Бахшҳо
19 окт 2012 06:49Сиёсат

"Команда"-и Раҳмон боз аз кадом роҳ истифода мебарад?

Ба қарибӣ дар Аврупо китобе бо номи "Наҷотбахши миллат" ба нашр расид, ки аз фаъолияти сиёсии Э. Раҳмон президенти Тоҷикистон нақл мекунад. Коршиносон мегӯянд, ки ин давоми маъракаи таблиғотии ҳукмат ва ҳизби ҳоким аз номзадашон ба вазифаи президентӣ аст, ки кайҳо шуруъ шудааст. Мусаллам аст, ки ҳукумат ва ҳизби ҳоким аз тамоми имконот барои таблиғи номзадашон истифода хоҳанд кард. Васфи дастовардҳои "беназир"-и бистсола аз ҷумлаи васфномаҳо хоҳад буд. Дар ҳамин росто боз чӣ корномаҳое дар фаъолияти "пурсамар" зам мешавад, мавзӯи баҳси мост, ки дар зер мутолиа мекунед.

Тоҷикистон ба ҳар сурат ҳукми қатлро бекор мекунад
10-уми октябри соли 2012 барои нӯҳумин маротиба рӯзи мухолифат бо мавҷудияти ҳукми қатл дар ҷаҳон таҷлил карда шуд. Эътилофи байналмилаллии зидди ҳукми қатл, ки созмонҳои ҷамъиятии кишварҳои ҷаҳон узвияти онро доранд, нахустин бор соли 2003 10-уми октябрро ҳамчун Рӯзи байналмилаллии мухолифат бо ҳукми қатл эълон карда буд.

Маврид ба зикр аст, ки масъулини Тоҷикистон соли 2004 баъди баҳсҳои тӯлонӣ барои иҷрои ҳукми қатл моратория эълон карданд. Инак 8 сол мешавад, ки дар қаламрави кишвар ҳеч маҳбусеро эъдом намекунанд. Аммо мавҷудияти ин намуди ҷазо дар қонунгузорӣ бойиси нигарониҳои ҳуқуқшиносон гардида, ба бовари онҳо боқӣ мондани ҳукми қатл дар қонун латмае ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон ворид месозад. Абдуқаюм Юсуфов, ҳуқуқшиноси тоҷик фаъолияти гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳукми қатлро интиқод намуда мегӯяд, ки зоҳиран аъзои ин гурӯҳ ба фаъолият машғул нестанд. Зеро гурӯҳи корие, ки хоҳиши иҷрои кореро дорад, воситаи анҷоми онро меҷӯяд. Аммо гурӯҳи кории ҳукуматии Тоҷикистон дар ин маврид то ба ҳол хулосаи худро пешниҳод накардаанд. Дар ҳамин маврид, Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари ташкилоти "Перспектива+" мегӯяд, ки аъзои гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон оид ба ҳукми қатл ҷонибдори бекор кардани ҳукми қатл мебошанд. Зеро дар навору пурсишҳои онҳо аксарияти мардум ҷонибдории бекор кардани ҳукми қатл назарҳои худро гуфтаанд. Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки зарурияти нигоҳ доштани ин намуди ҷазоро дар қонунгузории Тоҷикистон намебинад.

"Зеро САҲА аз тамоми кишварҳои узваш даъват ба амал овардааст, ки то соли 2015 аз ҳукми қатл даст бикашанд. Аз ҷониби дигар тибқи мушоҳидаи хулосаи гурӯҳи кории ҳукумати Тоҷикистон дар робита ба бекор кардани ҳукми қатл омода аст ва эҳтимолан он соли 2013 пешниҳоди ҳукумат гардад", иброз дошт раҳбари ташкилоти "Перспектива+".  

