Бахшҳо
11 окт 2012 11:58Гузориш

Вазъи муҳити зисти Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ шуд

Бояд намояндагони Ӯзбакистон ва Туркманистон низ дар ин ҳамойиш иштирок мекарданд. Ташкилкунандагон ҳузур надоштани экологи туркманро дар мушкили раводид эълом доштанд, аммо ягон далеле барои ширкат накардани намояндагони Ӯзбакистон пеш наоварданд.

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Asia Grand» коршиносони муҳитзистии Осиёи Миёна баҳри музокираи дурнамои «Системаи муштараки иттилоот» оид ба муҳити зист ҷамъ омадаанд.

Ҳамойиши  мазкур дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маърифат оид ба масъалаҳои мушкили экологӣ баҳри густариши ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» (AWARE) баргузор гардид.

Инчунин мутахасисони лоиҳаи  «AWARE»  оид ба ҳадаф ва мақсадҳои асосии дар назди онҳо дар Осиёи Миёна истода, нақшаи чорабиниҳои амалишаванда дар Тоҷикистон дар маърӯзаҳои худ махсус қайд намуданд. Иштирокчиён бо дастовардҳои лоиҳаи дар мавриди татбиқи Системаи муштараки иттилоот оид ба муҳити зист дар тамоми давлатҳои Аврупо ва имкоонияти татбиқи он дар Тоҷикистон шинос шуда, онро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ойхун Тоҳирова, муовини раиси идораи муҳити зисти Тоҷикистон оид ба муҳим будани давраи омӯзишӣ афзуд, ки «Тоҷикистон ба конвенсияи «ОРХУС» шомил буд ва инчунин қонун «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», қонун «Дар бораи мониторинги экологӣ» аз ҷониби кишвари мо қабул гардидаанд: «Дар асоси ҳамин қонунҳо ин семинар ташкил карда шудааст. Аз ин пешниҳод намудани маълумот ба шаҳрвандон ва мақомотҳои давлатӣ вобастагии калон дорад. Дар ин давраи омӯзишӣ, ки аз вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ омадаанд, дар инҷо барои беҳтар намудани муҳити зисти Тоҷикистон масъалаҳо дида баромада мешавад».

Дар семинари мазкур намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мубодилаи таҷриба оид ба ҷамъоварӣ ва паҳн намудани иттилооти экологӣ карданд. Дар ин ҳамоиш бояд намояндагони Ӯзбакистон ва Туркманистон низ иштирок мекарданд. Аммо ҳузур надоштани худро намояндагони Туркманистон дар мушкили раводид донист. Аммо ташкилкунандагони семинар ягон далеле барои ширкат накардани намояндагони Узбакистон пеш наоварданд.

Маврид ба зикр аст, ки   лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази Осиёи Маркази амалӣ карда шуда, аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва аз ҷониби намояндагони Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баргузор гарид.   

Нилуфари КАРИМ


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)