Бахшҳо
20 окт 2012 04:51Иҷтимоӣ

Вазъи иҷтимоӣ оилаҳоро вайрон мекунад

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ шумораи талоқи оилаҳо ба 5 ҳазору 736 нафар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 747 адад зиёд мебошад. Шумораи никоҳ дар ин давра бошад ба 65 ҳазору 869 нафар расидааст. Дар муқоиса ба ҳамин дараи соли 2011 бошад 393 нафар зиёдтар аст. Ин оморҳо баёнгари он аст, ки талоқ дар Тоҷикистон дар ҳоли табдил шудан ба доғи рӯз аст ва агар ҳарчи зудтар як барномаи  махсусе андешида нашавад, шумораи талоқҳо аз ин ҳам бештар мешавад.

Наздик ба 6000 талоқ дар як сол
Маҳбуба Азимова  сардори Хадамоти матбуотии Кумитаи кор бо занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби зиёд ҷудо шудани оилаҳоро дар муҳочират намудани мардони тоҷик, телефонҳои мобилӣ ва маърифати паст доштани мардум медонад. ӯ афзуд, ки "Сабаби дигари ҷудо шудани оилаҳо ин, ки духтарони ҳозираи моро фикррониашон, ҷаҳонбиниашон алакай пеш рафтагӣ аст, намехоҳанд зери хушунати хонавода бошанду зиндаги интихоб кардаи оилаашонро барои худ нигоҳ доранд".

Аммо Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқшиноси тоҷик сабаби зиёд ҷудо шудани оилаҳоро пеш аз ҳама дарсатҳи  пасти иқтисодиёти кишвар ва шароити сангини иҷтимоӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ,"рӯз аз рӯз шароити занони мо бад шуда истодааст. Чун як қисми шавҳарони онҳо ба муҳоҷират рафта истодаанд. Қариб 7-8 ҳазор мардони тоҷик дар дигар давлатҳо оиладор мешаванд. Вақте, ки онҳо мераванд занҳо дар хонаи падару модари онҳо ҳастанд, дар байни ин оилаҳо нофаҳмӣ мешавад. Шавҳар нест, дур аст, на ҳама вақт пул мефиристонад ва муноқишаҳо дар байни зан бо оилаи мард зиёд мешавад. Вақте, ки зан дар хона менишинад мушкил дорад ва мушкилоташ ҳал намешавад".

Сабаби дигари ҷудо шудани хонаводаҳо боз дар он аст, ки падару модарон духтарони  худро омода намекунанд барои ҳаёти оянда ва он хонае, ки вай меравад онҳо низ на ҳама вақт тайёранд, ки ин духтарро ҳамчун фарзанди худ қабул кунанд. Чун баъзе духтарон вақте ба оилаи шавҳари худ мераванд фикр мекунанд, ки хонаи худашон аст аммо инҷо дигар аст ва шароитҳо дигар.

Иддае аз коршиносон бар он назаранд, ки худкушии зиёди мардҳо ё занонро сабаб вазъи иқтисодист. Дар як вилояти Суғд дар 9 моҳи соли ҷорӣ 118 мард ба худкушӣ даст задаанд. Сабаби асосии ин надоштани ҷои кор ё қарздор будани онҳо мебошад. Агар як қиссми мардҳо худкушӣ карда бошанд як қисми дигараш аз оилаҳояшон ҷудо мешаванд.

"Ҳаёти оила ҳамон вақт мустаҳкам мешавад, ки дар он оила мушкилот камтар бошад. Яъне, ки ҳамин мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ набошад. Вақте, ки мард ба хона меояд ҷои кор надорад ва зан мегӯяд, ки ин нест ун нест дар хона, аз ҷиҳати равонӣ алакай ин оилаҳо  солим нестанд"-афзуд Ойниҳол Бобооназарова.