Ҳукми қатл ва интихоботи президентӣ
Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2013 дар Тоҷикистон баргузории маъракаи муҳими сиёсӣ дар назар аст. Қарор аст моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ сурат бигирад. Бо таваҷҷӯҳ ба ин коршиносон мегӯянд, ки ҳукумат акнун на танҳо аз 7 соли ҳукмронӣ, балки аз фаъолияти худ давоми 20 сол ифтихор хоҳад кард. Ба бовари коршиносон ҳукумати Тоҷикистон дар барномаҳои таблиғотии худ аз тамоми амалҳояш тавсиф мекунад, ки эҳтимол меравад бекор кардани ҳукми қатл яке аз бандҳои он бошад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар як нерӯи сиёсӣ барои нигоҳ доштани қудрат аз тамоми имкониятҳо истифода мекунад. Аз ин хотир шояд дастгоҳи таблиғотии Эмомалӣ Раҳмон бекор кардани ҳукми қатлро ба намоиш гузорад. Дар ҳамин маврид Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, ки албатта бекор кардани ҳукми қатл обрӯву нуфузи Тоҷикистонро дар миёни созмонҳои байналмилалӣ бештар мекунад. Аммо бо ин амал ҳукумат нуфузи худро миёни мардум ба даст оварда наметавонад. Зеро созмонҳои байналмилаллии ҷаҳон аз кишварҳои узв даъват кардаанд, то ҳарчи зудтар аз ҷазои ҳукми қатл даст кашанд. Аз ҷониби дигар вазъияти иҷтимоӣ дар дохил хеле вазнин буда, қисми зиёди мардуми тоҷик имрӯз ба ғайр аз таъмини зиндагонии худ дар сар дигар андешае надоранд, илова намуд Ойниҳол Бобоназарова.

Ҳукумат бо фаъолияти 20 солааш ифтихор хоҳад кард
Дар тақвияти ин суханҳо коршинос Диловари Музаффар мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳеч гоҳ ҷиҳатҳои манфии фаъолияти худро, аз қабили мавҷудияти муҳоҷирони меҳнатӣ ва ё заъфи иқтисоди давлатӣ эътироф нахоҳад кард. Ба бовари номбурда эҳтимол меравад, ҳукумати Тоҷикистон аз барномаҳое чун тарҳи тиҷоратии нашри китоби "Наҷотбахши миллат" истифода бикунад. Диловари Музаффар муътақид аст, ки дар соли оянда теъдоди чунин китобҳо бо мазмуни шоҳи одил ба маротиб меафзояд.

"Қартаи аслии ҳукумат барои таблиғот метавонад бунёди роҳҳо, пулҳо ва ё нақбҳо дар дохили кишвар бошад. Ҳукумат метавонад аз пайваст кардани минтақаҳои Тоҷикистон ифтихор бикунад. Ҳарчанд ин кори дуруст нест. Илова бар ин қарор аст дар соли 2013 Тоҷикистон раҳбарии конфронси TRACECА-ро бар ӯҳда бигирад, ки ин имкони беҳтарин барои ифтихор аз фаъолияти худ барои ҳукумати Тоҷикистон хоҳад буд", иброз дошт Диловари Музаффар.  

Дар ҳамин маврид Раҳматилло Зойиров, раҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон 2 гурӯҳи чорабиниҳои махсус барои соли 2013-ро таҳия намудаст:

ГУРӯҲИ АВВАЛ:

1.    Воридшавии ҶТ ба СҶТ
2.    Воридшавии ҶТ ба Итиҳоди гумрукӣ
3.    Масоили сӯзишворӣ ва муҳочирони меҳнатӣ дар Русия
4.    20 солагии Шартномаҳои байни Тоҷикистон ва Русия (10 шартнома)
5.    20 солагии авфҳо ва бозгашти муҳоҷирон аз Афғонистон дар соли 1993
6.     Дар шакли ҷадид бунёди нерӯгоҳи "Роғун"
7.    Масоили мубориза бо тероризм ва экстремизм
8.    Ташаббусҳои навбатии Эмомалӣ Раҳмон

