Ин барнома аз 1 то 3 ноябр дар вилояти Суғд ва аз 9 то 11 ноябри соли 2012 дар ВМКБ баргузор мегардад ва ҳадафҳои муайянеро барои амалӣ сохтани пружа дар пай дорад…
Тибқи иттилоъ, ин лоиҳа бо дастгирии барномаи «Рушди барвақтии кӯдак»-и Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва лоиҳаи шабакавии «Рушди барвақтӣ»-и Институти «Ҷамъияти Кушода»-и Лондон барои намояндаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимият, мудирони шӯъбаву идораҳои маориф ва омӯзгорон аз ноҳияҳои Кӯҳистони Масчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Мурғоб, Роштқалъа, Рӯшон, Тавилдара, Тоҷикобод ва шаҳрҳои Қайроққуму Хоруғ омӯзишҳо оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» сурат мепазирад.
Гуфтанист, ҳадафи асосии баргузории омӯзишҳо – таҷриба кардани лоиҳаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ оид ба таъсиси моделҳои ҷойгузини «Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб» дар маҳалҳое мебошад, ки муассисаҳои томактабӣ вуҷуд надоранд ва ё фарогирии кӯдакон бо хизматрасонии таҳсилотӣ дар сатҳи паст қарор доранд. Мақсади рушди барвақтии кӯдак барои дастрасии босифати таҳсилот ба кӯдаконе равона шудааст, ки имконияти гирифтани таҳсилоти томактабиро надоранд ва ё барои ин дар системаи маориф ва ё умуман дар ҷомеа садде мавҷуд аст.
Таъсиси марказҳои ҷойгузини омода кардани кӯдакон ба мактаб - ин таъмини ҳуқуқи ҳар як кӯдак ба таҳсилоти босифати барвақтӣ мебошад ва он чунин ҳадафҳоро дар пай дорад: а) Таъсиси муҳити солим барои рушди ҳамаи кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони имконияташон маҳдуд ва аз оилаҳои камбизоат; б)мусоидат ба рушди ҷисмонӣ, шинохтӣ ва иҷтимоиву эҳсосии кӯдакон; в)мусоидат ба шарикии оилаҳо чун тарбиятгарони асосии кӯдакон ва таъмини дастгирии зарурии волидон ва вассиҳои қонунӣ дар рушди кӯдакон.
Феълан, дар Тоҷикистон қариб 93 фоизи кӯдакони хурдсол аз таҳсилоти томактабӣ, ки давлат аз тариқи маблағгузории буҷавӣ кафолат медиҳад, маҳрум мондаанд. Ҳамин аст, ки масъалаи рушди барвақтии кӯдакон ва таҳсилоти томактабӣ дар системаи ислоҳоти соҳаи маориф муҳим арзёбӣ мешавад.
Вобаста ба вазъи мушкили иқтисодиву иҷтимоии мамлакат таъсиси моделҳои ҷойгузини таҳсилоти томактабӣ муҳим буда, яке аз онҳо таъсиси Марказҳои омода кардани кӯдакон ба мактаб мебошад, ки он дар Тоҷикистон ташаббуси нав маҳсуб мешавад.
Мӯҳр