Бахшҳо
09 ноя 2012 11:34Иҷтимоӣ

Пирамард….

Истгоҳи назди «Гулистон». 8-уми ноябр, рӯзи панҷшанбе...

Он рӯз бо гузаронидани пурсиш миёни мардум дар робита ба вазъи хидматрасонии нақлиёти ҷамъятӣ машғул будам. Пирамарде дар истгоҳ нишаста, ба асои худ такя дошт. Бо нигоҳи маънидоронае ба атрофиён ва рафтори онҳо назар мекард. Ҳар замоне, ки аз ҷониби гардиши назди бинои Додгоҳи Олӣ тасвири тролейбус намоён мешуд, пирамард зуд аз ҷой бархоста, ду халтаи наздаш бударо бо худ мегирифт. Аз ҷавонони атроф суол мекард: «писарам, ин тролейбуси чанд аст?». Аммо бо наздик шудани тролейбус маъюсона сар меҷунбониду бар ҷойи худ бармегашт. Дидани ин ҳолат маро хеле нороҳат кард, бо худ мегуфтам: «ба ин пирамард тролейбуси чанд лозим бошад ва чаро он дер меояд?». Билохира косаи сабрам лабрез шуда, наздаш рафтаму бо иҷозааш нишастам. Бароям гуфт, ки тролейбуси рақами 5-ро мунтазир аст. Дар мавриди сатҳи хидматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ суол кардам. Пирамард як табассуми дардноке кард ва гуфт, ки дар ин авохир ронандаҳо ва пулчинакҳо нисбати ӯ ва дигар ҳамсолонаш хеле дағалона муносибат доранд. Ин пирамард 72 сол дошта, бознишаста будааст. Гуфт, ки маъюби гурӯҳи 2 буда, ҳар ҳафтае як ва ё ду маротиба аз хонааш ба берун – ба шаҳр мебарояд. Шикоят аз он кард, ки чанд моҳ қабл хабарҳо дар мавриди 60 дарсад афзоиш ёфтани нафақаи маъюбон ва иштирокдорони ҷанг эълон шуда, аммо ӯ ҳамоно нафақаи қаблиро мегирад. Ин муйсафед як оҳе кашид ва нигоҳашро ба замин андӯхта гуфт, ки бо ин нархи бозор ва нафақааш намедонад зиндагиашро чӣ гуна пеш бибарад. Пирамард лаҳзае хомӯш нишасту гуфт, ки ҳар замон вақти нафақагириаш аз масъулин дар мавриди афзоиши он суол карда, аммо ҳеч ҷавобе пайдо намекунад. Ин замон пирамард аз ҷой бархосту ба ҷониби боло назар кард… Барояш гуфтам, ки ҳоло тролейбус намоён нест. Ҳамсӯҳбатам дубора бар ҷойи худ нишаст. Чанд лаҳза хомӯшӣ ҳукмфармо буд…

Баъди чанде муйсафед сар бардошту гуфт, ки агар тролейбус ҳаракат кунад ҳам ҳамин ҳоло дар истигоҳ қарор намегирад. Аз ин суханҳои ӯ дар тааҷҷуб мондаму нигоҳи суоломезонае ба ҳамсӯҳбатам кардам. Муйсафед, ки хеле орому нармсухан буд, гуфт, ки ҳақиқати ҳол ҳамин аст. Зеро дар истгоҳ ба ҷузъ аз ӯ ва ман чанд тан пиронсоли дигар буданд. Ба нақли муйсафед агар дар истгоҳ танҳо пиронсолон бошанд, тролейбусҳо махсусан дуртар аз он таваққуф мекунанд. Чунки ҳамсолони ӯ ҳамагӣ бо истифода аз ҳуҷҷатҳои давлатӣ ба тролейбус ва автобус савор мешаванд. Ҳарчанд аз фарҳангу маданият дар нақлиёти ҷамъиятӣ ошно ҳастам, вале ин ҷавоби ҳамсӯҳбатам бароям ғайриинтизор ва хеле дарднок буд. Ба нақли муйсафед ҳар боре, ки ӯ савори тролейбус ва ё автобус мешавад, ҷавонони назди дар буда ва ё ба ибораи дигар «пулчинакҳо» нисбаташ беҳурматӣ ва дағалона муносибат мекунанд. Ҳамсӯҳбатам гуфт, ки дар сурати дар истгоҳ нигоҳ доштани тролейбус саросема ба он наздик шуда, кӯшиши савор шуданро мекунад. Аммо он ҷавонони назди дар ӯро боздошта, талаб мекунанд, ки нахуст ҳуҷҷати маъюбиашро нишон бидиҳад.

«Бароям ин талаби ҷавонон ҳамчун таҳқир аст. Охир магар аз симо ва асои дасти ман тахмин кардани он, ки маъюбам мушкил аст? Не. Ҷавонон хеле бефарҳангу бемаданият шудаанд. Онҳо аз худ бузургтарро эҳтиром намекунанд. Фаросат надоранд. Дар ҷавоб ба хоҳиши онҳо, баъзан мегӯям, ки писарам ман ҳуҷҷат дорам, иҷоза бидеҳ аввал савор шавам. Аммо онҳо бо исрор ва бо садои баланд мегуфтанд, ки аввал нишон деҳ баъд гузаштан бигир. Ин ҳолат маро хеле рӯҳафтода мекунад», гуфт пирамард…

