Ва дар ин хусус қонун низ қабул шуда аст. Аммо агар сари ниёзҳои мардум дар шароити мушкили имрӯз фикр кунем, ба осонӣ дармеёбем, ки камтар нафарон дар баробари кору меҳнат вақт ва тавони кор бо фарзандонро меёбанд. Дар баробари ин, муаллимон ҳастанд, ки бояд таълим диҳанд ва мазмуни ҳар суханро ба шогирд фаҳмонанд, то онҳо кӯрсавод нашаванд. Агар ба мағзи гапи ҳамон бузургон сарфаҳм раванд, меҳнати зиёд барои ислоҳи рафтори онҳо ва пешгирӣ аз тундгароияшон лозим нахоҳад буд.

Тундгароӣ нисбати гурӯҳҳо
Дар ҷомеаи имрӯзи мо тундгароӣ нисбати гурӯҳҳои алоҳида аст. Бештар он нисбат ба аққалиятҳои нажодӣ, миллӣ, динӣ, гароиши ҷинсии ғайрисуннатӣ ва ранги пӯст мушоҳида мешавад. Вале тундгароӣ нисбати маҳал барои ҷамъият зиёнҳои бештареро дошта, маҳалгароӣ ва радди намояндагони манотиқи бегона, ҳатто аз дохили кишвар, аз ҷумлаи масоили мушкилзои кишвар боқӣ мемонад.

Аммо радикализм дар сатҳи сиёсат бештар назаррас аст. Тундгароӣ нисбати гурӯҳҳои мухолифи ҳукумат ё баракс тарафдорони он ба ҳадест, ки шахсону гурӯҳҳои фаъоли сиёсиро ба ҷонибҳои гуногун кашида, боиси мушкилиҳо мешавад. Агар онҳо сари масоили муҳими сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба тафоҳум ва тавофуқ наоянд, амнияти кишвар зери суол хоҳад рафт.

Ҳар кӣ бо мо нест, душмани мост
Дар ҷамъияти мо, ба хусус, миёни забардастон мафкурае ҳаст, ки "раис ҳамеша ҳақ аст". Нисбати ҳар масъала "ду фикр ҳаст: яке фикри раис ва дигаре фикри нодуруст". Ҳар нуқтаи назаре, ки бо гуфтаи "боло" айнан мувофиқ набошад, он ҳатман ҷанҷолбарангезу зидди ҳукумат ва сохтори он ҳисобида мешавад.
Ҳамин радди гуногунфикрӣ сабаб шуда, ки беҳтарин мағзҳо дар дохили кишвар ҷой наёфта, ба хориҷа рӯй оранд.

Афв лозим нест, қатл...
Фикр мекунам, ин масал барои хонанда ба хубӣ шинос аст. Лозим аст, ҷои вергул дар он иваз шавад, то ҳукм билкул мазмуни дигар ёбад.

Дар шароити имрӯз, ки мехоҳем ҷомеаи мардумсолор ва кишвари демократӣ бунёд кунем, таҷрибаи бастани даҳон ҳамчунон идома дорад ва ҳар манбае мушкилсоз бошад (хонед: бо фикри "боло" сад фисад мувофиқ набошад) дарҳол баста мешавад. Ҳамин маҳдудсозии дастрасӣ ба манобеи интернетӣ, аз ҷумла Facebook, як мисоли чунин амали зиддиқонунист. Аммо ин ягона мисол нест.

Боре исломгароиро хатарзо хонданд ва шурӯъ карданд ба даридани сатру тарошидани риш. Бидуни баррасии он, ки шахси мавриди назар дар ҳақиқат барои амният хатар дорад ё на. Пас аз "Баҳори араб" ҳар гуна дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоию Интернет хатарзо дониста шуд ва шурӯъ карданд ба бастани манобеи интернет ва манъи истифодаи телефони мобилӣ. Замоне шурӯъ карданд ба тафтиши масоҷид ва ҳар масҷидеро бо мушкилоти камтарин бастанд. Ҳамчуноне, ки ба дастовардҳои як мудир нигоҳ накарда, барои хатои ночизе аз мактаб меронандаш. Ҳеч кас ҳаққи хато надорад.

Агар бимонам, куҷо бимонам?
Дар ин ҳолат сатҳи норизоӣ нисбати ҳукумат поин рафта, кам-кам ба тундгароии омма нисбати низоми мавҷуда мерасонад. Дар натиҷа, нуфузи ҳаракатҳои радикалистию экстремистӣ зиёд мешавад. Ин табиати инсон аст, ки дар ҷустуҷӯи ҳаёти бештар ҳарчӣ ба назараш муассир бошад, иҷро мекунад. Ва табиати инсон аст, ки барои таҳқир - ҳатто хурдтарин - замоне ҷавоб гӯяд. Ин аллакай марҳилаи охири радикализм аст, дар ҳақиқат барои пояҳои як давлати ҳуқуқбунёд хатарзост.

Эволютсия
Мо, ҷавонон, ҳаргиз тарафдори радикализм нестем. Омодаем дасти онҳоеро, ки теша бар решаи давлати мо мезанад, бибуррем. Аммо гоҳо маҷбурамон мекунанд тарафи дигари сангар қарор гирем, чун дар ҷониби худамон моро ба назар намегиранд.

Мо ҷонибдори револютсия нестем. Аммо барои он, ки револютсия нашавад, бояд низоми мавҷуда барои эволютсия шароит муҳайё намояд.
Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)