Агар Раҳмон боз президент шавад аз командаи феълиаш даст хоҳад кашид? Аммо бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки аз вазифа гирифтани вазирон ва раисони ноӯҳдабаро маънои берун шудани онҳо аз умури давлатдориро надорад...
Интихоботи шаффоф хоси кишварҳои пасошӯравӣ нест
Амрико дар остонаи интихоботи президентӣ қарор дорад. Дар робита ба интихоботи президентии Амрико хабарнигорони тоҷик аз хонум Сюзан Эллиот сафири ин кишвар дар Тоҷикистон суол карданд, ки кадоме аз номзадҳо Барак Обама ва ё Мит Ромнӣ имкони ба даст овардани пирӯзиро доранд. Дар ҷавоб сафири Амрико гуфт, ки хусусияти маъракаи интихоботии кишвараш ҳамин аст, ки ҳеч афроде эҳтимоли пешгӯйии натиҷаи интихоботро надорад. Зеро пирӯз гардидани як номзад ба райъдиҳандагон бастагӣ дорад. Бояд гуфт, чунин раванди интихобот, яъне "номуаяйнӣ" аз натиҷаи он барои кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон бегона аст.
Коршиносон мегӯянд, ки аз кишварҳои собиқ Итиҳоди Шӯравӣ интихоботи шаффоф то ҷойе дар се давлати назди Балтик, Гурҷистон, Укроин ва аз Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон мушоҳида мешавад. Ин назарҳо дар ҳоле садо медиҳанд, ки Тоҷикистон дар соли 2013 нақшаи гузаронидани интихоботи раисҷумҳурро дорад.
Сарқонун кафили 98 дарсад тақаллубкорӣ дар интихобот
Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи воқеъии Тоҷикистон ва мақоми аҳзоби мухолиф коршиносон 80 дарсади эҳтимоли пирӯзӣ дар ин маъракаи сиёсиро ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти феълии кишвар мансуб медонанд. Зеро дар ин авохир фаъолияти ҳизбҳои мухолиф бо ҳар далелу баҳона аз ҷониби мақомоти давлатӣ маҳдуд шуда, зуҳури номзадҳои инфиродӣ дар интихоботро ғайримумкин мегардонад.
Раҳматулло Валиев, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, ки аслан Сарқонуни Тоҷикистон ба раисҷумҳури феълӣ комилан имконият фароҳам овардааст, то 98 дарсади райъи мардумро ба худ нисбат бидиҳад. Номбурда аз он шикоят дорад, ки қонуни конститутсионии Тоҷикистон "Дар бораи интихоботи президентӣ" имконияти тақаллуби натиҷаи интихоботро кафолат додааст.
"Мушкили аслии ҷомеаи сиёсии Тоҷикистон қонуни мавҷудаи интихоботи президентӣ мебошад. Ин қонун на танҳо барои ҳукумати феълӣ, балки барои ҳар гурӯҳ имкони тақалубро медиҳад. Аз ин хотир беҳтар мебуд агар пешниҳоди гурӯҳи тадорукот дар робита ба тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи президентӣ аз ҷониби парлумон қабул гардад. Вале ин амал бо парлумон ва ҳукумати феълӣ имконнопазир аст", мегӯяд Раҳматулло Валиев.
Мушкилоти иҷтимоии Тоҷикистон баъд аз интихобот авҷ хоҳад гирифт
Маврид ба зикр аст, давоми даҳ соли охир Тоҷикистон бо номусоид будани шароит барои таъмини ҳуқуқи башар, озодии виҷдон, озодии матбуот ва вазъи бади иҷтимоӣ дар феҳрасти созмон ва кишварҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Инҷо суоле посух мехоҳад, ки фаразан Раҳмон дар интихоботи оянда пирӯз гардад, командаи феълиашро иваз хоҳад кард? Беш аз ин оё метавонад, бо ҳамин команда барои ба эътидол овардани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ муваффақ гардад? Дар ҳамин маврид Раҳматулло Валиев мегӯяд, ки баъд аз соли 2013 вазъияти иҷтимоии кишвар боз ҳам нигаронкунанда хоҳад шуд. Зеро пас аз интихобот ҳайати ҳукуматӣ иваз нашуда, "рушд"-и ҷомеа 7 соли дигар бо ҳамин суръат идома хоҳад ёфт.
"Ман ҳеч тассавур намекунам, ки дар муддати 7 соли оянда, яъне аз соли 2013 то соли 2020 вазъи Тоҷикистон як каме беҳтар гардад. Барои фароҳам овардани зиндагии осоиштаи мардум Тоҷикистон ба ҳали мушкилоти истиқлоли энержӣ, бунбасти комуникатсионӣ ва рушди иқтисод ниёз дорад. Вале ҳукумат бо ин командааш чунин шароитро барои мо дар 20 сол фароҳам наовард. Дар ин сурат ҳоҷат барои хушбинӣ аз 7 соли дигар нест", илова кард Раҳматулло Валиев.
