Чанде қабл дар шаҳри Санкт-Петербург як роҳнамое барои муҳоҷирон ба нашр расид, ки дар он муҳоҷиронро муаллиф ҳамчун ҷорӯб ва дигар ашёи беҷон тасвир кардааст. Дар ин роҳнамо ҳамчунин гуфта шудааст, ки муҳоҷирон дар Русия либоси варзишӣ ва ё миллӣ ба бар накунанд. Дар робита ба ин "Озодагон" назари коршиносонро пурсид:
Абдулло ҚОДИРӣ, сухангӯи хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон
ОЯД гуфт, ки ин роҳнамо ввокунишеро ба вуҷуд овард. Феълан муносибати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар сатҳи хуб аст ва ба ин амал гурӯҳе даст мезананд, ки хостори халалдор кардани ин равобит ҳастанд. Дар Русия гурӯҳҳои иғвоангез хеле зиёд аст ва онҳо шояд аз ин роҳ истифода кунанд. Ба ҳар сурат хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ин масъаларо ҷиддӣ таҳти назорат гирифта, талош дорад то он роҳнамову тасвирҳо аз сойтҳои интернетии Русия бардошта шаванд. Зеро он тасвирҳо арзишҳои олии инсониро поймол мекунанд. Аслан гурӯҳе аз муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд касбе надошта, забонро низ намедонанд. Ҷиҳати омода кардани муҳоҷирон мо наворҳо бардошта, тавассути шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон онро пахш кардем. Эҳтимол меравад ҳамин ноогоҳии муҳоҷирон аз вазъияти худ дар Русия сабабгори аслии тасвирашон дар чунин шакл гашта бошад.
Муҳаммадалӣ ҲАЙИТ, муовини раҳбари ҲНИТ
ОНЕ, ки имрӯз муҳоҷиронро дар шакли ашёи беҷон таҳия кардаанду, марудми русро ҳамчун табиб, пулис таҳқир аст. На танҳо таҳқир ба мардуми тоҷик, балки таҳқир ба мардуми Осиёи Миёна. Ин бархурд бастагӣ ба муносибати ҳукумат бо муҳоҷирон корӣ дорад. Он ёддошти тафоҳуме, ки чанд рӯз қабл дар Душанбе аз ҷониби ду раисҷумҳур ба тасвиб расид, бойис нагардид, ки масъулини рус муносибати худро бо муҳоҷирон иваз кунанд. Дар ҳудуди Русия ва умуман собиқ Шӯравӣ муҳоҷирони корӣ бе ҳуқуқ ҳастанд. Камтарин ҳуқуқи инсонӣ риоя намешавад. Маблағе, ки бар ивази заҳмат барои беҳбудии Русия мегиранд, 30 дарсадро ҳатто ташкил намедиҳад. Вале ба ин нигоҳ накарда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба хотири таъмини хонаводаи худ дар Русия кору фаъолият мекунанд. Онҳо сарчашмаи аслии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон мебошанд. Аз ибтидо дар Русия ҳуқуқҳои муҳоҷирон риоя намегардид.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раҳбари ҲУСДТ ИМРӯЗ воқеан муҳоҷирони корӣ дар Русия ба корҳои вазнину сиёҳ машғуланд, аз ин хотир муаллифон китобчаро дар ин шакл мунташир карданд. Мутаасифона, муҳоҷирони корӣ сатҳи дониши ҳуқуқӣ, тасавурот дар бораи фарҳанги рус, гирифтани ҳақмуздро надоранд. Ин масъала хеле ҳасос буда, боиси таасуф ҳаст, ки шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро дар ин шакл тасвир кардаанд. Ин таҳқири инсон мебошад. Нашри чунин китоб ҳам аз он далолат медиҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷик ба таври зарурӣ аз ҷониби сохторҳои дахлдори Тоҷикистон ҳимоя намешаванд.
Мӯҳр