Ширкати «Талко» талош дорад, то бо истифода аз гази дохилӣ фаъолияти худро ба роҳ монад. Дар ин бора ба «Озодагон» Игор Сатторов, раҳбари департаменти таҳлил ва иттилоотии ин ширкат хабар дод. Ба иттилои вай, дар ҳоли ҳозир ширкати «Талко» 70 дарсад бо гази дохилӣ таъмин буда, танҳо 30 фисади гази табииро аз Ӯзбакистон ворид менамояд. Барои вобаста набудан аз гази Ӯзбакистон дар тобистони соли равон масъулини ширкати «Талко» тасмим гирифтанд, ки дар дохили корхонаи мазкур заводи хурди коркарди газ аз ангишт бунёд кунанд.
Ҷалол Пардаев, роҳбари корхонаи синтез гази «Талко» мегӯяд, ки пас аз ин тасмими раҳбарият кормандон роҳи истеҳсоли гази алтернативиро аз ҳисоби ангишт пайдо карданд. Бунёди корхонаи коркарди газ аз ангишт баъди таҳдидҳои Ӯзбакистон дар мавриди комилан қатъ кардани интиқоли газ аз сар гирифта шудааст. Ҷаноби Пардаев мегӯяд, ки насби дастгоҳҳо аз аввали соли равон шурӯъ шудааст. Корхонаи синтезгаз дар умум чор дастгоҳ дошта, дар ҳоли ҳозир се адади он пурра ба фаъолият шурӯъ кардааст. Маврид ба зикр аст, ду дастгоҳ дар моҳи апрел ва як адади дигар дар моҳи октябр ба истифода дода шуд. Тавононии як дастгоҳ ба ҳисоби миёна ҳудудан 5 ҳазор куб дар як соатро ташкил медиҳад.
«Ин миқдор гази синтезӣ ҳоло барои чор бахши об кардани фулузот кофӣ аст. Ин газ танҳо барои бахши об кардани фулузот истифода мешавад. Албатта дар оянда ният дорем, то корхона ба пуррагӣ аз ҳисоби гази синтезии дохилӣ фаъолият дошта бошад», гуфт Ҷалол Пардаев. Дар тақвияти ин суханҳо Игор Сатторов, раҳбари департаменти иттилоотии ширкати «Талко» гуфт, ки барои комилан раҳо шудан аз вобастагии гази табии Ӯзбакистон масъулин ҳозиранд фанновариҳои заруриро харидорӣ намоянд.
Маврид ба зикр аст, дастгоҳҳо барои бунёди корхонаи истеҳсоли гази синтезӣ дар соли 2009 харидорӣ шудаанд. Дар замоне, ки Ӯзбакистон барои эҳтимоли қатъи интиқоли газ ҳеч иддаое надошт. Масъулини ширкати «Талко» мегӯянд, ки он замон фанновариҳо танҳо ба хотири истифода дар ҳолатҳои фавқулода ва ё садамавӣ пешбинӣ гардида буд. Аммо дар моҳи январи соли 2012 ҷониби Ӯзбакистон чанд маротиба атрофи қатъ ва ё маҳдуд кардани интиқоли газ ба Тоҷикистон сару садо баланд кард. Масъулини ширкати мазкур низ тамим гирифтанд, ки дар наздиктарин фурсат дастгоҳҳоро насб карда, гази алтернативиро истифода хоҳанд кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҳоли ҳозир аз 4 дастгоҳи насбшуда, 3 адади он фаъол аст ва 70 дарсади ниёзи корхона бо гази дохилӣ таъмин карда мешавад. Барои сад дарсад даст кашидан аз гази табии Ӯзбакистон масъулини корхонаи гази синтезии «Талко»-ро лозим аст, ки дастгоҳи чорумро низ ба истифода диҳанд. Зеро бо чунин сатҳи муносибат Ӯзбакистон ҳар замон метавонад интиқоли гази табииро маҳдуд ва ё қатъ намояд, ки дар натиҷа 13 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бидуни ҷойи кор монад, мегӯяд ҷаноби Сатторов.