Баръакс дар ин солҳои охир вазъи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон то ҳаде вазнин шудааст, ки дигар ҳатто дар макотиби шаҳри Душанбе сару садо атрофи захираи ҳезум ва ангишт ба вуҷуд омадааст. Аз ин хотир, мегӯяд ҷаноби Валиев бо ин ҳайати ҳукумат умед бастан ба равшанӣ ва гармии манзили тоҷик хобе беш нест.
Мушкилот бо чунин сиёсати кадрӣ иваз намешавад
Бо ишора ба интихоботи президентӣ ва ҷаласаи солонаи ҳукумат гурӯҳе аз таҳлилгарон бар ин назаранд, ки эҳтимол меравад ин навбат баъзе аз "маҳбубҳои ҳукуматӣ" аз вазифа барканор шаванд. Ба бовари таҳлилгарон ҳукумат барои ба даст овардани нуфузи бештар чанд мансабдорро "қурбон" хоҳад кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари Бунёди "Перспектива +" мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистонро танҳо бо таъини мансабдори навбатӣ наметавон бартараф кард.
Агар давоми 20 сол фаъолияти ҳайати ин ҳукумат натиҷаи мусбате надод, пас командаи нав низ аз ин беш қудрате нахоҳад дошт. Чунки дар Тоҷикистон талабот барои интихоби мутахассис дигар аст. Ҳангоми интихоб ва таъини кадр меъёрҳое чун сатҳи дониш, малака, ҷаҳонбинӣ ва даст надоштан ба фасод ба назар гирифта намешавад.
"Барои рушди ҷомеа ҳукумат бояд мансабдоронеро интихоб бикунад, ки вуҷуди пок дошта, огоҳ аз ҳар навовариҳои фаннӣ бошад. Муҳимтар аз ҳама мутахасис бояд мустақил бошад. Агар ин меъёрҳо ба назар гирифта шуд, пас бечуну чаро дар ҷомеаи Тоҷикистон риояи ҳуқуқи инсон як падидаи маъмулӣ хоҳад шуд", мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова.
Роҳбари "Перспектива +" мегӯяд, ки зуд -зуд ва барои як муддати муаяйн таъин кардани аъзои ҳукумат беҳтарин низоми давлатдорӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро дар солҳои аввали фаъолият мутахассисон талош меварзанд. То худро аз ҷиҳати мусбат нишон бидиҳанд. Дар сурати ғайр интизори рушди ҷомеа будан ғайриимкон аст.
Гузашта аз ин дар минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре мебошад, ки ҳайати ҳукумати пиронсолонро дорад. Аз ҳамсоякишварҳо нахуст Қирғизистон ва Қазоқистон таваҷҷӯҳ ба кадрҳои ҷавон карданду мекунанд. Соҳибназарон мегӯянд, ки мутаасифона ҳукумати Тоҷикистон яке аз беҳтарин низоми давлатдории замони шӯравиро мерос нагирифтааст. Дар даврони шӯравӣ ҳар мансабдор- мутахассис вазифадор буд, ки ба ҷойи худ кадри ҷавонеро тарбия намояд.
Тоҷикистон пас аз 7 сол чӣ гуна тасвир хоҳад шуд?
Коршиносон мегӯянд, ки дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон сабаби таъиноти нодурустӣ кадрӣ, ин дар авлавият қарор додани мансубият ба маҳал ва садоқат ба шахсият мебошад. Вақте кадрҳо бо дарназардошти чунин меъёрҳо интихоб мешаванд, пас сухане гуфтан атрофи рушди ҷомеаву ҳалли мушкилот кори беҳуда аст, мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова. Зеро ин гурӯҳ мансабдорон аз рӯзи аввал то ба охир нисбат ба фаъолият ва рушди давлат бепарво буда, онҳо танҳо ба хотири ҷамъи сармояи худ кӯшиш мекунанд. Барои онҳо ҳеч фарқе надорад, ки аҳволи Тоҷикистон баъд аз 5 ва ё 10 сол чӣ гуна хоҳад буд. Замоне, ки корҳо хуб нест, натиҷа ҳам мусбат нахоҳад буд.
"Аз ин хотир хушбин будан аз ояндаи Тоҷикистон хеле сахт аст. Ароба ҳеч вақт дар ҷояш қарор намегирад. Агар ба пеш ҳаракат накард, ҳатман ба қафо меравад. Дар ҷойи худ танҳо мурда қарор мегирад. Агар пешравӣ набошад, ақибарвӣ кафолат дода мешавад", иброз дошт раҳбари бунёди "Перспектива +". Дар тақвияти ин суханҳо Раҳматулло Валиев низ гуфт, ки вазъияти Тоҷикистон то ҳаде ногувор шудааст, ки дигар ҳатто бо иваз кардани командаи ҳукумат мушкилотро бартарааф кардан шубҳаовар аст.
Бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи давлатдории Тоҷикистон гуфтан мумкин аст, ки аз вазифа гирифтани вазирон ва раисони ноӯҳдабаро маънои берун шудани онҳо аз умури давлатдориро надорад. Чунки онҳо ҳатман ё ба вазифаи баланд ва ё ба парлумон роҳ меёбанд. Коршиносон мегӯянд, ин низом барои тағйир додани муҳити иқтисодӣ ва сиёсӣ мусоидат нахоҳад кард.
Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр