Шоми 20-уми октябр дар «Хонаи кино»-и шаҳри Душанбе маросими пӯшидашавии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор», ки 5 рӯз идома дошт, баргузор шуд.
Филми пурраметражии «Санги сабур»-и коргардони афғон Атиқ Раҳимӣ, ки дар Фаронса зиндагӣ мекунад, сазовори Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи 3 ҳазор доллари ИМА гардид. Филм аз рӯи романи ҳамноми муаллиф, ки ба 33 забон тарҷума шудааст, рӯи навор омадааст. Сужаи филм дар бораи зани 27 солаи афғон, ки шавҳари мадҳуши худро дар як канори Кобул парасторӣ карда, ҳамзамон ба ӯ хиёнат мекунад, нақл менамояд.
Шоҳҷоизаи шветсарии Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо иловаи 2 ҳазор доллари ИМА барои филми беҳтарини кӯтоҳметражи ҳунарӣ ба филми «Баҳри ҳавасҳо»-и коргардони рус Шота Гамисиония супорида шуд. Филм дар бораи ду ҷавони шаҳри соҳили баҳр нақл мекунад, ки шуғле надоранд ва намедонанд, ки чӣ тавр рӯзро шом кунанд.
Филми «Осмони дигар»-и коргардони рус Дмитрий Мамулиа, ки дар бораи ҳаёти муҳоҷири меҳнатии тоҷик нақл мекунад, бо Ҷоизаи махсуси доварони байналмилалӣ бо иловаи ҳазор доллар қадр шуд.
Доварони байналмилалӣ филми «Хорсаро»-и коргардони тоҷик Румӣ Шоҳазимовро бо Дипломи махсус барои филми кӯтоҳметраж қадр кард. Бояд гуфт, филми мазкур бо мукофоти дигар низ сазовор дониста шуд. Ҷоизаи «Муколамаи Шарқ ва Ғарб»-ро Владислав Курнушка, роҳбари намояндагии «Ҳамкории Русия» дар Тоҷикистон ба филми кӯтоҳметражи «Хорсаро»-и Румӣ Шоҳазимов лоиқ донист. Донишҷӯи курси чоруми Донишкадаи давлатии кинои Русия Р. Шоҳазимов филми мазкурро аз рӯи ҳикояи ҳамноми нависандаи рус А. П. Чехов рӯи саҳна овардааст. Филм дар Маскав бо иштироки ҳунарпешаҳои рус ба навор бардошта шудааст.
Туӣ, иҷрокунандаи нақши духтараки 5 сола аз филми «Бӯи об»-и коргардони муғул Мунхзул Чулуунбат низ бо Дипломи махсуси доварон лоиқ дониста шуд.
Ҳамчунин коргардони озар Шамил Алиев Явер оғлу барои филми «Саҳробача» бо Дипломи махсуси жюрӣ қадр гардид.
Ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Қӯрғонтеппаро барои беҳтарин филми озмунӣ бо иловаи ҳазор доллари ИМА директори Театри вилоятии мазҳака ва мусиқии ба номи Ато Муҳаммадҷонов Аловуддин Абдуллоев ба коргардони филми «Чарх» Шаҳзод Раҷабов супорид.
Коргардони филми «Насима» Саҳро Каримӣ, ки филмашро дар Словакия ба навор гирифтааст, бо ҷоизаи «Таваҷҷӯҳи тамошобин»-и шаҳри Душанбе қадр гардид. Артисти шоистаи Тоҷикистон Марат Орипов ба ӯ ҷоизаро бо иловаи ҳазор доллари ИМА супорид.
Ҷоизаи мунаққидони Тоҷикистонро муҳаррири кинофестивал Галина Эленбаум ба Н. А. Изволов, эҳёгари филми «Дохунда»-и коргардон Лев Кулешов супорид. Ин филмро, ки Н. Изволов эҳёи компютерӣ кардааст, дар бахши «Филмҳои қурбоншуда»-и кинофестивал намоиш дода шуд. Филми мазкур аз рӯи романи безаволи «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ солҳои 1933-1934 ба навор гирифта шуда буд ва таҳияашро соли 1936 медонанд. Дар он нақши асосӣ - Дохундаро коргардон ва ҳунарпешаи тоҷик Комил Ёрматов бозидааст.
Сидиқ Бармак, коргардони афғон, раиси ҳайати доварони байналмилалӣ гуфт, ки дар озмун филмҳои хуб зиёд буданд ва мо беҳтарини онҳоро сазовори ҷоиза донистем.
Бояд гуфт, дар Синамобазми панҷуми «Дидор» 74 филме, ки тайи ду соли охир таҳия шудаанд, аз 19 кишвар ба тамошо гузошта шуданд. Дар озмуни байналхалқӣ бошад,
22 филми ҳунарӣ иштирок карданд. Аз ҷумла, аз Тоҷикистон филми «Телеграмма»-и коргардон Искандар Усмонов, «Чарх»-и коргардон Шаҳзод Раҷабов ва филми кӯтоҳи «Хорсаро»-и Румӣ Шоҳазимов.
Ҳамчунин дар бахши «Панорама»-и фестивал филмҳоии ҳунарии «Гиреҳ дар гӯлу»-и коргардон Носир Раҳмонов, «Эҳзон»-и коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоилов, «Хокпайванд»-и коргардон Абдулҳай Зокиров, филмҳои мустанади «Бозгашт»-и Абдулло Ғафуров ва «Ваҳшати ҷанг»-и коргардон Носир Саидов, филмҳои аниматсионии коргардони тоҷик Бахтиёр Қаҳҳоров - «Аждар», «Хар», «Мурғак» ва ғайра намоиш дода шуданд.
Ба гуфти раиси Иттифоқи кинематографистони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов Кинофестивали панҷуми байналмилалии «Дидор» бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода”- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, Ташкилоти «Hivos»-и Нидерданд ва Дафтари ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон баргузор шуд.
Ҷовид Муқим
Мӯҳр