Ба қавли ҳимоятгарон, ба сабабҳои номаълум дар таҳқиқи парвандаи мазкур аз ҷониби масъулини тафтишот кашолкорӣ ба назар мерасад. Биноан, вакилони мудофеъ тасмим гирифтаанд, ки ба додситонии кулл бо аризаи хаттӣ муроҷиат намоянд…
Фахриддин Зокиров, ҳимоятгари Искандари Фирӯз афзуд: «Аз таърихи рӯзи 19-уми октябри соли равон парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба садамаи нақлиётӣ боз шудааст ва мӯҳлати тафтишот 2 моҳ муайян шудаасту то 19-уми декабр идома хоҳад кард. Мо вобаста ба ҳаракатҳои муфаттиш аввали моҳи ноябр аз рӯи моддаи 53 дархост пешниҳод намудем. То ин ки санҷишии парвандаро ҷоннок кунанд. Имрӯз барои дарёфти посух рафтем, аммо он тайёр нест. Ҳозир бошад, аз ҳисоби ҷониби ҷабрдида талаботи қонунро риоя карда, дархостҳоямонро хаттӣ ба прократураи генералӣ мебарем. Ҷабрдидаҳоро бо маводҳо шинос накарда истодаанд. То ҳол парвандааш пӯшида нашудааст».
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори Озодагон бо Саъдулло Юнусов муфаттише, ки тафтиши ин парвандаро ба ӯҳда дорад, дар тамос шуд ва тақозои шарҳи қазияро кард. Аммо муфаттиш аз ироаи ҷузъиёти парванда худдорӣ намуда, афзуд, ки дар ин маврид ба дафтари матбуотии ВКД муроҷиат кунед.
Маҳмадулло Асадуллоев, сардори Хадамоти матбуотии вазорати мазкур дар мавриди ранги дигар гирифтани парванда, яъне иваз шудани ному насаби ронандаи «Тойота Ландкрузер» гуфт: «Вақте ки Айёмиддин Раҳмиддинзода, бо мошини Нусратулло Шарифов ин садамаи нақлиётиро содир мекунад, аз ҷониби кормандони БДА ҳуҷҷати ронандагии Шарифов гирифта шуда, ба ӯ (ба Айёмиддин Раҳмиддинзода) ҳуҷҷатҳои муваққатӣ дода шудааст. Аз сабаби он ки Раҳмиддинзода боваринома надоштааст, худашро соҳиби автомашина муаррифӣ мекунад».
-Ҳамин тавр, кормандони милитсия аснои қайди садама ва ҳолатҳои рух додани он ва бо иллати он ки Айёмиддин Раҳмиддинзода ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсияташро надошт, онро бо номи Нусратулло Шарифов сабт менамоянд. Ҳангоми таштишот муайян карда мешавад, ки ин кас Нусратулло Шарифов набуда, Айёмиддин Раҳмиддинзода мебошад,- афзуд Асадуллоев.
Ба қавли сухангӯи ВКД рӯзҳои наздик тафтиши пешакии парванда ба анҷом расида, он ба суд ирсол мегардад.
Ёдрас менамоем, Искандари Фирӯз, хабарнигори Бӣ-бӣ-сӣ, ҳамроҳи писараш Ҷавоншер дар пайи садамаи нақлиётӣ дар шаби 9-уми октябр ба бемористони Қарияи Боло оварда шуда буд. Писари журналист чанд рӯз қабл аз беморхона мураххас шуд. Вазъи Искандар ҳарчанд рӯ ба беҳбудӣ дорад, аммо ӯ то ҳол дар ҳолати беҳушист.
Феълан, Искандар дар ҳолати кома (беҳушӣ) мебошад ва таҳти муроқибати пизишкони беморхонаи Ибни Синои пойтахт қарор дорад.
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр