Шероз Лайлиев ва се тан ҳамроҳони дигари ӯ ихтиёран ариза навишта ба сафи Артиши Миллӣ пайвастанд.
Дар ин бора ба хабарнигори «Озодагон» муовини аввалии райиси ноҳияи Ванҷ Давлатбибӣ Раҷабова иттилоъ дод. Бону Раҷабова, ки ҳамзамон раиси комиссияи даъват ба хизмати ҳарбии минтақа аст, иттилоъ дод. Номбурда афзуд, ноҳияи Ванҷ дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баъд аз ноҳияи Мурғоб дуввумин шуда нақшаи сафарбаркунии ҷавонони наваскарро иҷро кард. Ба ин муносибат унвонии ҳукумати ноҳия аз номи вазири дифоъи кишвар Шералӣ Хайруллоев номаи арзи сипос ворид гаштааст.
Мӯҳр