Бояд гуфт, ки масъулини корхонаи гази синтезӣ фанновариҳоро аз Хитой харидорӣ карда, барои насб мутахасиссони хитоӣ даъват шуда буданд. Дар ҳамин ҳол, Игор Сатторов гуфт, ки ҳангоми насби дастгоҳ давраҳои омӯзишӣ барои мутахасиссони тоҷик гузаронида шуда, 110 шаҳрванди дигарро бо ҷойи кор таъмин карданд.
Дар робита ба таҳдидҳои Ӯзбакистон дар мавриди қатъи интиқоли гази табиӣ ва ҳамчунин осеб дидани ноҳияи назди марзии кишвари ҳамсоя аз партовҳои корхонаи алюминии тоҷик Игор Сатторов гуфт, ки мақомоти Тошканд дар ин маврид бидуни далел сару садо баланд мекунанд.
-Албатта ҳоло шарҳ додани тамоми таҳдидҳои Ӯзбакистон бе маврид аст. Замон гузашту ҳоло Тошканд ҳам ором аст. Аммо мо бояд бигӯем, ки партовҳои ширкати «Талко» аз меъёри муқараргардида камтар мебошанд. Ҷониби Тоҷикистон муқаррароти санади байналмилалиро дар ин маврид иҷро мекунад. Аз ин хотир тамоми даъвоҳои ӯзбакистон дар мавриди харобии табиат низ ботил аст. Чӣ гуна дар Ӯзбакистон атрофи говҳои бедандону занони носолим сӯҳбат меравад, вақте дар сокинони ноҳияҳои атрофи «Талко» шикояте надоранд,- илова кард Игор Сатторов.
Ба сифати далел номбурда аз рушди бахши кишоварзӣ дар Турсунзода ва ноҳияҳои гирду атрофи он мисол оварда гуфт, ки тамоми таҳдидҳои Ӯзбакистон хусусияти сиёсӣ доранд.
Коршиносон низ бо таваҷҷӯҳ ба вазъи муносибати Тоҷикистон ва Ӯзбакистон мегӯянд, ки Тошканд ба хубӣ огоҳ ҳаст, ки Душанбе ба ҳеч ваҷҳ хилофи меъёрҳои байналмилалӣ дар робита ба фаъолияти корхонаи тавлиди алюминий амал накардааст. Ба бовари онҳо агар Ӯзбакистон далеле барои харобиовар будани «Талко» рӯйи даст медошт, пас дарҳол ба додгоҳи байналмилалӣ муроҷиат мекард. Аммо ҳоло Тошканд аз мавҷудияти нишондиҳандаҳои тиббии корхонаи алюминий ва мутобиқ будани он ба меъёрҳои байналмилалӣ ошно аст.
Маврид ба ёдоварист, ки бори охирин нозирони Тоҷикистон соли 1993 аз Ӯзбакистон дидан карданд. Баъдан, дар соли 1994 ҳукумати Душанбеву Тошканд санадеро дар робита ба меъёрҳои фаъолияти ширкати «Талко» қабул карданд. Мутобиқи санади мазкур Ӯзбакистон иҷоза дод, то нозирони тоҷик дар ҳудуди кишвари ҳамсоя ба ташхиси муҳити зист машғул шаванд. Натиҷаи он ташхис ҳокӣ аз он буд, ки партовҳои «Талко» барои Ӯзбакистон харобиовар набуданд. Баъди эълони ин натиҷа, Ӯзбакистон дигар нозирони Тоҷикистонро ба ҳудуди кишвараш роҳ надод. Ҳамин тариқ, шартномаи ҳамкорӣ бекор шуда, ҷониби ӯзбакистон дар соли 2000-ум онро умуман рад кард.
Соли 2011 Ӯзбакистон барои ташхиси муҳити зист ва муаяйн кардани меъёри партов ба Тоҷикистон дархосте пешниҳод кард. Душанбе пешниҳоди Тошкандро қабул карда, дар ҷавоб хостори роҳ додани нозирон ва комиссияи тоҷикистонӣ ба ҳудуди кишвари ҳамсоя шуд. Душанбе низ дархост кард, то ҳадафи ташхис дар баробари ҳудуди Тоҷикистон манотиқи Ӯзбакистон низ интихоб гардад. Гуфтанист, ин пешниҳоди Душанбе аз ҷониби Тошканд ҳамоно беҷавоб аст.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр