Як дӯстамро нимашаб ба Русия гусел кардаму тасмим гирифтам дар шаҳр қадам занам ва ҳаёти шабонаи шаҳрро тамошо намоям. Ҳамин тавр, то назди театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ расидам. Соат ҳудуди сеи саҳар буд ва дар кӯча ҷуз кормандони милиса ва бозрасии давлатии автомобилӣ дигар касе наменамуд. Торикии шабро либоси тираи онҳо ончунон рангоранг намекарданд. Ҳудуди соати сеюним, аввалин занон бо либоси норанҷию зард ба кӯча баромаданд. Аввалин рангҳои зиндакунандаи ҳаёти шаб.
Албатта, шабона дар нуқтаҳои алоҳидаи шаҳр занону духтароне кам нестанд, ки бо роҳҳои гуногун даромад ба даст меоранд. Аммо ин занони зардпӯш чунон даромадро орзӯ ҳам намекунанд. Онон бо меҳнати ҳалоли худ қути лоямуте ба даст меоранд. Онҳо ҳар рӯз роҳу кӯчаҳои шаҳри моро тоза мекунанд, то рӯзона мою шумо аз ифлосиҳои дирӯз нороҳат нашавем. Бале, оно роҳрӯбони одианд.
Боре фикр кардаед, ки ин занон чӣ гуна кори худро анҷом медиҳанд ва барои он чӣ подоше мегиранд? Бояд гуфт, дар ин вақти шаб, ғайр аз такси воситаи нақлиёти дигар ҳаракат намекард. Раҳрӯбон бошанд, 3-4 нафарӣ дар ҳар ҷои шаҳр ба кор мебаромаданд. Онҳо дар чӣ шароите меҳнат мекунанд? Оё мо, сокинону меҳмонони ин шаҳр, ба қадри заҳмати онҳо мерасем?
Ҳар рӯз онҳо аз соати сеи саҳар то соати шаш кӯчаю роҳро мерӯбанд ва ба ҳади имкон ба тартиб медароранд. Сипас, ба хона рафта субҳона мехӯранд ва соати ҳашт дубора ба кори худ бармегарданд. Ҳамин тавр, то нисфирӯзӣ. Бидуни истироҳат, шароити кофии кору фаъолият ва - аз ҳама муҳим - бидуни ҳеч гуна эҳтиром ба меҳнати онҳо. Ҳаёти онҳо мушкил аст. "Аммо маҷбурем, - мегӯяд холаи Малика, - дигар ҷои кор нест. Дар замони ҷавонӣ нахондем ва донишу маълумот нагирифтем, акнун ҳамин қадар кор аз дастамон меояд."
Вақте дар наздикии бинои "Шарқи Озод" бо онҳо дар ҳоли гулкории майдони назди роҳ ҳамсӯҳбат шудам, дар баробари занони миёнасол ва калонсол, чанд нафар духтарони ҷавон низ бо онҳо машғули кор буданд. "Барои хондани инҳо бошад, шароиту имконият надорем", - илова намуд ҳамсӯҳбатам.
Холаи Малика, зоҳиран, аз кори худ шикояти дигаре надошт. ӯ фақат мегуфт, шароити зиндагиаш вазнин аст. ӯ чор фарзанд дорад - ду писару ду духтар. Як писараш дар Русия буда. Писари дишараш дар Ватан бо мардикорӣ даромад ба даст меорад. Духтари калониаш ба шавҳар баромадаю хурдиаш бошад, ба ӯ кӯмак мерасонад. Падари фарзандонаш дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ аз тири дайду ба қатл расида аст.
Апаи Назокат, ки дар наздикӣ машғули бел задан буд, гуфт, барои кор ҳама шароити лозима муҳайё мебошад. Ба онҳо сару либос ва дастпӯш дода мешавад. Дар айёми сарди сол бошад. Барояшон либосу попӯши гарм дода мешавад.
Аммо дар ҳамин ҳол холаи Заррина мегӯяд, мехоҳад бо Президенти кишвар, ё аққалан, ба раиси шаҳри Душанбе мулоқот намуда, аз мушкилоташ арз кунад. "Агарчӣ мо коргарони оддӣ ҳастем ва саводи кофӣ надорем, аммо мо низ одамем ва барои зиндагии арзанда ҳақ дорем", мегӯяд ӯ.
"Мо ҳоло қариб ними шаб ба кор мебароем. Агар ягон меҳмони хориҷӣ ояд, умуман истироҳат намекунем ва шабу рӯз дар меҳнатем. Ҳарчӣ аз боло гӯянд, мо иҷро менамоем, - нақл кард ӯ дар бораи реҷаи кориашон. - Зимистон ҳатто соати яки шаб ба роҳ баромада барф тоза мекунему ях мешиканем."
Чуноне ӯ нақл мекунад, давоми як соли охир маоши онҳоро баланд кардаанд ва инак онон 400 сомонӣ моҳона мегиранд. Аммо ин, албатта, дар шароити имрӯза ва нархҳои баланди бозор, басанда нест. "Пештар мо 170 сомонӣ мегирифтем, аммо он замон нархҳо арзонтар буданд. Аксари ҳамкорони мо манбаъи дигари даромад надоранд. Бештарашон бесарпаноҳ, бешавҳаранд ва ба танҳоӣ аробаи зиндагиро мекашанд". ӯ аз ҳукумати кишвар хоҳиш мекунад, ба онҳо низ диққат кунанд ва маошашонро баландтар бардоранд.
То ҷое ман аз овони кӯдакиам дар ёд дорам, кормандони соҳаҳои гуногун, ки маоши кам доштанд, аз имтиёзоти мушаххас бархурдор буданд. Ба унвони мисол, шахсоне чун муаллимон, раҳрӯбон ва ғайра, ҳақии хадамоти коммуналӣ, обу барқ, роҳкиро ва ғайраро қисман месупориданд ё умуман аз пардохти онҳо озод буданд. Аммо ҳоло чунин таҷриба дар амал дида намешавад.
Ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, онҳо умуман аз ягон имтиёзи монанд ба инҳо истифода намекунанд. Балки баракс ба автобусу троллейбус онҳоро роҳ намедиҳанд. "Ҳамин либоси зардро дида, моро пеш мекунанд". Танҳо ёрие, ки мегиранд, "фақат ду бор дар як сол, рӯзи 8 март ва 9 сентябр" каме ёрдампулӣ дода мешаваду тамом. Ба гуфти онҳо, дар арафаи чашни занон 500 сомонӣ ва дар арафаи ҷашни истиқлоли давлатӣ 300 сомонӣ ба онҳо дода мешавад. "Дар идҳои рамазону қурбон, ки хароҷоти зиёд талаб мекунанд, мо умуман чизе намегирем", - мегӯяд ӯ.
Дар айёми сардӣ ба онҳо пойпӯш ва либос дода мешавад. "Як калӯш ва як халат" - ҳама чизе, ки онҳо ҳамчун либоси зимистонии ба онҳо ҷудошуда гуфта тавонистанд. "Ҳатто ҳамин дастпӯшак, ки барои кори мо ҳатмӣ буда, зуд-зуд бояд иваз шаванд, басандагӣ намекунад. Як дастпӯшак дар се моҳ, албатта, хеле кам мебошад."
Онҳо ҳам роҳ мерӯбанд, ҳам ранг мекунанд, ҳам дохили ҷӯйбору дигар ҷоҳоро аз лою ифлосӣ тоза мекунанд, ҳам канори роҳҳоро гулкорӣ мекунанд... Умуман, тозагию тартиби шаҳрамон аз онҳо бастагӣ дорад. Аммо шаҳрвандон кори онҳоро фақат мушкил мекунанд. Ҳамарӯза мардум боқимондаи хӯрок ва зарфҳои нушокӣ ва ғайраро на ба ҷои мушаххас, балки дар роҳу ҷӯй ва ғайра мепартоянд ва шаҳрро ифлос менамоянд.
Шумо чӣ эҳсос мекардед, кгар нафаре кори кардаатонро зери по кунад? Биноятонро бе ҳеч асос вайрон кунад, лоиҳаатонро ҳамин тавр даронад, мақолаатонро рад кунад, асбоби сохтаатонро шиканад? Ҳеч кас аз адами эҳтиром бо меҳнаташ шод намешавад. Аммо мо ҳамарӯза меҳнати ин занонро зери по мекунему фикре ҳам намекунем, ки барои тозагии шаҳр кӣ ва чӣ меҳнате мекунад.
Умедворем, шаҳрнишинон ва меҳмонони он, ҳамчунин, дастандаркорон, бештар сари ин масъала фикр намоянд ва ба беҳбудии ҳаёт дар пойтахти кишвар кӯшише намоянд. Охир, бо ҷорӯбу бел бошад ҳам, ба ободии кишвари азиз саҳми кам надоранд.
Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр