Бахшҳо
19 ноя 2012 09:29Гузориш

Яҳудиён дар орзуи бозгашт ба сарзамини қаблӣ…

Яҳудиёни ҷадид кишварҳои аввалияи худро беҳтар медонанд ва амният ва оромиши худро дар сояи Телавив аз даст рафта мебинанд…ин авзоъ метавон далоили маъқуле барои як яҳудӣ бошад, то дубора ба сарзамини аслии худ бозгардад…

Яҳудиён ба ду гуруҳи аслии ашкнозиҳо ва суфордиҳо тақсим мешаванд, ки пеш аз милоди масиҳ дар манотиқи мухталифи Ховармиёна пароканда буданд. Яҳудиёни суфордӣ ва мезроҳӣ дар манотиқе чун Эрон, Яман, шибҳа ҷазираи Арабистон ва Ироқ қарнҳо дар канори дигар ақвом зиндагӣ мекарданд, аммо дар суй дигар яҳудиёни ашкнозӣ, ки дар пайи ҳамалоти пайдарпайи Рум водор ба муҳоҷират ба Аврупо шуданд, шароити душворе доштанд ва дар ма- ҳалаҳои мавсум ба  Гету зиндагӣ мекарданд.

Яҳудиёни аврупоӣ бештар дар Русия, Лаҳистон ва Олмон истиқрор доштанд ва ба далели надоштани ҳаққи моликият ба самти шуғлҳои молӣ ва машоғиле чун фурӯши машруб, ки дар ҷомеа камтар мавриди таваҷҷӯҳ буданд, тамоюл ёфтанд, ин вазьияти иҷтимоӣ боис шуд, то онҳо дар ҷомеа мунзавӣ шаванд.

Яҳудиён тайи қарнҳо чӣ пеш аз ренесанс дар Аврупо ва чӣ пеш аз инқилоби саньатӣ ба унвони аққалияте маҳрум шинохта мешаванд ва ҳамеша аз тааррузи ҳокимони аврупоӣ ба сармояҳои худ дучори нигарони буданд. Ин вазьият таи ду аср- 19 ва 20 ба авҷ расид, подшоҳии   Русия ба баҳонаи даст доштани як ҷавони яҳудӣ дар нақшҳои террорӣ садҳо яҳудитаборро ба қатл расонд ва ҳазорон тани дигарро овора кард. Авҷи вазъияти куштор ва хушунати аврупоиҳо алайҳи яҳудиён дар тайи ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дуюм дар Аврупо буд ва нуктаи қобили тавҷҷуҳ ин ҳаст ки на танҳо раҳбарони кишварҳои аврупоӣ, балки шаҳрвандони аврупоӣ низ дар ин кишварҳо нисбат ба яҳудиён табьиз қоил мешванд. Ин шароити яҳудиён Аврупоро ба фаросат андохт то бо иттиҳоди қудрати худро афзоиш диҳанд, ки ин ақидаи иттиҳоди мутаассир аз тафакуроти ҷадид ҳамчун нотсионализм дар Аврупо буд, ҳарчанд яҳудиён ба далели миллат набудан,дар  амалӣ кардани аҳдофи худ нотавон буданд.

Ҷунбишҳое ки яҳудиён  барои аҳқоқи худ ташкил медоданд, ағлаб бо мушкил мувоҷеҳ мешавад, аммо саранҷом Теудур Ҳертзел бо ҳимояти Англия ҷунбише аз яҳудиёни ифротиро ташкил дод, ки тавонист мутолиботи ҷомеаи яҳуди Аврупоро бар уҳда бигирад. Ин ҷунбиш бо ҳимояти сармоядорон дар Англия шакл гирифт, вале ба ҷои мубориза барои мутолиботи яҳудиёни таҳти фишор  дар кишварҳои аврупоӣ ба абзоре барои эьмоли фишор тавассути дастгоҳҳои сиёсати хориҷии Лондон ва истеьмори пир дар Русияи тезори ва усмони аз саҳюнизмҳо барои фишор ворид кардан баҳра бурд, то бо эҷоди ошуб ё татмиҷ аҳдофи аслии худро ҳосил кунад.

Вуқӯъи ду ҷанги ҷаҳонӣ ва афзоиши фишорҳо алайҳи яҳудиён ба далели қарор гирифтан дар майдони аслии набардҳо, яьне Лаҳистони ғарби Русия ва Олмон афкори умумиро барои таҳаввул ва хориҷ шудан аз вазъияти кунунӣ муҳимтар кард.

