Мо як синфхонаи компютерӣ дорем, ки 8 компютер тариқи телефон ба интернет пайваст шудааст ва хеле суръаташ паст аст. Солҳои пеш барқи мо хомӯш мешуд, аммо хушбахтона имсол дар вақти дарсӣ хомӯш нашуда истодааст…
Дар омӯзишгоҳи касбии техники шаҳраки Дӯстии ноҳияи Қумсангир «Маркази фарҳангии Амрикоӣ» ифтитоҳ шуд.Барои пурра ба истифода додани ин марказ ҳудуди беш аз 13 ҳазор доллари амрикоӣ сарф шудааст. Дар ин росто сокинони ноҳияи Қумсангир аз лавозимоти хониш ва шабакаи интернет метавонанд ройгон истифода баранд.

Наврӯз Муқимӣ, намояндаи ташкилоти «Ориёно» дар сӯҳбат бо Озодагон афзуд: «Лоиҳаеро барои омӯзиши забони англисӣ дар байни наврасони аз 14 то 16-сола аз сар гирифтем ва он аз ҷониби сафорати ИМА дастгирӣ шуд. Як сол боз наврасон дар як синфхонаи омӯзишгоҳи касбӣ забони англисиро ба таври ройгон меомӯзанд.Инак, барои Гӯшаи амрикоӣ як синфхонаи дигари омӯзишгоҳи мазкур ҷудо шуд».
Ба қавли оқои Муқимӣ, аз рӯи барномаи «Аксес», ки мӯҳлати он ду сол муайян шудааст, 25 нафар донишҷӯён тариқи озмун интихоб шуда забони англисиро меомӯзанд.
Боз 25 нафари дигар аз 15-уми ноябр ба таълими забони англисӣ фаро гирифта мешаванд. Баъди хатми ин барнома ба хамтмкунандагон сертификат супорида мешавад:
«Дар Гӯшаи амрикоӣ 5 компютер бо шабакаи интернет пайваст шудааст ва дар назар аст, ки 5 компютери дигар боз ба ин шабака пайваст шавад. Аммо танҳо онҳое ба курс ҷалб карда мешаванд, ки саводи кофии забони давлатиро дошта бошанд».
Гулрухсор Наврӯзова, омӯзгори забони англисӣ мегӯяд, ки онҳо ба донишҷӯён аз рӯи барномаи махсус, ки сафорати Амрико пешниҳод намудааст, дарс мегӯянд. Бону Наврӯзова фарқи барномаи мактабҳои Тоҷикистонро аз ин барномаҳо дар мушкил будани барномаҳои мактабӣ медонад. Ӯ гуфт: «Дар мактабе, ки ман дарс медиҳам, барномаҳо хело мушкил мебошанд. Барномаҳои таълимии Амрико аз содда сар мешавад. Мо тариқи озмун гузашта имрӯз ба донишҷӯён забони англисиро меомӯзонем».
Мадина, як нафар аз он донишҷӯёне мебошад, ки як сол боз курси забони англисиро меомӯзад. «Баъд аз дарс ба ин маркази таълимӣ омада, забонро аз худ мекунем.
Баъд аз оне, ки мо забони англисиро аз худ кунем, мо метавонем барои анҷоми ягон кори дипломатӣ ба дигар давлатҳои ҷаҳон сафар кунем. Дар мактаби миёна мо дарси англисӣ мемӯзем, аммо чӣ тавре, ки дар инҷо дарс медиҳанд дар он ҷо омӯзонида намешавад».
Дар маросими кушодашавии маркази мазкур Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА дар Душанбе намояндагони маориф, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Қумсангир, директори омӯзишгоҳи касбии техникӣ ва раиси шаҳраки Дӯстӣ иштирок доштанд. Дипломати амрикоӣ иброз дошт, ки ин нахустин «Гӯшаи амрикоӣ»-е нест, ки дар ноҳияи дурдасти Тоҷикистон кушода шуда бошад, пеш аз ин боз дар чанд ноҳияҳои дигар гӯшаҳои амрикоӣ фаъолият доштанд.
Ҷумахон Ҳикматов, директори омӯзишгоҳи касбии техникӣ ба зарурати ин марказ ишора карда мегӯяд, ин марказ ба мо ба он хотир лозим аст, ки омӯзишгоҳи мо якумин омӯзишгоҳ дар ноҳия мебошад ва гурӯҳи бо компютер кор карданро дар интернет дорем. «Барои дастгирии донишҷӯён, баромадан ба иттилооти ҷаҳони бениҳоят дастгирии калон мешавад. Мо як синфхонаи компютерӣ дорем, ки 8 компютер тариқи телефон ба интернет пайваст шудааст ва хеле суръаташ паст аст. Лекин дар гӯшаи мазкур интернет бо суръати баланд пайваст шудааст, ки хонандагони мо низ метавонанд аз ин истифода баранд. Солҳои пеш барқи мо хомӯш мешуд, аммо хушбахтона имсол дар вақти дарсӣ хомӯш нашуда истодааст».
Маврид ба зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 6 «Гӯшаи амрикоӣ» кушода шудааст ва дар назар аст, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар ду ноҳияи вилояти Суғд низ гӯшаи мазкур мавриди истифода қарор гирад.
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр