Чанд тан аз донишҷӯёни тоҷикистонӣ, ки ҳоло дар донишгоҳҳои Русия (шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург) таҳсил мекунанд ва гирандагони стипендияи байналмилалии президентии «Дурахшандагон» мебошанд, шикоят доранд, ки стипендияи ҷудогардидаро саривақт гирифта наметавонанд…
Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёни ёдшуда тасмим доранд, унвонии райисҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора номаи шикоятӣ ирсол намоянд. Матни мактуби ҳамватанони мо дар шабакаи иҷтимоии «Vkontakte.ru» гузошта шуда, лаҳза ба лаҳза теъдоди муроҷиаткунандагон меафзояд ва дар робита ба ин қазия донишҷуён андешаҳои худро сари ин масъала иброз медоранд.
Дар номаи мазкур гуфта шудааст, ки дар сурати идома ёфтани чунин мушкилот донишҷӯён аз таҳсил дур монда, маҷбур мешаванд даст ба дигар корҳо зананд:«Дар баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти илмомӯзии мо, мутаассифона, баъзе омилҳое мавҷуданд, ки хусусияти молиявию иҷтимоӣ дошта, раванди таҳсилоти моро халалдор месозанд. Аз сабаби сари вақт дастрас нашудани стипендия ва дигар кӯмакпулиҳо шумораи зиёди донишҷӯён маҷбуранд таҳсилро монда, рафта кор кунанд ва ё аз пайи дигар чораҳои ба даст овардани маблағ барои зиндагӣ шаванд. Пеш аз он ки мушкилотамонро номбар кунем, қайд кардан ба маврид аст, ки ҳалли ҳамаи онҳо дар салоҳияти вазоратҳои маориф, молия ва Муассисаи давлатии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, дар сурати аз тарафи онҳо ба таври бояду шояд ва сидқан иҷро намудани вазифаву ӯҳдадориҳояшон худ ба худ ҳалли худро хоҳанд ёфт. Вале воқеият ин тавр нест ва мо маҷбур шудем ба Шумо (Президент Эмомалӣ Раҳмон) муроҷиат намоем».
Зимнан, донишҷӯён аз мушкилиҳои худ ёдовар шуда таъкид намудаанд, ки «Стипендияҳо сари вақт дастрас намешаванд. Ҳамасола ҳаҷми стипендияҳои ҳамаи категорияҳои донишҷӯён зиёд карда шавад ҳам, вале донишҷӯён – гирандагони стипендияи байналмилалии президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» аз ин иқдоми нек ва омили ҳаётан муҳим маҳруманд».
Ба қавли донишҷӯён, ҷониби Тоҷикистон ба донишгоҳҳо тибқи шартнома маблағҳои муқарраршударо, аз ҷумла маблағи суғуртаи тиббии донишҷӯёнро сари вақт пардохт наменамояд: «Дар натиҷа дар бисёр ҳолатҳо донишҷӯён ба сессияи имтиҳонот роҳ дода намешаванд ва ба рӯйхати аз донишгоҳ хориҷшавандагон шомил мегарданд. Мутобиқи муқаррароти Низомномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009, № 208 тасдиқ гардидааст, хароҷоти роҳкирои донишҷӯён бояд пардохт карда шавад. Аммо ҳангоми рафту омад барои таҷрибаомӯзӣ, ки тибқи барномаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад ва дар асоси роҳхати Донишгоҳ анҷом дода мешавад, хароҷоти роҳкирои донишҷӯён пардохт карда намешавад. Ин ҳолат бевосита ба вазъи молиявии мо таъсири манфӣ мерасонад. Зимнан аксари донишҷӯён ин гуна имкониятро надоранд».
Аммо…
Самариддин Афғонов, директори тозаинтихоби Маркази барномаҳои байналмиллалӣ мегӯяд, аз сари вақт пардохт накардани стипендияи донишҷӯён огоҳ мебошам. Номбурда афзуд: «Тӯли 4 моҳ Маркази мазкур директор надошт ва кормандони дигари марказ, ки мӯҳр надоштанд, натавонистанд маблағи онҳоро равон намоянд. Баъди таъин шуданам ман аллакай ба ҳамаи онҳо маблағашонро гузарондаам, кадом нафаре, ки маблағаш нагузаштааст метавонанд ба мо муроҷиат кунанд, на дертар аз як ҳафта мушкилашонро ҳал хоҳем кард»…
Норушанӣ
Аммо дар зери номае, ки донишҷӯён мехоҳанд ба райисҷумҳур ирсол намоянд муҳокимарониҳои мухталиф байни онҳо сурат гирифтааст, ки як қисме аз онҳоро барои тасдиқи гуфтаҳо метавон ба таври мисол овард.
Файзимад Шарифов: «Ман имрӯз телефон кардм. Гуфтанд, ки ягон каса пока рои кардагӣ нестем ..дар давоми ҳамин моҳ ҳамада мегузаронем…
Парвиз Ғаниев: «Файзимад, и гапа вай ун моҳ гуфтагӣ бдан, хай мебинем....»
Шаҳло Шамсова: «То есть, еще не известно когда они пришлют стипендию».
Файзимад Шарифов: «Шахло, говарят в этом месяце будет. Но именно в каком числе не известно».
Ин донишҷӯён бар ин боваранд, ки маблағҳои ҷудошуда ҳамасола аз ҳисоби Фонди захиравии президент сари вақт ҷудо карда мешаванд. Вале дар натиҷаи беэътиноиву саҳлангории роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор чунин мушкилот садди таҳсилоти онҳо мегардад.
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр