Гимназияи хусусии ба номи Расули ноҳияи Рӯдакӣ озмуни вижаи умумиҷумҳуриявиеро таҳти унвони «Ҷилои дониш-2012» баргузор кард. Аммо мутаасифона, бархе аз масъулини гимназияву макотиби ҳамагонӣ бо роҳҳои ғайримаъмулӣ хонандагонеро ба олимпиада равон карданд, ки саводи казоӣ надоштанд…
Абдурасул Муқумов, муассиси гимназияи мазкур дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки мо ба чанд гимназияву мактабҳои ҷумҳурӣ дархост ирсол намудем, то толибилмони беҳтаринашонро ба озмун равон кунанд. Дар ҳамин хол, бархеи онҳо ба олимпиада касонеро фиристоданд, ки дар ҷамъбаст баҳои аз ҳама пастро сазовор шуданд: «Падару модарон гимназияҳоро авло дониста, фарзандашонро мондаанд. Ман баъди ин олимпиада ба хулосае омадам, ки нафароне овардаанд, ки хешбозию маҳалбозӣ кардаанд, хонандаи арзанда оварда нашудааст. Лаёқадмандон қадр карда нашудаанд. Имрӯз агар талабае, ки лаёқатманд аст қадр нашавад, зик шуда умедашро аз ин хондан меканад. Ин хел хонанадагон мегӯянд, ки мо ин қадар заҳмат мекашем, аммо писари раис ҷой мегираду қадр карда мешавад. Барои ҳамин пеши роҳи чунин корҳо бояд гирифта шавад. Наход барои олимпиада чунин хонандаҳоро равон кунанд. Ман умед надоштам, ки ҷойи аввалро талабагони мо мегиранд, умед доштам, ки аз дигар гимназияҳо ҷойҳои намоёнро мегиранд, аммо мутаасифона, он нафароне, ки бояд дар олимпиада ҷалб карда мешуданд, наомаданд».
Шодӣ Насриддинов, омӯзгори фанни забон ва адабиёти гимназияи «Расул» низ бо муассисашон ҳамфикр аст. Ӯ иддао дорад, ки ин хел талаба дар озмун ҳаққи иштирок кардан надорад: «Вақте хонанда ин қадар хато менависад, чӣ хел онро ба олимпиада меоранд. Мо дар гимназияамон якто синфи 4 дорем, дигар гимназияҳо то 6 синфӣ доранд. Аз шаш синф 30 нафарӣ бошад, наход як нафаре пайдо нашавад, ки босавод бошад»?
Ба қавли Насриддинов, ҳадафи онҳо фақат дарёфти истеъдодҳои нав ва хонандагони болаёқат буд, дигар ҳеч. Номбурда мегӯяд, аммо мо бо ин тарҳ ба ҳадаф нарасидем: «Чӣ даркор аст чунин талабаи бесаводро ба олимпиада овардан? Се маротиба як ҷумларо хондем, аммо навиштан натавонистанд. Баъзеъ аз намояндагон норозигӣ баён карданд, ки шумо фанни матиматикаро душвор гирифтед, аммо директори мо ба онҳо фаҳмонд, ки шумо хонандагони босаводатонро биёред, агар мо аз рӯи барномаи давлатӣ савол тартиб диҳем, пас ин олимпиада чӣ лозим? Фарз кардем, панҷ савол душвор аст, аққалан ба панҷтои дигар бояд ҷавоб меёфтанд-ку».
Бояд гуфт, барои дуввумин маротиба аст, ки гимназияи хусусии «Расул» чунин олимпиадаро барои ҳавасманд гардонидани талабагони лаёқатманд баргузор менамояд.
Ба қавли муассис, соли гузашта озмун бо иштироки талабгони ду ҷамоати ноҳия бе мушкилӣ сурат гирифт: «Имсол бошад, мо аз 16 гимназияву мактабҳои ҷамоати ноҳияи Рӯдакӣ ва аз гимназияҳои шаҳри Душанбе даъват кардем. Соли оянда бошад, нақша дорем, ки хонандагонро аз ноҳияҳои ба мо наздик даъват кунем».
Дар олимпиадаи мазкур, ки аз фанҳои кимиё, забони тоҷикӣ ва математика дар байни хонандагони синфи 3 то 11 гузашт, 231 нафар иштирок карданд. Аз ҷумлаи онҳо 5 нафар аз гимназияи хусусии ба номи «Расул» ҷойҳои намоёнро гирифтанд ва дар ҳисоби даставӣ баранда шуданд. Гимназияҳои рақами 1 ва 53-и Душанбе бошанд, мутаносибан ҷойҳои баъдиро ишғол карданд.
Айни замон дар Тоҷикистон баргузории озмуну олимпиадаҳои фаннӣ ба ҳукми анъана даромада, ба саводнокшавии хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Аммо таҷриба ва мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки на дар ҳама таълимгоҳҳои хусусиву давлатӣ ба ҷараёни таълимӣ диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Гузашта аз ин хешутаборчигӣ, тарафгирӣ, хотирбиниву дигар падидаҳои номатлуб дар низоми маорифи муосири мо ҷой доранд. Намунаи боло бозгӯи ҳақиқати ҳол ва оинаи вақт аст, ё Шумо андешаи дигар доред?
Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр