Бахшҳо
08 окт 2012 09:40Гузориш

«Тӯҳфа»-и роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ ба омӯзгорон: Хобгоҳро холӣ кунед!

«Роҳбарияти донишгоҳ 20 моддаи Сарқонун (Конститутсия)-и Тоҷикистонро нақз карда истодаанд, аз ҷумла ҳуқуқу озодии шахсан худи маро поймол мекунад».

Омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ), ки дар хобгоҳи рақами 3-и донишгоҳ ба сар мебаранд, мегӯянд, роҳбарияти ин муассисаи олӣ ба онҳо то рӯзи душанбе (08.10.12) мӯҳлат додааст, то ҷойи зисташонро тарк намоянд.

Муаллимони донишгоҳ мегӯянд, ҳар моҳ дар мӯҳлати муайяншуда иҷорапулиро пардохт мекунанд. Барои истиқомат ордер ҳам доранд. Онҳое, ки мӯҳлати зисташон соли 2011 ба поён расид, онро то соли 2014 тамдид карданд. Аммо ахиран бо амри роҳбарияти донишгоҳ тамоми ордерҳоро аз дасти муаллимон гирифтаанд. Ба қавли омӯзгорон ба онҳо мӯҳлат дода шудааст, ки ҳуҷраҳоро холӣ намоянд.

Абдусамад Раҳимов, муаллими калони кафедраи тибби судӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Роҳбарияти донишгоҳ 20 моддаи Сарқонун (Конститутсия)-и Тоҷикистонро нақз карда истодаанд, аз ҷумла ҳуқуқу озодии шахсан худи маро поймол мекунад. Ман 20 сол собиқаи корӣ дорам ва барои меҳнатам дилам месӯзад. Баъди ҷанги шаҳрвандӣ ду сол бе маош дар донишгоҳ кор кардам, вақте донишгоҳ оташ гирифт шабу рӯз хоб набудем, аммо имрӯз қарор бароварданд, ки шумо бояд ин ҷоро холӣ кунед».
Ӯ мегӯяд, барои фаҳмидани чунин тасмим чор маротиба назди ректор рафт, вале сарвари донишгоҳ қабулаш накард.

Яке аз дигар омӯзгороне, ки аз зикри номаш худддорӣ кард, барои тарки ҳуҷраи зисташ амр гирифтааст. «Ман барои он ки манзили зист пайдо кунам, 5-6 рӯз мешавад, ба кор нарафтаам. Шаш фарзанд дорам, ҳамагӣ 680 сомонӣ маош мегирам. Бо ин пул чӣ гуна иҷора мешинам бо шаш фарзанд? 8 сол мешавад, дар донишгоҳ фаъолият дорам. Аз рӯи беманзилӣ соли дуюм аст, ки номзадиямро ҳимоя карда наметавонам. Ба мудирони кафедраҳо супориш додаанд, ки ба муаллимон 3 рӯзи муҳлат диҳед, то иҷора ёбанду хобгоҳро зудтар холӣ кунанд».

Подполковник Хайрулло Норов, муаллими калони кафедраи тибби ҳарбии ДДТТ, ки 16 сол собиқаи корӣ дорад, зимни сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт: «Шахсан барои ман бисёр аламовар аст, наход ман ҷанговари интернатсионалист шуда, дар ватани худам зиндагӣ карда натавонам. Аз донишгоҳ омада ба мо гуфтанд, ки мӯҳлати зиндагӣ кардани шумо дар ин хона тамом шудааст, баромада равед. Намедонем, ки барои чӣ ин корро мекунанд. Бар зами ин роҳбарияти донишгоҳ қарор баровардааст, ки дар сурати то рӯзи душанбе холӣ накардани хонаҳо ҳам аз хобгоҳ ва ҳам аз донишгоҳ пеш карда мешавед. Ман ҳамсару фарзандонамро гирифта ба деҳаи Мурутаки ноҳияи Ҳисор бурдам, танҳо худам ва писари калониям, ки донишгоҳ мехонад дар ҳаминҷо мондем. Алакай 3 рӯз мешавад, ки мо дар роҳем, ҳайрон мондаем бо ин маоше, ки мегирем чӣ гуна иҷора меёбем? Ба куҷое, ки рафтем аз 200 доллар кам иҷора пайдо накардем. Ман 500 сомонӣ ҳам маош намегирам, бо кадом пул иҷора мешинам? Сардори кафедра ба ман гуфт, ба ту 3 рӯз мӯҳлат рафта квартира ёб».
Хайрулло Норов мегӯяд, чунин муносибати роҳбарияти донишгоҳ онҳоро аз зиндагӣ тамоман дилсард кардааст: «Агар ҳеҷ илоҷ наёбам, худамро меовезам. Дар ҳамин хобгоҳ меовезам».

Муаллимони донишгоҳ, ки дар хобгоҳ бо оилаҳояшон зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, алакай баъзе омӯзгорон аз тарси он ки аз кор маҳрум нашаванд, куч бастаанд. Ба гуфтаи онҳо муйсафеди 72 сола- Олим Ҷӯраев, ки дар донишгоҳ дарс мегуфт, аз хобгоҳ пеш карда шуд. Манзили ӯро ба як афғон доданд.

Дар ҳоли ҳозир роҳбарияти донишгоҳ ба ин масъала вокунише нишон надодааст. Дар ҳамин ҳол, Маркази мустақили ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон изҳор дошт, омодааст, дар сурати зарурӣ аз ҳуқуқи омӯзгорон ҳимоя кунад.
Муаллимон гуфтанд, рӯзи шанбе барои додхоҳӣ назди вазири маориф хоҳанд рафт.  

Ибодуллоҳи ТОИР  

P.S. Маврид ба ёдоварист, ки аз оғози соли равони таҳсил ин дуюмин моҷаро атрофи хобгоҳҳо дар муассисаҳои олии таълимӣ дар Душанбе аст.  25-уми сентябр ҳудуди 15 нафар донишҷӯдухтарони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки дар хобгоҳи №6-и донишгоҳ зиндагӣ мекарданд, бо нишони эътироз назди бинои асосии донишгоҳ гирди ҳам омаданд. Сабаби эътирози онҳо ин буд, ки ахиран масъулини хобгоҳ ба бахши бинои хобгоҳ, ки одатан духтарон зиндагӣ мекунанд, писарони донишҷӯро ҷой додаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)