ӯро гӯш мекардам, аммо барои ҷавоб додан ба нигоҳҳои суолдораш ҳеч сухани бомавриде пайдо карда натавонистам. Баъди андак хомӯшӣ пирамард худ гуфт, ки аслан дар зиндагӣ хеле инсони босабр аст аз ин хотир дар баъзе ҳолат талош мекунад то аз ҷавонон ва муосибати онҳо наранҷад. Баръакс ба чунин муносибати ҷавонон ба онҳо бо суханони нарм ҷавоб гуфтанӣ мешавад. Ҳамсӯҳбатам гуфт, ки вазъи  саломатӣ ва каммадориаш имкон намедиҳад, то аз хона бештар берун барояд. Вагарна ҳатман назди масъулини вазорати нақлиёт ва ё ҳукумати шаҳр рафта аз чунин вазъи муносибат шикоят мекард. «Зеро ман дар замони худ барои ин давлату мардум хидматҳое анҷом додаам. Ман маълумоти олӣ дорам. Саломатӣ, нерӯ ва донишҳои худро барои ин давлат сарф кардам. Сазовори чунин муносибат нестам. На танҳо ман, ҳатто дигар ҳамсолонам, ки ба ибораи мардумӣ «ҳар нафаре маълумоти олӣ надорад хор мешавад» лоиқи ин зиндагӣ, нафақа ва муносибат нестанд. Аслан дар ҷомеаи мутамаддин ва бофарҳанг арзишҳои инсонӣ бояд дар мадди аввал бошанд. Аммо дар мо баръакс. Мо дар ҷомеа фарҳангро аз даст додаем, на инки арзиши инсонӣ. Фарҳанг, ки аз даст рафт, дигар инсон ҳам беқадр мешудааст».

Ҳамсӯҳбатам гилаомезона гуфт, ки баъзе масъулин манзили зисташон аз ҷойи кор ҳамагӣ ду истгоҳ дуртар аст, аммо бо мошинҳои хизматӣ мераванд. «Масъулин ранҷи мардумро барои расидан ба хона ва ё ҷойи кор намебинанд. Онҳо барои мо ин миқдор нафақапулӣ ҷудо мекунанду, ҳатто тасаввур намекунанд, ки он ба масрафи якрӯза ва ё яксоатаашон баробар нест». Пирамард гуфт, ки масъулинро лозим аст, то ҳадди ақал як рӯз аз истифодаи мошини давлатӣ даст кашанд. Аз ҳамон нақлиёти ҷамъиятӣ истифода карда, ба мардуми худ наздик шаванд. Дарди моро эҳсос кунанд. Мо аъзои ин ҷамъиятем…

Пирамард ин суханони худро гуфту, зуд аз ҷой бархост. Саросема ба боло нигаристам, дидам, ки тролейбуси 5 ҳаракат дорад. Ба муйсафед гуфтам, ки ин тролейбуси 5 аст. Дар истгоҳ мунтазираш шудем. Аммо ғайриинтизор тролейбус бо суръат ҳаракат карду аз истигоҳ дур шуд. Тахминан 50-60 метр дуртар таваққуф кард. Гуфтаҳои чанд лаҳза қабли муйсафед ба ёдам омад. Гуфтам, ки биёед барои то ба тролейбус рафтан ман ба шумо ёрӣ расонам. Дар ҷавоб пирамард бо садои гирифта ва паст гуфт, ки то ба назди тролейбус нарасида он ҳатман ҳаракат мекунад. Зеро мадори зуд роҳ гаштанро надорад. Аз ин ҷавоби пирамард ва аз рафтори ронандаи тролейбус хеле нороҳат шудам. Ба истгоҳ баргаштаму назди ҳамсӯҳбатам нишастам. Пирамард ба ман нигоҳе кард. Бо нигоҳаш гӯиё суханҳои чанд лаҳза қаблашро тасдиқ мекард…

Ҳамин лаҳза автобусе назди истгоҳ қарор гирифт. Муйсафед зуд бархосту ҷониби он ҳаракат кард. Гуфтам, ки ин тролейбуси 5 нест. Дар ҷавоб ҳамсӯҳбатам гуфт, ки бегоҳи дер шуд. Бо ин автобус то ними роҳ рафта, аз он ҷо боз ба нақлиёти дигар савор мешавад…

Пирамард ба автобус савор шуд. Чанд лаҳза дар ҷойи худ карахт шудам. Ба истгоҳ баргаштаму дар ҷоям нишастам. Бо худ гуфтам, ки замоне ин пирамард барои ободии кишвараш ва ҷомеа ҳеч чиз- вақт, зиндагӣ ва донишашро дареғ надошт. Аммо имрӯз, вақте ӯ мӯҳтоҷи ғамхории ҷомеа аст, мо ба ӯ чунин ҷавоби носипосона медиҳем. Шояд пирамард ҳам дар замони ҷавониаш ҳатто андеша надошт, ки фардо бо чунин муносибат ва вазъияти мушкили иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Шояд ин навишта ба қисса монанд бошад. (Кошки қисса мебуд!) Аммо ин воқеъияти ҷомеаи мост, перомуни ҷойгоҳи инсон дар ҷомеаи мост ва ба ҳар яке мо дахл дорад. Тавре гуфтаанд, ҳар шаберо рӯз буда, ҳар кореро анҷом ҳаст. Кӣ медонад, шояд фардо ҳамин гуна рӯзгори вазнин насиби нафароне бошад, ки имрӯз вазифаи худро анҷом надода, мардумро сарсон кардаанд...   

Ҳумайрои Бахтиёр

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)