Чизҳои хурду реза набояд сабаби ҷудоӣ гардад
Дар ҳоли ҳозир дида мешавад, ки ҷавонон ба далоили сатҳиву ночиз аз якдигар ҷудо мешаванд, ки ингуна талоқҳо ҷоиз нест. Ҳоҷиакбар Тӯраҷонзода рӯҳонии тоҷик дар кадом маврид ҷоиз будани талоқро чунин шарҳ дод:

"Агар бо айби як хешу табор байни ду ҷавон ҷудоӣ андохта шавад ва боиси ҷудо шудани онҳо гардад, ин гуноҳи кабира аст. Вайрон кардани манзили инсон як тараф агар манзили як парандаро  ҳам вайрон кунӣ гуноҳ аст. Падару модароне, ки дар назди писарашон шарт мегузоранд, ки занатро сар деҳ агар раҳо накунӣ оқат мекунам, вале дар ҳолате, ки зан воқеан ҳам гуноҳ надошта бошад ё, ин ки гуноҳаш хеле сангин набошад, ин ба дараҷае муҳим нест, ки боиси ҷудоии онҳо гардад".

Ба гуфтаи руҳонии тоҷик як гуноҳе, ки шариат иҷозат медиҳад барои ҷудо шудан ин фоҳишагии зан аст. "Агар зан ба фоҳишагӣ даст занаду насиҳатро қабул накунад ин шавҳар бояд аз вай ҷудо шавад. Зеро ин ба насли ояндаю фарзандҳо зарар меорад ва ҳамеша онҳоро як умр дар ҷомеа сархам мекунад. Зан аҳкоми шариатро қабул накунад ба монанди намоз, ҳиҷоб ва каломҳои шариат, дар ҳамин маврид шариат иҷозат медиҳад, ки мард аз ҳамон зан ҷудо шавад. Дар мавриди либосро нашустану ғизоро таҳия накардан ё ягон кори рузгорро накардан набояд мард ба талоқ даст бизанад, зеро ин бисёр кори бад аст".

Ойниҳол Бобоназарова роҷеъ ба нақшу таъсиргузории рӯҳониён  дар масъалаи барпоӣ ва ҷудошавии оилаҳо таъкид намуда, иброз намуд, ки имомхатибону руҳониён барои нигоҳдории оилаҳо бо истифода аз насиҳат метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.  Мулоҳою имомхатибон дар масҷидҳо бо мардум ва мардҳо во мехӯранд, таъсири зиёде дар тафаккури онҳо доранд. Вале истифодаи ҳамин чизи бисёр муҳимро дар ҷомеа бояд ривоҷ дод.      

Ҳоҷиакбар Тураҷонзода дар ҳамин маврид чунин андеша дорад: "Инсон бояд ё аз қонун битарсад ё мебояд аз чунин корҳои бад худро дур нигоҳ дорад.  Агар ин ду чиз вуҷуд надошта бошад, воқеан ваҳшонияту хушунат ҷомеаро фаро мегирад. Агар ҷавононро барои амри маъруф даъват намоӣ, инро ҷиноят гуфта аз 3 то 5 ҳазор сомонӣ ҷарима мекунанд. Ба ғайр аз масҷид дар дигарҷо гап задан мумкин нест, ки ба масҷид ҳама намеравад ва 3 фоизи мардум мераваду тамом".   

Ба гуфтаи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода, дар ҷомеа таблиғоти ислом аз минбарҳои умумӣ минҷумла радиову телевизион иҷозат нест ва дар маҳфилҳо ҳам амри маъруф манъ аст, ба ҳамин хотир бояд ҳар як муллое, ки ҷавононро никоҳ мекунад, дар вақти никоҳ бояд ҳуқуқи ҳарду тарафро бифаҳмонад.

"Онҳо бояд оқибати талоқро, ки ҷиноят ва гуноҳи кабира аст, бифаҳмонанд. Лафзи талоқро ба забон овардан хеле ҷинояти бузург аст. Чун вақте лафзи талоқро ба забон меоранд, арши Худо меларзад, гуфтани ин сухан як даҳшат аст. Агар мо инҳоро дар вақти никоҳ ба ҷавонон бифаҳмонем , шояд шумораи талоқҳо камтар шавад. Ин як роҳи пешгирӣ аз талоқ аст".

