Бахшҳо
19 ноя 2012 06:18Гузориш

Қонун қабул мешавад, аммо татбиқи он «мушкил» пеш меорад

Масъулини мақомоти дахлдори Тоҷикистон барои бартараф намудани мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба ёрии ҳуқуқӣ талош доранд.Ҷиҳати ҳалли ин масъала тасмим гирифта шудааст, ки гурӯҳи корӣ созмон ёбад ва тарҳи қонуни  ҷадид барои ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба мардум омода шавад…

«Ноогоҳии мардум аз ҳуқуқ бойиси афзоиши баҳсҳои додгоҳӣ гаштааст».
Мавлуда Қаландарова, як масъули вазорати адлияи кишвар ин нуктаро зимни суханрониаш дар конфронси «Ҷанбаҳои дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон» зикр намуд. Номбурда мегӯяд, ки ҳарчанд ҳоло дар Тоҷикистон чунин як қонуне амал надорад, вале чунин як нуктае дар қонунгузории кишвар қайд шудааст:  «Албатта дар қонуни ҷиноии кишвар зикр шудааст, ки дар ҳолатҳои зарурӣ шаҳрвандон бояд ройгон,  яъне аз ҷониби давлат бо вакили дифоъ таъмин бошанд. Дар сурати пеш омадани чунин ҳолат вакили дифоъ барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз буҷаи маҳалии шаҳр ва ё ноҳия маблағи муаяйне барои сарфи вақташ дарёфт мекунад».   

Номбурда аз он изҳори нигаронӣ кард, ки мутаасифона, мардум аз қонунҳои кишвар ва ҳаққи худ ба пуррагӣ огоҳ нестанд. Аз ин хотир, онҳо ҳангоми муроҷиат ба додгоҳ ҳамчунин наметавонанд, аз ҳидмати вакилони дифоъи мустақил истифода кунанд, чун имкони молиашон иҷоза намедиҳад. Дар мавриди чӣ миқдор будани хазинаи хидматрасонии як вакили дифоъи давлатӣ масъули вазорати адлия изҳори беиттилоӣ кард. Дар ҳамин маврид Зулфиқор Замонов, аз дафтари ҳуқуқи башар гуфт, ки ҳоло дар кишвар ҳудуди 15 ташкилоти ҷамъиятӣ бо расонидании ёрии ройгони ҳуқуқӣ машғуланд.

Пардохти алимент ва мушкилоти оилавӣ
Ба бовари Зулфиқор Замонов, созмонҳои ҷамъиятии ҳуқуқӣ талош доранд, то бештар дар манотиқи дурдасти кишвар фаъол бошанд, дар маҳаллаҳое, ки мардум имкони молии истифода аз ҳуқуқшиносони кироиро надоранд.

«Мо ҳоло бо ҳамкорони худ аз дигар ташкилоти ҷамъиятӣ ҳамкории хуб дорем. Мо ба хулосае омадем, ки дар бахшҳои мухталиф фаъолиятро ба роҳ монем. Мардум аз мавҷудияти чунин созмонҳо бояд огоҳ бошанд ва мо тавонем ба онҳо ёрии ҳуқуқӣ расонем. Аз моҳи феврал то моҳи октябри соли ҷорӣ танҳо ба дафтари ҳуқуқи башар 2 ҳазор шаҳрванд муроҷиат карда, машварати ройгони ҳуқуқӣ гирифтааст», илова кард Зулфиқор Замонов.

Ба бовари номбурда аксари муроҷиати шаҳрвандон доир ба мушкилоти додгоҳии масоили оилавӣ, ба хусус пардохти алимент ва баҳсҳои мерос мебошанд. Ба иттилои ҷаноби Замонов хазинаи хидмати вакили дифоъ ба ҳисоби миёна ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷиддин Ҷалолов роҳбари ташкилоти ҷамъиятии маркази ҳуқуқи кӯдак мушкили аслии ҷомеаро дар хидматрасонии ҳуқуқӣ ба кудакони ноболиғ арзёбӣ кард. Ба бовари номбурда тибқи қонуни амалии кишвар ҳар ноболиғе, ки даст ба ҷиноят задааст дар рафти тафтишот ва аз лаҳзаи аввали боздошт бояд бо ҳуқуқшинос таъмин бошад. Аммо таҷриба нишон медиҳад, ки ҳуқуқшиносони адвокатураи шаҳру ноҳияҳо чандон хоҳиши ҳимояи ноболиғонро надоранд. Зеро маблағи ҳақи хидмати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳалӣ пардохт мешавад, бисёр ночиз аст.