Ҷунбиши саҳюнизм бо баҳрагирӣ аз мафоҳими телмудӣ чун муҳоҷирати тафаккур лузуми бозгашт ба сарзамини мавҷудро  дар байни мардум матраҳ кард ва ин гуна илқо кард ки Фаластин бо таваҷҷуҳ ба афрод буд фурсате барои хуруҷ аз мушкилот аст ҳарчанд пешниҳоди рафтан ба Аргентина ва Онгуло низ гузинаҳои дигаре буданд ки бо вуҷуди беҳтар будани шароит бо мухолифати тундравҳои яҳудӣ рубару шуд.

Ҷунбиши саҳюнизм раванди муҳоҷирати яҳудиён аз Аврупоро қабл аз ҷанги аввли ҷаҳонӣ оғоз кард ва дар халоли ҷанг ва ҳамзамон бо холокост ва ҷиноёти Ҳитлер ин раванд тасреъ шуд, вале яҳудиён бо вуруд ба Фаластин ба хостаҳои худ даст пайдо накарданд.

Яҳудиён, ки дар Аврупо савонзада мешуданд, дар ростои аҳдофи ғарб ва дунёи сармоядорӣ ба Фаластин, ки дорои мавқеияти роҳбурдӣ буд ва ба далели қарор доштан дар маҳалли иттисоли се қораи Аврупо, Осиё ва Африқо мақсади табъиди яҳудиёни Аврупо шуд.

Дардҳое, ки саҳюнистҳо шиори сарзамини бемиллат барои миллати бесарзаминро сар дода буданд, бо муқовимати аввалияи Фаластиниҳо мувоҷеҳ шуданд, ки ин набард ба далели инки яҳудиён роҳи баргаште надоштанд, ҳар рӯз ташдид шуд. Вуруди яҳудиён ба Фаластин дар сояи ҳимояти Англия ва барҳам хӯрдани тавозун ба суди яҳудиён дар муқобили аьроб ин масаьларо ба бӯҳроне дар минтақаи Ховармиёна табдил кард, ки ҳамчунон идома дорад.

Саҳюнист талоше доимӣ дорад, то яҳудиёнро аз нуқоти мухталиф ба Фаластин муҳоҷират диҳад, аммо тамоми муҳоҷирин, ки дорои фарҳангҳои гуногун, забонҳои мухталиф ва нажодҳои мутафовит ҳастанд, бо мушоҳидае ҷомеаи чанд пора, мушкилоти иқтисодӣ, таҳдиди доимии ҷанг мувҷҷеҳ мешаванд. Ҳуввияти сохта шудаи исроилӣ сояи ҷангро бахши ҷудоинопазири худ карда, вале бисиёре аз муҳоҷирон, ки тафакуроти онҳо бо муҳоҷирони аввоили асри 20,  ки аз шарқи Аврупо ва урдугоҳҳои Олмон меомаданд, мутафовит аст.

Давлати Исроил, ки худро давлати яҳудиён медонад ва дарвоқеь ба ҷои ифои нақше, ки доияи онро дорад, дарвоқеь ҳофизи манофеи ғарб дар минтақаи ҳассоси Ховармиёна шуда ва ба вазифаи аслӣ барои таъмини рифоҳ ва амният камтар аз таъмини амнияти энергии сармоядорӣ таваҷҷуҳ дорад.

Яҳудиёни ҷадид кишварҳои аввалияи худро беҳтар медонанд ва амният ва оромиши худро дар сояи Телавив аз даст рафта мебинанд, нигаронӣ аз моҷароҷуйии сарони саҳюнист алайҳи дигар кишварҳо, бӯҳрони иқтисоди, табъизи нажодҳо ва ... метавон далоили маъқуле барои як яҳудӣ бошад, то дубора ба сарзамини аслии худ бозгардад.

Ин вазьият барои яҳудиёни рус, ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ барои шароити зиндагии беҳтар муҳимтар буд, вале дар Исроил танҳо бо дилҳӯраи ҷанг зиндагӣ карданд.

Шояд битавон гуфт, яҳудиён ин бор дар бозии тарроҳишуда тавассути низоми сармоядорӣ қарор гирифтанд ва ба баҳонаи расидан ба сарзамини мавҷуд ба хати муқаддами бархӯрди ҷаҳон бо ислом бо ғарб фиристода шуданд ва илова бар он аз ҷомеьаи Аврупо низ муҳтарамона хориҷ шуданд, то ба ин тавр рӯъёи худ барои иттиҳод ва расидан ба сарзамине муштаракро бар бод рафта бубинанд.

Манбаъ: Хабаргузории Форс
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)