Субҳи имрӯз муштариёни ширкати мобилии Тсеll аз иртибот маҳрум шуданд. Ин ҳолат беш аз 1-у ним соат (90 дақиқа) идома ёфта бошад ҳам, масъулини Тсеll қазияро ба ҳеч ваҷҳе шарҳ надоданд.Рақамҳои кӯтоҳи 505 ва 550-и ширкат низ «ба лаб кулӯх» молида буданд…
Хабаргузории Озодагон тасмим гирифт, ки барои шарҳи ҳодиса бо ширкати Тсеll тамос пайдо намояд. Аммо барои бо оператори ин ширкат пайваст шудан ва аснои пахши тугмачаи сифр (0), аз он сӯи гӯшӣ ҷавоб медоданд, ки «шумо ягон рақамро интихоб накардед». Ҷаҳду талоши яксоатаи мо ҳамин тавр барабас рафт. Ҳамчунин, кӯшиши бо рақами 935593500, ки ба намояндаи хадамоти матбуотии ширкати мазкур мутаалиқ аст, бенатиҷа анҷом ёфт.
Ин дар ҳолест, ки ширкати мазкур тасмим гирифтаасат, дар бархе аз донишгоҳу донишкадаҳои кишвар барои донишҷӯёни фаъол, ки давраи имтиҳонсупориро хубу аъло ҷамъбаст мекунанд, 200 SМS ва 200 дақиқаи сӯҳбати ройгон тӯҳфа медиҳад ва ин иқдом аллакай дар донишгоҳи Техникии Тоҷикистон амалӣ шудааст.
Амриддин, ном як донишҷӯи донишгоҳи мазкур ин иқдоми ширкати Тсеll-ро як роҳи ҷалб намудани муштариён ном бурда афзуд: «Ин ширкат мехоҳад, ки бо ҳамин роҳ муштариёни зииёдеро ҷалб намояд. Мақсади асосии ширкат на он аст, ки гуё донишҷӯёнро дастгирӣ мекарда бошад, балки ин ба он хотир аст, ки теъдоди муштариёнашро зиёд намояду бештар симкортҳояшро фурӯшад».
Соҳибкоре, ки аз муаррифии исмаш алъон худдорӣ мешавад (дар сурати зарурӣ ӯ шахсан ба баҳс ворид хоҳад шуд- Озодагон ) гуфт, мебоист субҳи имрӯз кораш тариқи алоқаи мобилӣ ҳал мешуд: «Аммо бо сабаби 1, 5 соат кор накардани симкортҳои Тсеll натавонистам кори худро оҷилан анҷом бидиҳам. Имрӯз занги телефонро аз Маскав интизор будам, бояд ба ман занг мезаданд, аммо мутаасифона ин бори аввал нест, ки тариқи ширкати мазкур сари вақт сӯҳбат карда наметавонам, ба хулосае омадам, ки ба шабакаи дигари мобилӣ гузарам».
Ҳамзамон, Ҳумайро Мӯъминова, як хабарнигори тоҷик муддати 4 рӯзи ахир умуман аз хизматрасонии ширкати Тсеll маҳрум шудааст. Мӯъминова мегӯяд: «Ин ширкатро мебояд миқдори рекломҳои худро камтар кунаду ба сифати хизматрасониаш таваҷҷӯҳи бештарро зоҳир намояд. Ин бори аввал нест, ки чунин ҳолат сар занад. Чанд маротиба хостам, ки ба хизматрасонии дигар шабакаи мобилӣ гузарам, яъне симкорти телефони худро иваз кунам, вале истиҳола кардаму сабр. Худи ҳамин рӯз ба хулосаи амиқ омадам, ки ба дигар ширкат гузарам».
Паҳлӯи дигари норӯшан ва баҳсбарангези дигар ин аст, ки дар аксар ҳолат шабакаҳои мобилии дигар аз рухдоди як чунин «воқеъа» нигаронӣ мекунанд ва аз муштариёнашон узр мепурсанд. Онҳо ба истифодабарандагони хизматрасонии худ паёмак, ё ба истилоҳ, SMS мефиристанд. Аммо Тсеll дар ин маврид истисносту аз касе на пӯзищ мехоҳад ва на иттилоъ медиҳад.
Нилуфари КАРИМ
Аз идора: Тайи ин муддат (аз соати 08-20 то 09-50-и субҳи имрӯз) Озодагон ба 28 муштарии Тсell кӯшиши барқарор кардан тамосро дошт, аммо бенатиҷа…
Мӯҳр