Норасоии ҳуқуқшиносу равоншиносони таҷрибадор дар муассисаҳои ислоҳӣ
Тоҷиддин Ҷалолов изҳори нигаронӣ аз он намуд, ки дар кишвар ҳуқуқшиносоне, ки бояд ба ҳимояи кӯдакони ноболиғ машғул бошанд, қариб ки нест. Ба бовари номбурда дар муасисаҳои тарбиявии сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии назди вазорати адлия, омӯзишгоҳи зертобеи вазорати маориф ва маркази назди вазорати умури дохилӣ мутахасисони коршинос фаъолият надоранд. Ноболиғон танҳо бо як мақсад ба чунин марказҳо фиристода мешаванд. Бо кӯдакон ҳангоми тафтишот ва ё адои ҷазо бояд корҳои ислоҳӣ гузаронида шавад, то дар натиҷаи озод гардидан мо онҳоро ба ҷомеа баргардонида тавонем: «Мутаасифона ҳоло ин ноболиғон аз озодӣ маҳруманд ва бо онҳо корҳои реабилитатсионӣ гузаронида намешавад. Адами ҳуқуқшинос ва равоншиноси хуб боиси он гардидааст, ки ноболиғон такроран даст ба ҷиноят мезананд. Ноболиғоне ҳастанд, ки 5 маротиба даст ба ҷиноят задаанд. Дар муассисаҳои ислоҳӣ бо онҳо бояд бештар кор кард. Зеро ин ноболиғон ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд».

Роҳбари маркази ҳуқуқи кӯдак дар идома гуфт, ки ҳоло масъулин бояд талош варзанд, то ин ноболиғон ҳамчун шахсияти мустақил ба ҷомеа баргарданд. Дар робита ба эҳтимоли тарҳрезии қонуне оид ба ёрии ройгони ҳуқуқӣ Тоҷиддин Ҷалолов гуфт, ки ҳоло новобаста аз вазъият, созмонҳои ҷамъияти ба табақаи ниёзманди мардум хидмат мерасонанд.

Парлумон низ ҷонибдори ёрии ройгони ҳуқуқӣ
Маҳмадалӣ Ватанов, раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон дар парлумон дар сӯҳбат ба «Озодагон» гуфт, ки новобаста аз қарори вазорати адлия ва додситонии кулли кишвар гурӯҳе аз вакилон тасмими тарҳи чунин як қонунеро баррасӣ доранд. Зарурияти қабули қонун «Дар бораи ёрии ройгони ҳуқуқӣ» пайдо шудааст. Албатта ҳоло ҳам дар қонуни ҷиноии кишвар бандҳои махсус дар робита бо ҳуқуқшиноси ройгон таъмин шудани шаҳрвандон таъкид шудааст. Аммо мутаасифона ин банд мавриди амал қарор намегирад. Яке аз сабаби мавриди амал қарор нагирифтани ин банди қонун дар номуаяйн будани хазинаи он аст.

-Чунки дар буҷаи давлатии кишвар ҳеч сатре дар робита ба пардохт кардани ҳаққи ҳуқуқшиносон зикр нашудааст. Аммо дар тарҳи қонуни ёрии ройгони ҳуқуқӣ ин масъаларо мо ҷиддӣ ба назар хоҳем гирифт, то баъдан чунин нофаҳмиҳое ба вуҷуд наояд,- мегӯяд Маҳмадалӣ Ватанов.

Номбурда дар идома гуфт, ки аз тасмими вазорати адлия ва ё додситонии кулли кишвар дар робита ба таҳияи чунин қонун бехабар аст. Аммо аъзои кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони парлумон доир ба ин масъала корро шурӯъ кардааст.

Бо ин ҳама коршиносон мегӯянд, ки агар имрӯз вакилони парлумон, масъулини вазорати адлия ва додситонии кулли кишвар атрофи таҳияи қонуне оид ба ёрии ройгони ҳуқуқӣ андеша доранд, ин тасмими хубе хоҳад буд.

Пас, метавон тахмин зад, ки чунин як қонун ҳатман дар ояндаи наздик қабул мегардад. Аммо то куҷо қабули чуунин як қонун барои рафъ шудани мушкилоти дастрасии мардум ба ёрии ройгони ҳуқуқӣ мусоидат мекунад суолест дигар. Чунки одатан дар Тоҷикистон баъди қабули қонун риоя гардидани он аз ҷониби ҳеч мақомоте ҷиддан назорат намешавад.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)