ГУРӯҲИ ДУВВУМ:

1.    Соли 2013 соли СММ дар Тоҷикистон, хусусан 20 солагии кушодашавии намояндагони доимии ин созмон дар Тоҷикистон
2.    Ҷашни бонуфузи 20 солагии Оинномаи ИДМ
3.    65 солагии Донишгоҳи миллӣ
4.    80 солагии Китобхонаи давлатии ба номи Фирдавсӣ
5.    20 солагии конгресси аввали байналмилалии соҳибкорон
Аммо то куҷо ҳукумат метавонад бо муваффақият аз ин барномаҳои таблиғотӣ истифода бикунад, вобаста ба номзадҳои алтернативӣ дар интихоботи президентӣ аст. Илова бар ин агар 3 пешниҳоди кумитаи тадорукот оид ба ворид кардани тағирот ба қонуни интихоботи президентӣ ба инобат гирифта нашавад, пас натиҷаи интихоботи соли 2013 80 дар сад ҳалшуда ва маълум аст, мегӯяд, Р. Зоиров.

Ҳукумат эътимоди мардумро аз даст додааст
Коршиносон бо таваҷҷӯҳ ба таҷрибаи қаблии ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди истифодаи тамоми дастовардҳо ин навбат гурӯҳи ҳукуматӣ эътимоди мардумро ба даст оварда наметавонад. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда дар соли 2013 филмҳои бисёрсериягӣ аз фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон ва шахсияти президент Эмомалӣ Раҳмон бештар рӯйи навор хоҳад омад, мегӯяд Диловари Музаффар.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар соли 2013 таблиғот барои ҳукумат шояд як каме мушкилтар бошад. Зеро дар ин авохир шикоят ва нигаронии мардум аз мақомоти додгоҳиву додситонӣ хеле зиёд шудааст. Бо таваҷҷӯҳ ба мавҷудияти шиканҷа ва қатли шаҳрвандон аз ҷониби масъулини мақомоти ҳуқуқӣ дар зиндонҳо коршиносон мегӯянд, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дорад. Чунки мардум дигар ба фаъолияти мақомоти додгоҳӣ эътимод накарда, оддитарин масоили худро тариқи нома навиштан ба раисҷумҳур ҳал намудан мехоҳанд. Гузашта аз ин теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯз то рӯз афзоиш ёфта, шароити фаъолият ва будубошӣ онҳо дар Русия ҳам ваҳимтар арзёбӣ мешавад. Раванди рӯ овардани шаҳрвандон, ба хусус ҷавононро ба кишварҳои хориҷ коршиносон омили дигари дилсардии мардум аз ҳукумати Тоҷкистон арзёбӣ мекунанд. Ба бовари онҳо ислоҳотҳое, ки дар солҳои охир ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар кардани вазъи маориф, тандурустӣ ва иқтисодӣ руйи даст гирифта шуд ҳамагӣ номуваффақ анҷом ёфтааст.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар бештар маворид ҳукумат аз ҳисоби соҳибкорон барои худ холҳои зиёдатӣ ба даст овард. Ба сифати далел коршиносон аз бунёди иншооти гуногун дар ҳудуди Тоҷикистон мисол оварда мегӯянд, ки дар натиҷа тамоми заҳмати соҳибкорон ба ҳукумат нисбат дода мешавад. Тавре, ки Амрико бо сарфи бештар аз 65 милион доллар дар дарёи Панҷ пул бунёд намуда, аммо тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ ҳукумат ин дастовардро моли худ арзёбӣ намуд. Ҳамчунин иншооте, ки дар шаҳрҳо ба хусус дар пойтахт аз тарафи соҳибкорон бунёд мегардад, расонаҳои давлатӣ чун дастоварди ҳукумат нишон медиҳанд.

Ҳумайрои БАХТИЁР
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)