Бахшҳо
02 ноя 2012 11:35Ҷавонон ва варзиш

Дарси муҳаббат. Онҳо низ инсонанд

Имрӯзҳо мушкилоти маъюбон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими ҷомеъаи мо боқӣ мемонад. Дастнорас будани иншоот ва роҳу нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мушкилоти ҳаракат аз як тараф, адами имконоти кору фаъолият ва таҳсил аз ҷониби дигар, реша дар адами дастгирӣ ба таври бояду шояд аз ҷониби ҳукумат ва чашм пӯшидани ҷамъият ба ниёзҳои одамони онҳо дорад. Мушкилоти табақаҳои ниёзманди ҷомеъа дар замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, новобаста аз кӯшишҳои ҳукумат ва ташкилотҳои гуногун, ҳамоно ҳалношуданӣ боқӣ мемонад.

Албатта, чунин мушкилот дар замони Шӯравӣ низ буданд. Аммо Тоҷикистони он замон аз Тоҷикистони имрӯз бо он фарқ дошт, ки бо истифода аз имконоти васеъи иқтисоди пурқудрати кишвари Шӯро метавонист дар муассисаҳои махсус, дур аз ҷомеъа бошад ҳам, фаъолият ва касби дониши онҳоро дастгирӣ намояд. Аммо имрӯз, ки иқтисоди мо ба қадри кофӣ тавоно нест, мо наметавонем чунин муассисаҳои алоҳида ва махсусро таъмин кунем. Гузашта аз ин, маъюбон низ инсонанд ва ҳақ доранд ҳамчу узви комилҳуқуқи ҷамъият баробари дигарон дар он фаъолият намоянд ва дар рушди он саҳмгузор бошанд.

Мушкил танҳо аз қонуну буҷа нест.
Агар сари мушкил бештар фикр кунем, аксари мушкилот аз ҷаҳонббинӣ ё менталитети мардум об мехӯрад. Афсӯс, ки ҷаҳонбинии аҳолии кишвар ба ҳамин андоза аст. Мардум аз замони шӯравӣ ба махсусгардонии иншоот, аз он ҷумла, ҷудо намудани маъюбон аз ҷомеа, одат кардаанд. Онҳо ҳамчунон бо он хаёл ба сар мебаранд, ки давлат вазифадор аст ҳаёти маъюбонро сад дар сад таъмин намояд. Одат кардаанд, ки маъюб бечораю дастнигар бошаду аз худ ба дастовардҳои бузург ноил нашавад.

Аммо воқеияти имрӯзро, ки дар иқтисоди бозаргонӣ вазъият дигар аст, фаҳмида наметавонанд.

Ана ҳамин ҷаҳонбинӣ мушкили аслӣ ва зояндаи дигар мушкилот аст. Аз сабаби он, дастандаркорони масоили ичтимоъӣ, ба хусус мушкилоти маъюбонро авлавият қоил намешаванд, дар макотиби гуногун маъюбонро қабул намекунанд ва дар коргоҳҳо ба онҳо роҳ дода намешавад.

Аз ин бармеояд, ки ҳалли мушкилот дар тағйири ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли нав дар рӯҳияи таҳаммулпазирӣ ва муҳаббат ба ҳар як узви ҷомеъа аст. Аз замони кӯдакӣ дар дили ҳар шахс чунин ҳиссиётро ҷой намуда, метавонем аз мушкилоти ҷудоихоҳӣ ва дурӣ ҷустан аз гурӯҳи муайян ҷомеаро халос кунем.

Ҳафтаи гузашта, аниқтараш, санаи 24-уми октябр, ба як чорабинӣ даъватам намуданд, ки аслан барои мо нав буда, бори аввал гузаронда мешавад. Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб "Иштирок" дар мактаби миёнаи рақами 31 пойтахт "Дарси муҳаббат" баргузор намуд. Мақсади он, чуноне аз номаш бармеояд, коштани донаи муҳаббат ба ҳамдигар дар дили хонандагон буда, миёни кӯдакони маъюб ва ҳамсолони дигари эшон робитаи хубе барқарор намуд.

Бояд гуфт, мактаби мазкур аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти умумии камчинест, ки дар он маъюбон дар баробари кӯдакони дигар таҳсил мекунанд. То ҷое ман фаҳмидам, дар он чаҳор кӯдаки дорои маҳдудиятҳои ҷисмонӣ, аслан ҷисмонӣ, дарс мехондаанд ва хонандагони дигар ва муаллимон онҳоро аз дигарон он қадар ҷудо намекунанд. Бинобар ҳамин, ин мактаб ҳамчун як намунаи ибрат барои дигарон барои гузарондани чунин чорабинӣ барои аввалин бор, интихоб шуд. Чуноне ташкилкунандагони он мегӯянд, дар назар аст дар оянда чунин дарсҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ низ баргузор хоҳад шуд.

