Вақтҳои охир иддае аз рӯзноманигорон, таҳлилгарон, коршиносони масоили ину он соҳа ва дар маҷмӯъ, "қаламкашони муҳаққиқ" ба панду андарзхонӣ ва насиҳати райияти заҳматкаши кишвар пардохтаанд. Ин носеҳон миёнро аз ҳафт ҷояш маҳкам баста, ба мардум аз танзим ва сарфаю сариштакорӣ мегӯянд. Инак, ба идҳои мусулмонӣ ва тарзу шеваи камхарҷтари гузаронидани маъракаҳои маросимиву ҷашнӣ дахолат карда, гӯё хидмати бузургу мондагоре ба мардум мекарда бошанд, ба онон андарз мехонанду андарз мехонанд.
Иди Қурбон чун ҳарсола бо ҷорӣ шудани реҷаи барқ дар кишвар рост омад
Шарт нест, ки пулу маблағҳои зиёдеро баҳри маводи ғизоӣ, қанду ширавор ва анвои меваҷот, танҳо ба хотири орову зеб додани рӯи дастурхони идӣ сарф кунем,-вазъ мехонанд носеҳон. Дар кули мамолики билоди исломӣ чунин як наҳваи пешвозгирии иди рамазон ва Қурбон ба мушоҳида намерасад, чаро мо аз онон ибрат нагирем?- суол медиҳанд воизони қаламбадаст. Чаро мо ба тамаддуни пешрафта баробар шудан намехоҳем? Чаро кӯдакону бачагони мо хона ба хона қадам зада, аз қавле "харҷию идӣ" талаб мекунанд? Ва ғайра ва ба ин монанд пурсишҳои гӯё ҳайратбарангез медиҳанд? Ва боз…
Ва боз ту гӯӣ ин мардум кӯру кар ва аз воқеияти талхи мавҷуда бехабар бошанд, носеҳон "дилсӯзӣ" мекунанд, ки шароит надоред, "ба кӯрпаатон нигоҳ карда поятонро дароз кунед!"
Маро аламе дар дил рӯ мезанад, ки олуда ба ғазабу нафрат аст. Мехоҳам аз ин носеҳони бехабар ошкоро бипурсам, ки ба ҳамаи ин нобасомониҳои рӯзгор ва вазъу ҳолати печидаву мураккаб ва мушкилоти мардум кӣ гунаҳкор аст?
Мегӯед, ки шароити иқтисодиву иҷтимоии мардумхеле вазнин аст. Оре, ҳамин тавр аст ва ин аз касе пӯшида нест. Аммо чаро шумо (манзур ҳамин носеҳони қаламбадаст) намегӯед, ки чаро зарфи 21-сол ҳамин мардум бо ҷои кори доимӣ таъмин карда нашуданд? Чаро заводу фабрикаҳо ва корхонаҳои бигузор кӯчаки истеҳсолӣ ба пуррагӣ бунёд карда нашуданд? Чаро тӯли ҳамин муддат барқ ба мардум дода намешаваду ҳар сол масъулону роҳбарони ширкати "Барқи тоҷик" райиятро бо сафсаттаву варсоқихониҳо ва ваъдаҳои дурӯғин гул мезананду фиреб медиҳанд? Чаро Вазорати саноат ва энергетика корхонае таъсис надод, ки як матои ватание истеҳсол кунад, то дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир бошад? Чаро вазоратҳои молия, иқтисод, кумитаи андоз наметавонанд барномаи вожаи раҳоӣ аз бӯҳрони иқтисодиро кор карда бароянд? Чаро бо тағйиру ислоҳи кодекси андоз ташвишу азоб ва сарсониву оворагиҳои заминдорони хоҷагиҳои фермериро аз будаш зиёдтар мекунанд?
Чаро вазорати кишоварзӣ дар раванди истеҳсоли маҳсулот ва маводи ғизоӣ ва таъмини пурраву комил ва арзонтари он ҳама маҳсулот ҳеч кори чашмрасу самарабахше ба анҷом намерасонад? Врқеан чаро?
Чаро вазорати тандурустӣ аслан бемористону марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббиро ба ҳоли худ гузоштааст, ки дар ин макони шифобахш ва эҳёи саломатии мардум ҳар як амали кӯчаку ҷузъӣ бо ПУЛ баркашида мешавад? Чаро дар аксари дорухонаҳо шахсони тасодуфӣ ва камсавод ба фурӯши маводи тиббӣ машғуланд? Чаро боре ин нуқтаҳои доруфурӯшӣ аз ҷониби намояндагони Вазорат санҷида намешаванд?
Чаро дар ҷумҳурӣ фурӯши замин ва талаву тороҷи ин моликияти истисноии давлат ба авҷи аъло ва нуқтаи баландтарини худ расидаасту ҳеч як масъули ҳифзи ҳуқуқ аз он парвое надоранд? Чаро???
Ҳамакнун дар бахши аъзами музофоту навоҳӣ баҳузуру нотарсона заминҳои хоҷагиҳои фермериро, ки сертификат доранд ва дахлнопазиранд, озодона фурӯхта пул мекунанду ҳукумат хомӯш аст? Чаро???
Чаро раисони ҷамоатҳо, ҳукумати шаҳру ноҳияҳо амалан кору фаъолияти назаррасе надоранду вазифаву рисолати худро иҷро намекунанд ва бахши фаровони эшон афроди тасодуфӣ ва солхӯрдаанд? Магар ба ҷавонони кордону соҳиблаёқат ва мутахассисони ҳирфаӣ дар ин кишвар қаҳтӣ омадааст???
Чаро аз рӯи таъбири "аввал хешу баъд дарвеш" амал карда, тоифаи зиёди амалдорону соҳибмақомон дар деҳоту музофот вазифаҳоро ба пайвандони хеш ҳиссу бахш кардаанд?
Чаро???
Ана сабабу омилҳои ин ҳама бебандубориро дар ҷомеа бояд ҷусту дарёфт.
Ва аммо…
Мо, як идда қаламкори "соҳибмаърифат" бар ивази фош намудану бозгӯӣ сохтани камбудиву норасоиҳои ҷиддӣ ва зарба задан ба маҳалгароиву хешу пайвандсолорӣ роҳи бас сабуку осонро ёфтаем:
Насиҳат ба заҳматкаши бечора. Ки дар рӯзҳои ид хароҷоти зиёд накунаду кӯдаконашон хонаҳо баҳри "Идӣ" нараванд. Афсӯс!
Бояд ин омилро некӯ бидонисту дар гӯш ҳалқа кард, ки халқи тоҷик бо ана ҳамин дастурхони пурнозу неъмат, ки кулчаҳои ширмол дораду тухму ҳалво асрҳову қарнҳо номдору шӯҳратёр буд, ҳаст ва мемонад ва касе наметавонад, ки ба ин одату анъанаи қадимаву куҳани он тағйироту ислоҳот дарорад.
Ҳеч як булфузулу зиёӣ ва қаламбадасти бомаҳораттарини кишвар.
Аз мансабдору масъулони бахши танзим умуман ҳарфе дар миён намеандозем, ки мояи хиҷолати мову шумост, хонандаи азиз!
Ид муборак, мардуми шарифи тоҷик!!!
Ш. СУҲАЙЛ
Мӯҳр