Дар ин ҷанг мушаххас шуд, ки 70 % аз мушакҳои шилликшуда метавонад ба аҳдофи худ дар Исроил бархӯрд кунад ва аз гунбади оҳанини саҳюнистҳо бигзарад…
Як рўзномаи лубнонӣ дар мақолае ба 4 шохиси шикасти режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғаза ишора кард ва навишт, ки муқовимати хати сурх саҳюнистҳоро дар ин ҷанг шикаст.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", рӯзномаи "Ал-наҳор"-и Лубнон дар мақолае ба қалами Роҷеҳ Алхурӣ ба баррасии мавориди ахлоқӣ миёни ду ҷанги Ғаза дар солҳои 2009 ва 2012 пардохта ва абъоди шикастҳои режими саҳюнистӣ дар набарди кунуниро баррасӣ кард.
Дар матлаби мазкур аз ҷумла омадааст, ки Исроил одат кардааст, то шартҳои худро аз тариқи миёнҷии мисрӣ барои оташбас эълон кунад, аммо ин нукта ҷолиб буд, ки намояндаи Исроил ду рӯз пеш бо шартҳои сегонаи «Ҳамос» барои оташбас мувоҷеҳ шуд, таваққуфи таҷовузҳои Исроил, поён додан ба муҳосираи Ғаза ва таваққуфи неруҳои равишманд аз ҷумла сегонаи «Ҳамос» барои оташбас буд. Албатта қарор буд, давлати Амрико замонати иҷроии тамомии ин шартҳоро бар ӯҳда гирад.
Дар тарафи муқобили Исроил ба дунболи таҳмили оташбасе тӯлонимуддат бар асоси боздорандагӣ аст ва мехоҳад «Ҳамос»-ро аз шиллики ҳар мушаке ба сарзаминҳои ишғолӣ боз дорад, ҳадаф аз ҷанги Ғаза дар соли 2008 низ ҳамин буд, аммо алъон фош шуд, ки ин мушакҳо муҳосираи Ғазаро шикаста ва ҳатто то Тел-Авив низ расидааст.
Ба ҳамин тартиб, «Ҳамос» муваффақ шудааст, то таҳаввуле асосӣ дар мувозинаи қудрат эҷод кунад ва ҳатто сарони фармондеҳӣ дар Тел-Авив ва беш аз ниме аз исроилиҳоро ба дохили паноҳгоҳашон кашондааст.
Рӯзноманигор дар идома ба ташреҳи шикастҳои Бинёмин Натаняҳу дар ин ҷанг пардохта ва ба чанд маврид дар ин замина ишора кардааст:
Аввал: Мушакҳои гурӯҳи фаластинӣ бо ҳадафи қарор додани Тел- Авив, Қудси ишғолӣ, Иёлот, Асдуд, Усқулон, Беер Ал-сабаа ва Беер Туфиё хутути сурхи исроилиҳоро шикаст ва эҳсоси амниятро дар сарзаминҳои ишғолӣ бо халал мувоҷеҳ кард
Дуюм: Аз даст додани итминони шаҳракнишинон ба гунбади оҳанин, ки фикр мекарданд, метавонад аз онҳо дар баробари мушакҳо муҳофизат кунад, дар ин ҳамла мушаххас шуд, ки 70% аз мушакҳои шилликшуда метавонад ба аҳдофи худ дар Исроил бархӯрд кунад ва аз гунбади оҳанини саҳюнистҳо, ки дар ин ҷанг ба як соябони сӯрох табдил шуда буд, бигзарад.
Сеюм: Мавозеъи байналмилалӣ ба маҳкум кардани Исроил пардохта ва онро аз вуруд ба ҷанги заминӣ барҳазар доштанд, ин мавзӯъ тағйироти роҳбурдӣ дар минтақа бар хилофи режими саҳюнистӣ ва Амрико ба вижа дар давраи таҳаввули арабиро нишон дод
Чаҳорум: Касоне, ки ҳушдори Корел Лувин -сенатори амрикоӣ дар мавриди инфиҷор дар минтақаро хонданд, ба ин натиҷа расиданд, ки Амрико мушакборони Исроилро танҳо боиси шаҳодати кӯдакони фаластинӣ намедонад, балки мӯътақид аст, ки ин мушакборонҳо тавофуқоти созиш дар минтақаро низ бо хадша мувоҷеҳ мекунад
Мӯҳр