Бархе аз ташкилотҳои хориҷие, ки бо лоиҳаҳои кӯмакрасон ба минтақа меоянд, барои корҳои сохтмонӣ аз ширкату созмонҳои таҳҷоӣ истифода намебаранд. Инчунин, барои назорат аз болои сифати кор ва қабули он низ мутахассисони маҳаллӣ роҳ намеёбанд…
Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон барои таъмиру азнавбарқароркунии қубурҳои обгузар дар ҷамоати деҳоти Пахтакори ноҳияи Восеъ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо намуд.
Ба иттилои хабарнигори маҳаллии Озодагон, ҳанӯз нимаи нимаи аввали соли ҷорӣ ҳукумати вилоят бо сокинони ҷамоати мазкур вохӯрӣ гузаронида, ваъда дода буд, ки то охири сол мушкилашонро бартараф хоҳад кард. Баъди чанд муддат, аз ҳисоби буҷаи вилоят барои барқароркунии қубурҳои обгузар барои ин мавзеъ, ки ҳанӯз солҳои 90-уми асри гузашта вайрону валангор гашта буданд, 250 ҳазор сомонӣ ҷудо шуд. Бо ибтикори ҳукумати маҳаллӣ ва сохтмончиёни ташкилоти маҳаллии «Деҳотоб», сохтмони хати обгузар аз нав ба роҳ монда шуда, дар кӯтоҳтарин муддат сохта ба истифода дода шуд.
Гуфтанист, наздик ба 700 метр қубури обгузар аз миёнаи кӯҳҳо, аз мавзеи Муллониёз то ба рустои Пушёни болову Пушёни мобайн ва Пушёни поён кашонда оварда шуда, ҳамакнун рустои мазкур ба пуррагӣ бо оби ошомиданӣ таъмин гаштаанд. Нуруллоҳ Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, барои таъмини пурраи сокинони ҷамоат бо оби ошомиданӣ ягона мушкил ин норасоии маблағ мебошад: «Агар маблағ дастрас шавад, бо кашондани 700 метр қубури диаметри 300 мм аз нуқтаи Муллониёз, метавон ҳамаи рустои ҷамоатро шодоб кард. Зеро, миёни рустоҳо ҳанӯз қубурҳои обтаъминкунӣ, ки солҳои 80-уми асри гузашта кашонда шуда буданд, мавҷуданд. Танҳо зарур аст, ки хати асосӣ, ё худ магистралро аз нав барқарор кард ва ба хати рустоҳо пайваст намуд».
Дар ин маврид, ҳукумати ноҳия лоиҳа ва хароҷоти маблағро ҳисоб карда, ба ҳукумати вилоят пешниҳод намуд, ки он каме бештар аз 2 милён сомониро ташкил медиҳад. Раиси вилоят баъди омӯхтан онро тасдиқ карда, барои марҳила ба марҳила маблағгузорӣ намудан аз ҳисоби буҷаи вилоят, ҳамин лоиҳаро ба нақша гузоштааст. Сар аз соли нав, корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот оғоз хоҳанд ёфт.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳанӯз дар давраи шӯравӣ дар масофаи даҳҳо километр хати оби нӯшокӣ барои сокинони рустоҳои Пушёни боло, Пушёни миёна, Пушёни поён, Нонҷемас, Хоҷа Эшон ва Каримбердии ҳамин ҷамоат бо истифода аз қубурҳои оҳанини диаметри 300 мм бунёд ёфта буд. Аммо солҳои навадуми асри 20, дар натиҷаи омадани сел ва фаромадани ярч дар кӯҳистон, қисмати асосии хати обгузар хароб гашта буд ва ҳукумати маҳаллӣ бо иллати камбуди маблағ барои барқароркунии он оҷиз буд.
Нурулло Мирзоев, муовини раиси ноҳияи Восеъ мегӯяд, дар мавриди корҳои сохтмонӣ ташкилоти маҳаллӣ ҷалб шуда, сифати кор низ аз ҷониби масъулини ҳукумати ноҳия таҳти назорати қатъӣ қарор дошт. Ин дар ҳолест, ки дар иншооти аз ҷониби ташкилотҳои байналмиллалӣ маблағгузорӣ мешуда, дар аксари маврид корҳои сохтмонӣ аз назорат дур мемонанд ва сифати корҳои сохтмонӣ на ҳама вақт ҷавобгӯйи талаботи нормаҳои сохтмонӣ (СНиП) ба анҷом мерасанд.
Ба андешаи коршиносон, дар бархе аз маворид ташкилотҳои хориҷие, ки бо лоиҳаҳои кумакрасонӣ ба минтақа меоянд, барои корҳои сохтмонӣ аз ташкилоту корхонаҳои сохтмонии таҳҷоӣ истифода намебаранд. Гузашта аз ин, барои назорат аз болои сифати кор ва қабули он низ мутахассисони маҳаллӣ роҳ намеёбанд. Аз ин лиҳоз, аксари ин иншоот бо ҷурми бесифатии кор ва маҳсулоти сохтмонӣ, хеле зуд корношоям мегарданд. Таври мисол, аввали солҳои 2000-ум дар рустои Қурбоншаҳид ва Гулистони ноҳия, ки оби ошомиданӣ надоштанд, бо маблағгузории ташкилоти байналхалқии ОКСФАМ қубурҳои обгузар ва даҳҳо нуқтаҳои обкашии дастӣ (водакочалка) сохта, ба истифода дода шуда буд. Аммо бо гузашти ҳамагӣ чанд моҳ, қубурҳо кафидаву обкашакҳо корношоям гаштанду аҳолӣ боз ҳам беоб монд. Вале дар ҳисоботи ин ташкилотҳо қайд мешавад, ки сокинони зиёди рустоҳо бо об таъмин гардидаанд.
Ба андешаи коршиносон, агарчӣ кӯмаки ташкилоту корхонаҳои мададрасони хориҷӣ барои аҳолии Тоҷикистон зарур бошад ҳам, аммо дар натиҷаи беназоратӣ аз болои сохтмон ва маҳсулоти истифодашуда, гузашта аз ин истифодаи ташкилотҳои сохтмонии ба истилоҳ дар тендерҳо «ғолиб» меомада ва ҷалб нашудани мутахассисони маҳаллӣ ба комиссияи қабул ва сифати корҳо ба он меоварад, ки иншооти сохташуда ба зудӣ харобу корношоям мегардад. Ба ибораи дигар, ҳазорон доллар маблағҳои ин ташкилотҳои мададрасон масраф гаштаву барои мардум беҳбудӣ намеорад.
Аслиддин ДОСТИЕВ
Мӯҳр