Дар Тоҷикистон ҳам мисли кишварҳои дигар тамоюли афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ мояи нигаронӣ шудааст. Дар ин радиф маризиҳои дил, саратон, диабети қанд ва бемориҳои осеббардорӣ мақоми аввалро ишғол мекунанд.
Бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дуюмин ҳамоиши марбут ба тадбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ифтитоҳ гардид. Дар кори он намояндаҳои ҳукумат, вазоратҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои тандурустӣ иштирок доштанд.
Нимаи аввали рӯзи 13-уми ноябр Вазорати тандурустӣ аз раванди тадбиқи соли дуюми Стратегияи миллии солимии аҳолии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 гузориш дода, корҳои анҷомшуда ва дар нақшабударо оид ба идоракунӣ, хизматрасонии тиббӣ, захираҳои тандурустӣ ва маблағгузории тандурустиро муаррифӣ кард. Баъдан, бо ширкати Жужанна Якаб, директори генералии Бюрои минтакавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар чорчӯбаи Стратегияи ТУТ, Саида Ҷобирова, Соҳибназар Раҳмонов, муовинҳои вазири тандурустии Тоҷикистон ва Павел Урсу, роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ гуфт, Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020, 2-юми августи соли 2010 тасдиқ гардид. Дастовардҳое, ки ба Стратегияи мазкур алоқаманд аст пеш аз ҳама барои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ба мардум аст.
«Мо давоми ду соли сипаришуда тавонистем дар соҳаи ташхис ва табобати аҳолии кишвар навгониҳои зиёд ворид созем. Натиҷаи кори мо ин шуд, ки теъдоди онҳое, ки барои табобат ба хориҷи кишвар мерафтанд, коҳиш ёфт. Махсусан онҳое, ки ба ивазнамоии буғуми сунъӣ ва иваз намудани гурда ниёз доштанд»,-афзуд номбурда.
Ҷаноби Раҳмонов гуфт, дар наздиктарин фурсат клиникаи иваз кардани ҷигар ҳам кори худро дар Тоҷикистон оғоз мекунад. Барои амали намудани ин ҳадаф ду соли охир дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Русия, Олмон, Эрон ва Чин мутахассисони мо давраҳои омӯзиширо паси сар мекунанд.
-Нархномаи иваз намудани ҷигар дар Тоҷикистон дар сатҳи баррасӣ қарор дорад. Бо мақсади ба мардум наздик кардани сатҳи хизматрасонии тиббӣ Вазорати тандурустии кишвар чанд сол аст, ки иқдомеро таҳти унвони «Корвони саломатӣ» пеш гирифтааст. Дар доираи он мутахассисони варзида ба манотиқи кишвар сафарбар карда мешаванд, то ба мардум хизмат расонанд. Аз ин рӯ иқдоми мазкур метавонад барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар саҳмгузор бошад бо ин далел, ки нафарони ба пойтахт барои ташхису табобат меомада, метавонанд бевосита дар маҳалҳо аз ташхису табобат ва машварати мутахассисон бархӯрдор гарданд.
Муовини вазири тандурустӣ таҳия намудани ҳуҷҷатҳои бунёдии соҳавиро яке аз дастовардҳои дигари соҳаи тандурустӣ унвон карда иброз дошт, ба ҳукумати кишвар барномаи нави «Пешгирӣ ташхис ва муолиҷаи диабети қанд», барномаи нави «Такмили соҳаи наркалогӣ ва пешгирии нашъамандӣ», «Ҳуҷҷати бунёдии экспертизаи корношоямии мувафақиятӣ»-ро пешниҳод кардаанд: “Дар маҷмӯъ, дар ду моҳи соли равон мо тавонистем 148 ҳазор маъюбро аз муоинаи тиббӣ ба таври ройгон гузаронем ва ҳуҷаттҳои алоқаманд ба солимгардонии маъюбӣ дар сатҳи ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Табиист, ки тамоми дастовардҳое, ки дар соҳаи тандурустӣ дорем, бе дастгирии шарикони байналмилалӣ амалӣ намудани он бо назардошти вазъи иқтисодии кишвар ғайри имкон аст”.
Соҳибназар Раҳмонов гуфт дар Тоҷикистон ба мисли кулли кишварҳои дунё имрӯз бемориҳои ғайрисироятӣ тамоюл ба афзоиш доранд, аз ҷумла бемориҳои дил, саратон, диабети қанд ва бемориҳои осеббардорӣ дар ҷойи аввал меистанд. Ин чор намуди беморӣ, ки ғайрисироятӣ ҳастанд дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар Тоҷикистон ҳам сохтори фактро муайян мекунанд ва ҳам сохтори бори аввал маъюб эътироф шуданро муайян мекунанд.
Жужанна Якаб, директори генералии Бюрои минтақавии аврупоии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ аз он изҳори хушнудӣ кард, ки Тоҷикистонро ба монанди кишварҳои Аврупо як давлати озод аз бемории вараҷа мебинад: «Таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо бемории вараҷа ва коҳиши марги модарону кӯдакон бисёр назаррас аст. Ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки таҷрибаи Тоҷикистонро дар дигар кишвар низ амалӣ кардан мумкин аст. Хусусан, дар мавриди коҳиши бемории вараҷа».
Номбурда қайд кард, ки Стратегияи миллии солимии аҳолии ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 мақсадҳои дарозмӯҳлати кишварро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ ва роҳҳои ноил шудан ба ин мақсадҳо, аз ҷумла стратегияҳо, барномаҳо ва захираҳои навсозии соҳаи ҳифзи солимиро фаро мегирад. Ӯ аз ҳамкории Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, сатҳу сифати хизматрасониро дар Тоҷикистон ва кори тими имрӯзаи вазорати тандурустиро Тоҷикистон бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ хуб арзёбӣ намуд.
Дар ҳамин ҳол, Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири тандурустӣ мегӯяд, новобаста ба он ки маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар тӯли 10 соли охир 25 маротиба зиёд шудааст, то имрӯз норасоии маблағҳо эҳсос мешавад, бахусус дар манотиқи кишвар ва дар ноҳияҳои дурдаст: «Дар ҳар сурат мақсади ниҳоии мо ин аст, ки мардум дигар безобита нашуда, дар макони истиқоматаш аз беҳтарин ташхису табобат бархӯрдор бошад.
Беморишавӣ, ки аз рӯи муроҷиат муаян карда мешавад, дар қиёс ба соли 1990 ду маротиба коҳиш ёфтааст».
Вай мегӯяд, замоне буд, ки рақамҳои омории поён рафта буд, аммо ин маънои онро надошт, ки миллат солим буд. Мардум имконияти муроҷиат надошта, дар бумбаст буд. Ба корманди соҳаи тандурустӣ эътиқот надошт, имкониятҳои ташхис ҳам маҳдуд буд: «Хурсандиовар аст, ки имрӯз сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ беҳтар шудааст».
Ибодуллоҳи ТОИР
Мӯҳр