Бахшҳо
20 окт 2012 04:20Иҷтимоӣ

Боз сари як тоҷикро дар Русия буриданд

Ин ваҳшоният аз тарафи миллатгароёни рус бори саввум ба амал меояд

Таърихи 1 октябр ҳаногме дар Тоҷикистон таёрии дидор аз Путинро мардуми тоҷик доштанд ва умеди беҳтар шудани аҳволи муҳоҷиринро дар сар доштанд, хабари бе ному нишон шудани як шаҳрванди муҳоҷири тоҷикро аз дӯсти журналистам Талабшоҳ шунидам ва дуо мекардем, ки Худо кунаду таyсиҳат пайдо шавад, аммо…
Рӯзи 11 октаябр хабар расид, ки тани бе сари  Шарипов Аҳтамшо Юсуфовичро дар яке аз ҷангалҳои воқеъ дар шаҳри Пушкинои вилояти Маскав пайдо кардаанд.

Шарипов Аҳтамшо Юсуфович, зодаи ноҳияи Панҷ ҳамагӣ камтар аз 23 сол умр дошту барои хушии рӯзгору серии хонадон яку ним сол пеш ба муҳоҷират рафта. Тавре наздикони ӯ мегӯянд, дар хонадон писари ягона буд ва 5 хоҳараш соҳиби оилаанд ва модари танҳояшро ягона пуштибону нигаҳбону ноновар буд.

Тибқи гуфтаи шоҳидон рӯзи 28 сентябри соли ҷорӣ дар  пайи дарёфти нон ба як мавзеи шаҳраки "Дружба", ки дар наздикии шоҳроҳи Ярославл қарор дорад меравад. Мавриди зикр аст, ки ин мавзеъ яке аз мавзеъҳоест, ки мардуми муҳоҷири тоҷику узбаку қирғизу молдаван ҷамъ гашта интизори корфармоён менишинанд. Ба рости дидани ин манзара бозорҳои ғуломфурӯшии қарнҳои пешро мемонад. Ҳар як мардикори муҳоҷир аз субҳ то шом менишинанд то каддом хоҷае "хозяин"-е омада, бо кадом қиммате, ки мехоҳад онҳоро кор мегирад.

Аҳтамшо низ он рӯз дарр қатори дигар мардикорон мемстад ва мошини сиёҳпӯше, ки рақами давлати надошта омада меистад ва ду нафар ӯро барои кор бо худ мебаранд ва бо ҳамин бе ному нишон мешавад. Ҷуcтуҷӯи наздиконаш натиҷае набахшид ва ахиран ин хабари шуми кушта шудани Аҳтамшо тамоми расонаҳоро пур кард. Тавре сайти "TJinform.com" хабар додааст, ҷасади сар аз тан ҷудои ин ҷавони ноновари хонадонро рӯзи 12 октябр дар назди як бинои техникии назди хонаи рақами 12-и шаҳри Пушкинои вилояти Маскав пайдо кардаанд.

Нисбат ба ин қазия шаҳрванди рус сокини Маскав Суворов Алексей Сергеевич соли таваллудаш 1983 дастгир шудааст ва яке аз гумонбарҳо ҳисобида мешавад. Ҷасади шаҳид Аҳтамшо ҳануз дар сардхонаи ин шаҳр қарор дорад ва деҳаи Отчапар, ҷамоати Озодагон ноҳияи Панҷ интизори тобути гулгункафанро доранд ва танҳо модари танҳояш ҳанӯз ба умеди фарзандаш асту аз ин қазия дараке надорад. Ва касе низ ҷуръати гуфтани онро надорад, ки писаратро русҳои милатгарои тоҷикбадбин куштаанд…

Савумин тоҷики бесар
Муҳоҷирати сартосарӣ ва набудани ҷойи кори муносиб дар Ватан беш аз миллион нафар мардуми тоҷикро сарсони Русия кардааст ва ҳама сола беш аз 1000 мурдаи ҷавони тоҷикро савори тобут меоваранд, ки аксаран бо марги табиӣ нафавтидаанд. Бештари онҳо ё аз дасти тоҷикон ё аз дасти миллатгароёни рус кушта мешаванд.

Тавре солҳои ахир мушоҳида мешавад ваҳшиёна куштани тоҷикро ин касифони палид касб кардаанд. Лату кӯби тоҷики муҳоҷир корест, ки қариб ҳамарӯза рух медиҳад, аммо чунин ваҳшиёна куштану сар аз тан ҷудо кардан таҳқирест бар ҳар миллатеро ки набошад. Декабри соли 2008 нахустин шуда калакҳои рус Салоҳуддин Азизовро дар вилояти Маскав сар аз тан ҷудо карданд. Сару садое рузноманигорону бархе аз рӯшанфикрон дар расонаҳову нашрияҳо баланд кардан, вале дигар мақомот хомӯш буд. Соли гузашта  ҷасади сухтаву сари аз тан ҷудои Бахтиёр Расулови шахритусиро, ки ҳамагӣ 20 сол дошт ба Ватан оварданд.

Ин даҳшатафкании милатгароёни рус нисбат ба тоҷикон чӣ маънӣ дорад ва чаро ин дафъа ҳама об бар даҳон гирифтаанд. Тавре расонаҳо хабар додаанд, Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дарр Русия ин қазияро думболагирӣ доранд. Аммо суоли матраҳ ин аст, чаро парлумони Тоҷикистон ва дигар мақомот ҳанӯз хомӯшанд? Чаро аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки ҳама доди миллату ватанхоҳӣ мезананд нисбат ба чунин бераҳмиҳо ва таҳқирҳо нисбати ҳаммиҳанонашон нафасҳо ба дарун кардаанд? Соли гузашта баъзе изҳоротҳои расмиву ғайри расмиро аз ҷониби мақомот ва аҳзоби сиёсӣ нисбати шаҳодати Бахтиёр Расулов шунидем, аммо имсол шояд як амри оддӣ ё одати нав шумурдаанд, ки то ҳанӯз касе садо баланд накардааст.

Сомонаҳои русӣ низ хомушанд
Агарчӣ аз қатли ваҳшиёнаи ин ҷавони тоҷик чанд рӯз паси сар шудааст, аммо васоити ахбори Русия дар ин бора чизе нагуфтааст ва гуфта бошад ҳам аз як ишорае беш нест. Аммо агар як муҳоҷири тоҷик каме пояшро каҷ ниҳад худи ҳамон рӯз сарахбори ҳама расонаҳои русӣ маҳз ҳамон хабар аст. "Таджик напал на..", "Таджикский мигрант украл дочку", ки ҳеч аҳамияти ҷиддие надоранд. Пас ин амал аз дасти кист ва киҳо дар ин кор даст доранд? Шовинизм имрӯз маразе гаштааст, ки қариб саросари русияро фаро гирифта ва аксар дар чеҳраи мардуми ғайрирус танҳо душмани худро мебинанд. Ҳатто дар байни сиёсатмадорон ва рӯзноманигорону дигар ақшори ин кишвар. Намешавад тамоми миллати русро гунаҳкор кард, вале лашкари беш аз 5 миллионнафараи калсарҳо ҳатман аз ҷониби касе идора мешавад ва борҳо ҳам таҳдиду таҳқирро нисбати тоҷикон аз забони чеҳраҳои машҳури ин кишвар шунидаем, ки мавзӯи дигар аст.

Пас чаро марги тоҷик барои хабарнигорони русу сиёсатмардони дохиливу хориҷи ин қадар бе қадр гаштааст?

Талабшоҳи Cалом, журналисти тоҷик ва яке аз наздикони Аҳтамшоҳи ғӯрамарг гуфт, ки "Ҷасади марҳумро ҳафтаи оянда ба кишвар интиқол хоҳанд дод". Ва боз як хонадони тоҷик иди Қурбонро дар мотами писари қубоншудааш аз дасти қотилони миллатгаро "ид" хоҳад кард. Ҳазорон модарони чашминтизор  дар роҳи ҷигарбандони хеш низ қалбҳояшон пурхуну ҷигарҳояшон пора хоҳад шуд. Инчунин рӯз мотами танҳо як модар не,  балки мотами ҳама мардуми тоҷик аст, ки ҳар кадоме як пораи ҷигаре дар муҳоҷират дорад ва ҳама бори рӯзгорро маҳз онҳо мекашанд. Ин гуна таҳқир низ таҳқири як миллат аст на танҳо аз модару наздикони шаҳид Аҳтамшо.

Мардуми тоҷик танҳо ба гуфтани як ҳарф зӯру тавон дорад: "Худо биёмурзадат Аҳтамшои азиз". Аммо сиёсатмардону масъулини мо онҳое, ки ба як ишорат тамоми шартҳои Русияро пазируфтанд, дар ҷавоб чӣ мегуфта бошанд?

Аъзамшоҳ ҚӮҚАНШОҲ

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)