Дар ҳоле, ки коршиносони мустақил ва бархе аз масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон аз афзоиши муҳоҷирати ноболиғон ба хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ менамоянд, миёни Вазорати маорифи Тоҷикистон ва Хадамоти муҳоҷирати кишвар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз ин раванд якдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Гузашта аз ин, ду сохтори номбурдаро мебояд зимни тарҳрезии барномаи амалкарди баъдӣ ҳамкории танготангеро ба роҳ монанд, дар сурати баръакс: «Обе, ки аз сари панҷа рехт, рехт дигар…»
Абдусамад Муллоев, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф дар сӯҳбат ба Озодагон гуфт, дар мавриди ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ноболиғон бо Хадамоти муҳоҷират ҳоло ҳамкорӣ надоранд, вале худи вазорат барои пешгирӣ, масъалаи тарки мактаб намудани ноболиғон ҳисоботҳои оморӣ вобаста ба ин масъала ва ҷалби ноболиғон ба макотиб корҳои зиёдеро анҷом медиҳад ва дар оянда низ иқдомоти дигарро амалӣ хоҳад кард.
Ҷаноби Муллоев афзуд, дар робита ба ин масъала сари лоиҳаи наве кор карда истодаанд, ки тибқи ин лоиҳа зарурати омӯзиши муҳоҷирати ноболиғон дар саросари қаламрави кишвар пеш омадааст: «Мо дар нимосолаи якум вобаста ба ин натиҷагириҳо мекунем».
Аммо Вазорати маориф хабар надорад… Масъулини Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон бошанд, айни ҳол шумораи муҳоҷирони ноболиғро дар Русия ҳудуди беш аз 50 ҳазор унвон намуданд.
Сафиалло Девонаев, сардори хадамоти мазкур чанде қабл иброз намуд, ки давоми ним соли равон 29 ҳазор ноболиғ аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли номбурда соли гузашта ин рақам 50 ҳазорро ташкил медод.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол аст муҳоҷирони ноболиғи тоҷик дар Русия аз 50 ҳазор ҳам бештар бошанд, зеро дар Тоҷикистон низоми сабти муҳоҷират ба дараҷаи кофӣ рушд накардааст, ки тамоми омору маълумотро саҳеҳу дуруст ҷамъ оварда тавонад.
Хамзамон, дар дафтари душанбегии Созмони байналмилалии муҳоҷират (СБМ) ба мо иттилоъ доданд, ки омори дақиқи муҳоҷирони ноболиғ дар хориҷи кишвар ҳанӯз дар ягон ташкилот вуҷуд надорад.
Омилҳои дур шудани ноболиғонро аз мактабу омӯзиш ва рӯ овардани онҳоро ба муҳоҷират соҳибназарон ба таври мухталиф арёзбӣ менамоянд.
Зафар Қурбонов, ҳуқуқшиноси тоҷик, ки чанд соли ахир масъалаи мазкурро омӯхта, далели илмӣ ҷамъ меоварад ва дар кишвари Русия таҳқиқотҳои мухталифе гузаронидааст, рӯ овардани ноболиғонро ба муҳоҷират дар паст будани вазъи иқтисодии Тоҷикистон унвон намуд.
Номбурда мегӯяд, волидайн ин ҷо гуноҳе надоранд ва агар ҳукумат ба волидайни ноболиғон маоши хубу ҷои кори хуб диҳад, касе намехоҳад фарзандашро ба муҳоҷират фиристад.
Таззод ин ҷост, ки сардори Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, аксари шаҳрвандони кишвар фарзандонашонро дар айёми мактабхонӣ ба муҳоҷират мефиристанд ва дар натиҷа ба мушкилиҳои зиёде мувоҷеҳ мегарданд: «Нафароне ҳастанд, ки фарзандони мактабхони худро ба муҳоҷират мефиристанд, аммо фикр намекунанд, ки онҳо соҳиби ягон касб ҳастанд ё не ва ё ягон забонро медонанд, ё не».
Ёқуби Саид, рӯзноманигори ҷавон, ки чанд муддат дар Русия буду «шаҳд»-и муҳоҷиратро чашидааст, мегӯяд: «Рафтани ноболиғон ба муҳоҷирати меҳнатӣ на бетаваҷҷӯҳии волидайн, балки аз шароити пасти зиндаги оилаҳои онҳо дарак медиҳад». Ин ҳамсӯҳбатамон илова намуд, ки шоҳиди он аст, ки чандин муҳоҷири ноболиғи тоҷик барои пешбурди зиндагии хонаводаи худ дар Русия фаъолият доранд.
Агар ба ҳарфи масъули вазорати маориф эътимод бандему бовар кунем, пас маълум мешавад, ки онҳо дар рӯзҳои наздик сари баҳси мавзӯъ бармегарданд. Вазорат тасмими ҳамкориро бо хадамоти муҳоҷират аз сар гирифтанист, зеро бахши асосии аз таҳсил дур мондани ноболиғон ин муҳоҷирати меҳнатӣ аст.
Абдусамад Муллоев, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф аз будубоши 50 ҳазор ноболиғе, ки тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷират дар Русия ба сар мебаранд, изҳори беиттилоӣ намуд: «Мо намедонем, ки ин рақам аз куҷо ба шумо расидааст, мо фақат бо оморҳои сиёсати давлатӣ сарукор дорем, агар ин рақам бошад, мо инро пайгирӣ мекунем».
Нодорӣ дар ватан ва бесаводӣ барои баъд Иддае аз соҳибназарон бар ин назаранд, ки ноболиғон барои кӯмак ба волидон дар пешбурди зиндагӣ ва болотар аз ин бо мақсади дарёфти пули ночиз, ки пайдо кардани он дар ватан имкон надорад, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ оварда, корҳои вазнинеро анҷом медиҳанд. Таҳлилгарони умури иҷтимоӣ ҳадс мезананд, ки ин падида ба инкишофи ақливу ҷисмонии онҳо (ноболиғон) таъсири манфӣ мерасонад.
Бархе коршинсон мегӯянд, агар раванди дур шудани ноболиғон аз мактаб ва рӯ овардани онҳо ба муҳоҷират ҳамин гуна ва бо ҳамин шева идома ёбад, дар баробари дигар омилҳои манфӣ, масъалаи бесаводӣ чанд сол баъд ба проблемаи рақами 1 дар Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт. Гузашта аз ин, роҳи пеш гирифтани муҳоҷирати ноболиғонро соҳибназарон ба рушди иқтисоди кишвар ва таваҷҷӯҳи бештари масъулин ба ин раванд рабт медиҳанд.
Мешавад, агар ин матлабро ба ҷумлае аз забони таҳлилгарон ба поён бибарем: «То он вақте иқтисодиёти кишвар заиф аст, мақомоти масъули давлат имкони ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати ноболиғонро надорад».
Аммо баҳс сари мавзуъи муҳоҷирати ноболиғон, ки аз ночорӣ рӯ ба ғурбат мениҳанду сафи шаҳрвандони бесаводро зиёд мекунанд ҳамоно кушода боқӣ мемонад.
Алишер ЗАРИФӢ
Мӯҳр