О. Бобоназарова: "Кумитаи телевизион рақсу бозӣ камтар нишон диҳад"
Ҳамроҳ бо баромади рӯҳониён ҷиҳати кумак ба ҷавонон дар амри издивоҷ,  коршиносон бар ин боваранд, ки аз телевизиону радио дар ин маврид бояд барои мустаҳкам намудани оилаҳо дар Тоҷикистон истифода кард. Ба гуфтаи ҳуқуқшинос Ойниҳол Бобоназарова дар ҳар як хонаи тоҷик оинаи нилгун ҳаст ва  Кумитаи телевизион камтар рақсу бозӣ намоиш диҳаду мушкилилотеро намоиш диҳад, ки доғи рӯз ҳастанд ба монанди талоқ. Чун акнун талоқ ба мушкили мубрами  рӯз табдил шудааст.

Метавонанд ягон гузоришҳои хубро дар ин маврид ба навор гиранд.

"Дар солҳои Шӯравӣ аз ҳама камтар дар Тоҷикистону Туркманистон талоқ ба қайд гирифта шуда буд. Яъне нақши телевизион бисёр муҳим аст, то наворҳоеро ба тасвир гирад, ки ба ахлоқи ҷомеа ва ахлоқи ҷавонон рабт дошта бошад.Бархе аз падару модарон вақте писарашон мактабро тамом мекунад, агар маблағ ҳам надошта бошанд, вале зуд аз ҷое қарз гирифта ӯро оиладор мекунанд ва омода набудани писарашонро барои ҳаёти оилавӣ нодида мегиранд. Дар як оилаи тоҷик 3 бародар зиндагӣ мекунанд ва муноқиша байни кӯдакҳо пайдо мешавад. Агар ҳар нафаре, ки оиладор мешавад хонаи алоҳидаи худро дошта бошад, фикр мекунам талоқ кам мешавад. Бояд ҳам марду ҳам зан ҷои кор дошта бошанд. Ин хуб нест, ки дар ҳолати зиндагии бад доштан ҳам аз ҳамдигар ҷудо нашаванд. Агар зиндагияшон ҳам пойдор намонд, ба ҷои ин ки худкушӣ кунанд, талоқ гиранд беҳтар аст. Баъзеҳо дар он фикр ҳастанд, ки аз баски туйкунӣ осон шудааст, барои ҳамин писарон зан мегиранду талоқ мекунанд.

Ман ба ин фикр розӣ нестам ва баракс ҳоло барои туйҳо хароҷоти зиёде сарф мегардад. Дар ин маврид қонуни танзим ҳам кор намекунад", илова намуд Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқшиноси тоҷик.

Ислоҳот дар қонунгузорӣ талоқҳоро коҳиш медиҳад
Маврид ба зикр аст, ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиш додани сатҳи талоқҳо, қаблан дар таҳрири қонуни наве синни издивоҷи духтаронро афзоиш дод, ки хелеҳо аз ин амал ҷонибдорӣ мекунанд. Дар робита ба ин Маҳбуба Азимова мегӯяд, гузаронидани синни никоҳи духатрон аз 16 ба 18 кори бисёр хубест, ки иҷро шуд. Лекин тассавур кунед ҷавоне, ки 18 сола буда ва мустақил нест, чигуна оилаашро пеш мебарад. Ба пули падару модар ва оилаҳояшон такя мекунанд, пас бигзор синни никоҳи писарон аз духтарон зиёдтар бошад. Мақсади асосии мо ин мустаҳкам будани оила дар ҷомеа аст чун, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оила мебошад.

Барои пешгирӣ аз афзоиши теъдоди талоқҳо дар кишвар коршиносон мегӯянд, ки падару модари духтарҳо набояд ҳама маҳрияи духтаронашонро пеш аз издивоҷ талаб кунанд ва хуб мешуд, то як қисмати онро ба вақти дигар гузоранд. Беҳтар аст, то дар қарордоди ақди никоҳ зикр гардад, ки агар ҳамин мард талоқ диҳад, баъди ҷудо шудан ҳамин қадар маҳри боқимондаро бояд партохт кунад. Ҳаминро қонунгузории Тоҷикистон эътироф намояду дар натиҷа мард водор гардад, ки боқимондаи маблағи маҳрияро баъди талоқ ба зан бидиҳад, ин як роҳи пешгирии  талоқ ва хонавайроншавии ҷавонон мегардад.

Нилуфари КАРИМ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)