Аслан, мушкилоти таҳсил метавонад асоси ҳама дигар мушкилот гардад. Таҳсилоти фарогир метавонад ҳам ба беҳтар шудани сатҳи дониши маъбон ва ҳам ба беҳтар шудани муносибати кӯдакон ба ҷаҳони атроф мусоидат намояд. Чунин тарзи таҳсил раванди  омӯзиши якҷояи кӯдакони солим ва маъюб дар муассисаҳои умумии таълимист, ки дар он дастрасии баробар ба ҳама кӯдакон таъмин мешавад.

Имрӯзҳо дар хусуси дарсҳои фарогир зиёд мегӯянд. Аммо афсус, фақат мегӯянд. Маъюбон ҳамчунон аз гирифтани маълумот дар сохтори маорифи имрӯзаи кишвар дур мондаанд.

Бояд гуфт, истифодаи асосҳои таҳсили фарогир дар омӯзиши кӯдакони маъюб, сатҳи гуногуни рушд ва талаботи махсус нисбатан илзомӣ мебошад. Асоси чунин тарзи таҳсил - истиснои ҳама намуд табъиз (дискриминатсия) нисбати кӯдакон, яъне, таҳсили кӯдакони имконияташон маҳдуд дар як ҷо бо толибилмони дигар аст. Чунин муносибат ҳама кӯдаконро ба ҳаёти дастаҷамъӣ ҷалб намуда, ҷудоисозиро дар муошират аз байн мебарад ва аз хатоҳо дар шаклгирии шахсияти онҳо пешгирӣ менамояд.

Дар раванди бозиҳо ва машғулиятҳои гуногун, ки дар баробари хонандагони мактаби №31, тарбиятгирандагони маркази мудохилаи барвақтии "Киштӣ" низ иштирок доштанд, шоҳиди он будем, ки кӯдакон миёни ҳамдигар фарқ ва ҷудоӣ нагузошта, бо ҳама тақрибан як хел муносибат мекунанд. Дар ин чорабинӣ кӯдакон бо маъюбони гуногун - чӣ мушкил дар ҳаракат, чӣ мушкилоти сенсорӣ ва кор бо даст ва аъзои гуногун, чӣ тағйири рушди зеҳнӣ ҳамчун аутизм ва ғайра иштирок доштанд. Ҳамчун натиҷаи ин чорабинӣ танҳо як чиз гуфтан мумкин аст: ҳарчӣ ҷудокунӣ ҳаст, бештар аз сабаби баъзе тасаввурот аз ҷониби калонсолон талқин мешавад. Кӯдакон ҳамдигарро ҳамчун дӯст ва шахси баробар ба худ қабул карда метавонанд. Онҳоро дар ҳамин рӯҳия бояд тарбия намуд.

Дар аксари мамолики пешрафта барномахои махсус хастанд, ки барои интегратсияи маъюбон ба ҷомеа равона шудаанд. Маъмулан чунин барномаҳо комлексӣ буда, барои амалисозии онҳо ҳамаи сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ саҳм мегузоранд. Аммо сад афсус, дар Тоҷикистон то ҳол ҳеҷ як барномаи мушобеҳ амалӣ намешавад.
Кӯдакони маъюб аз кӯдакистон ба интернатҳои махсус равона мешаванд, агар бахташон омад кунад - ягон омӯзишгоҳро хатм менамоянду тамом. Боқӣ ҳаёти онҳо чӣ мешавад, маълум нест. Бо дарназардошти мушкилоте, ки дар боло гуфтем, онҳо ҷои кор ёфта наметавонанд ва дастнигари буҷа хоҳанд буд. Кор то ҷое расида, ки имрӯз маъюбон дар кӯчаҳои шаҳр ба талбандагию гадоӣ машғуланд.

Умедворем дигар кӯдаконамонро, новобаста аз имконоти ҷисмонӣ, дар кӯча ва дастнигари раҳгузарон набинем. Умедворем маъюбон низ ҳамонанди шахсони дигар тавонанд аз имконоти ҷаҳони пешрафта истифода намоянд ва бо таҳсили хуб барои рушди ҷомеъа ва ояндаи дурахшони Ватан саҳмгузор бошанд. Охир, онҳо низ инсонанд...

Рустам МАҶИДОВ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)